formula
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2023
3636

Ҳамал

 

Дар ин рӯз тамоми ташвиши оилаву хонаро ба дӯши худ гирифтанатон лозим аст. Аз субҳи барвақт кори асосии худро ба анҷом расонед, то ки дилпурона аз пайи ташвишҳои дигар шавед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед.  Қариби бегоҳ сарчашмаи нави даромадро пайдо мекунед.

 

 

 

 

 

Савр

 

Мушкилоти худро танҳо ба аъзоёни калонсоли оилаатон бовар карда, бо рафъ намудани масъалаҳои молиявӣ машғул шавед. Барои харидорӣ намудани туҳфа ба наздикон ва мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Дар ин рӯз ба зудбоварӣ роҳ надода, аз муноқиша бо наздикон худдорӣ намоед. 

 

 

 

Ҷавзо

 

Дар ин рӯз бори масъулиятнокиятон зиёд мегардад. Ҷавзоҳои муҷаррад аз дӯстдоштаи худ пешниҳоди хонадоршавиро интизор бошед. Аз бемориву ҷароҳат эмин мемонед. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим аз ҳад зиёд соддадил нашуда, ба шитоб роҳ надиҳед. Аз ишқбозии кутоҳмуддат пушаймон мешавед.

 

 

 

Саратон

 

Ба коре, ки имрӯз даст мезанед, нағзакак омодагӣ бинед. Қаблан нақша тартиб дода, аз рӯйи он амал кунед. Дар муносибатҳои ошиқона нозу нузи дӯстдоштаатонро тоқат карданатон лозим меояд. Аз дӯстони дерин ё хешовандон кӯмаки ногаҳонӣ гирифтанатон имкон дорад.

 

 

 

 

 

Асад

 

Дар ин рӯз нерӯятон кам гардида, ҳунару маҳорати худро пурра нишон дода наметавонед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, бо меҳнати зиёд ба даст меояд. Эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Мушкилоти нотамом ё ногаҳонӣ боиси ташвиши зиёдатон мегардад.

 

 

 

 

 

Сунбула

 

Дар ин рӯз мушкилиҳои сарзадаро бе ташвиши зиёд рафъ карда метавонед. Парешонхотирӣ ҳангоми имзогузорӣ дар ҳуҷҷатҳо ба вазъи молиятон таъсири манфӣ мерасонад. Эҳтимоли ҷудо шудан аз шахси дӯстдоштаатон вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.

 

 

 

 

 

Мизон

 

Дар корҳоятон пешравӣ дида мешавад. Агар дар рухсатии меҳнатӣ бошед ҳам, корҳои муҳими худро бе назорат нагузоред. Мизонҳое, ки ба наздикӣ ошиқ шудаанд, ба доми макру фиреб мепечанд. Боэҳтиёт бошед, ба ғалат роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ гирифтори руҳафтодагӣ шуданатон имкон дорад.

 

 

 

 

 

Ақраб

 

Ҳодисае, ки дар ҷойи коратон рух медиҳад, бе назорат намонед. Зимни баҳсу мунозираҳо агар нафаре шуморо ҷонибдорӣ намояд, ин маънои онро надорад, ки шумо комилан ҳақ ҳастед. Агар корҳои фаврӣ дошта бошед ё худро бад ҳис кунед, ба муддати дароз аз шаҳр баромаданро тавсия намедиҳем.

 

 

 

 

 

Қавс

 

Дар ин рӯз ба нафаре, ки дар рафъ намудани мушкилиятон ба шумо ваъда медиҳад, умед набандед. Шумо мустақилона камбудиҳоро рафъ месозед. Дар ин рӯз аз нӯшидани машрубот ё ишқбозӣ худдорӣ намоед. Дар муносибатҳои ошиқона ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна танҳо мемонед.

 

 

 

 

 

Ҷаддӣ

 

Дар ин рӯз агар барои истироҳат ба гӯшаи табиат равед, тамоми мушкилиҳои худро фаромӯш карда, табъатон болида мегардад. Муносибати ошиқонае, ки ба наздикӣ оғоз шуда буд, ба зудӣ анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуед.

 

 

 

Далв

 

Дар ин рӯз қабл аз он ки ба ягон ҳуҷҷат имзо мегузоред, бо муҳтавояш нағзакак шинос шавед. Бегоҳи имрӯз на танҳо идона, балки тақдирсоз мегардад. Далвҳои муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Дар роҳ боэҳтиёт бошед, хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.

 

 

 

 

 

Ҳут

 

Дар ин рӯз аз кори якрангу дилбазан рӯ гардонида, бо шуғли дӯстдошта машғул шавед. Дар давоми рӯз нуқтаи назари худро нисбати як нафар чанд маротиба тағйир медиҳед. Ба овозаҳои атрофиён диққат надода бо хости худ амал кунед. Қарзҳои куҳнаатонро баргардонидан лозим меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Файзулло 2023-07-14, 05:08
Ев
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Файзулло 2023-07-14, 05:08
Ев
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД