new banner new years
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2916

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар диққати худро ба корҳои муҳимтар равона созед, рӯзи бобарор мешавад. Айни замон беҳуда ташвишу изтиробро ба дил роҳ надиҳед. Аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед. Пули худро беҳуда сарф карданатон имкон дорад. Баъзе чизҳоеро, ки дар ин рӯз харидорӣ мекунед, нодаркор мешаванд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Бо вуҷуди душвориҳо ба комёбиҳои зиёд ноил шуданатон мумкин аст. Эҳтимол, шуморо лозим аст, ки кори анҷомдодаро давом диҳед. Нисбати наздикони худ танқиду эродро равон набинед ва маслиҳат ҳам надиҳед. Дар ин рӯз нафареро ранҷониданатон имконпазир аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Барои ба ҳадаф расидан шумо ба қурбониҳои зиёде омода ҳастед. Вале барои ба мақсад расидан каме зиракӣ ва таҷриба лозим асту халос. Дар оила тағийротҳои гуворо ва дар муносибатҳои хешутаборӣ беҳбудӣ дида мешавад. Хафагиву ранҷиш ба зудӣ фаромӯш мегардад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз тағийротҳои фаврӣ мехоҳед, вале аз натиҷааш на ҳамеша қаноатманд мегардед. Шуморо дар ин рӯз фиреб кардан хеле осон аст. Ҳангоми сари қарори муҳиме омадан танҳо ба одамони дилпур бовар кунед. Корҳои душвортари худро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи бобарор аст, дар корҳои зиёд бурдборӣ дида мешавад. Эҳтимол, нақшаҳо вайрон мешаванд, вале ба рафти корҳоятон таъсир намерасонанд. Шарикони нави корӣ пайдо намуда, комёб гашта метавонед. Ба касе имкон намедиҳед, ки аз меҳрубониятон истифода барад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз хеле бодиққат бошед. Тамоми қоидаҳоро риоя намоед. Хусусан, ин барои нафароне муҳим аст, ки гуфтушунидҳои корӣ доранд. Дар рафъ намудани мушкилот наздикон дастгирӣ мекунанд. Нақшаҳоятон барои оянда тағйир меёбанд. Бо нафарони воломақом баҳс карда метавонед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар касбу кор тағийротҳои ҷиддӣ имконпазир аст. Дар ин рӯз имкони чизеро ба даст овардану чизеро аз даст доданро доред, ҳамааш аз қарордоди шумо вобастагӣ дорад. Нафароне, ки бо ҳисобу китоби пул машғуланд, бодиққат буданашон лозим аст, эҳтимоли ғалат карданатон зиёд аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз хеле зиёд заҳмат кашида, хастагиро эҳсос намекунед. Агар лозим бошад, шумо аз ӯҳдаи ҳама кор баромада метавонед. Дар масъалаҳои пулӣ бодиққат бошеду агар лозим ояд, хирагиву аблаҳӣ низ нишон диҳед. Дӯстдоштаатон шуморо шод месозад. Шумо низ ӯро хурсанд кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз корҳоятон хеле зиёд мешаванд, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин корҳоро дар танҳоӣ бояд анҷом диҳед. Ҳолатҳое мешавад, ки ба кӯмаку дастгирӣ ниёз пайдо мекунед. Як қисми ӯҳдадориҳои худро байни нафароне тақсим намоед, ки шуморо дастгирӣ карда тавонанд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз шуморо воқеаву рӯйдодҳои аҷибе интизор аст, ки ҳар кадоме ғайриодӣ ҳастанд. Ҳар дафъа бо қалби ларзон оқибати корро интизор мешавед. Дар ҳама кор барор ҳамсафаратон мегардаду корҳоятон пеш мераванд. Айни замон ягон мушкиле нест, ки шумо бо ақлу заковат рафъ сохта натавонед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз қабл аз он ки ба ҳуҷҷате имзои худро мегузоред, онро нағзакак аз назар гузаронед. Ҳоло вақти шитоб нест. Рафтори беандеша сабаби аз даст додани маблағ ва ин амали шумо оқибати нохуш ба бор оварда метавонад. Барои ҳар кору кирдори худ масъулият доштанатон лозим аст.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Тамоми фикру хаёли шумо барои ба ҳадаф расидан равона мегардад. Роҳҳои нави даромади пулиро пайдо карданатон лозим аст. Дар ин рӯз ба ишқбозиву муносибатҳои ошиқона таваҷҷуҳ накунед, вагарна корҳоятон нотамом мемонанд. Дар масъалаҳои пулӣ шитоб накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД