Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2618

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз вазъияти душвор бо осонӣ баромада метавонед. Аҷибаш он аст, ки ба кӯмаки дӯстон ниёз пайдо намекунед. Ба гувоҳии дил гӯш андохта, бо дӯстдоштаи худ ҳамон тавр амал намоед. Корҳои молиявии худро ба шахсони тасодуфӣ бовар накунед ва худ аз пайи иҷрои онҳо шавед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ҷодаи муҳаббат ошуфтагиву изтироб дида мешавад. Дар масъалаҳои молиявӣ корҳоятон хуб мешаванд. Саломатии худро эҳтиёт кунед, бегоҳирӯзӣ бемориҳои музмин дубора аз худ дарак медиҳанд. Самимияту хоксорӣ обрӯву нуфузатонро аз пештара зиёд мегардонад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Нафарони беҳтаринро ба ҳаёти худ ҷалб месозед. Дил ёфтану аз касе хоҳишу илтиҷо карданатон лозим нест. Як табассуми малеҳ ва чеҳраи зебои шумо тамоми монеаҳоро рафъ месозад. Дӯсти деринаатон бегоҳирӯзӣ шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунад. Аз нӯшидани машрубот худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи серташвиш аст. Маблағи пулӣ ба даст оварда наметавонед. Хабари ногаҳонӣ боиси душвор гаштани муносибатҳоятон бо атрофиён мегардад. Ба сафари роҳи дур баромадан ва дар наздикии оташ нишастанро тавсия намедиҳем. Хобҳои дар ин шаб дидаатон амалӣ мешаванд.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба нафаре, ки боварӣ надоред, умед набандед. Фиребу тамаъи ин нафар таъсири худро мерасонад. Одати аз дӯстдоштаи худ олиҳа тарошиданатон боиси он мегардад, ки аз нозу инҷиқиҳои ӯ азият мекашед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бештар оббозӣ кардан фоидаовар аст.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ба ғайбату бадгӯиҳои атрофиён диққат надиҳед. Дар ин рӯз хеле нозук мешавед, аз ин рӯ сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо сабаби ҷанҷоли оилавӣ муноқиша рух медиҳад. Агар баъзе лаҳзаҳоро пешбинӣ кунед, аз об хушк мебароед. Дар ин рӯз бо фолбиниву сеҳру ҷоду машғул нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ дар назар аст. Шитобкорӣ ва парешонхотирӣ натиҷаҳои манфӣ меорад. Баъди нисфирӯзӣ дар муносибат бо ҳамкорон ва ҳамсояҳо нофаҳмӣ сар мезанад. Агар нафаре ба дӯстии содиқона майл надошта бошад, кӯшиши дӯстӣ накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз масъулияти зиёде ба дӯшатон бор мегардад. Вазифаи нав мегиред ё мушкилоти оилавӣ пеш меояд. Муҳим он аст, ки ба қобилиятҳои худ нигоҳ карда амал кунед. Вагарна чизи муҳимро аз мадди назар дур месозед. Агар ба фикру ақидаи бегонагон диққат надиҳед, обрӯи худро мустаҳкам месозед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба ҷашну маъракаҳо даъватӣ мешавед. Агар шумо мошин меронда бошед, дар роҳ боэҳтиёт бошед. Дар ҳаёти шахсӣ муносибатҳоятонро бо нафаре, ки сахт дӯсташ медоред, тағйир медиҳед. Бемор шудани узвҳои ҳозима дар назар аст. Дар хона ба худтабобаткунӣ машғул нашавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар касбу коратон барору комёбӣ ва дар муносибатҳоятон бо ҳамкорон ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Дар ин рӯз хариди калон карданро тавсия намедиҳем. Дар саломатии ҷаддиҳои калонсол мушкилиҳои ҷиддӣ имкон дорад, аз ин рӯ, ба мутахассис муроҷиат кунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Агар ваъдаҳои ба наздикон додаатонро амалӣ насозед, байнатон муноқиша ба амал меояд. Бо сабаби мушкилоти ҳалношудаи рӯзгор баҳсу мунозира ба амал меояд. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад. Хусусан, дар мардҳо бемориҳои узвҳои ҳозима эҳтимол дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи бебарор аст. Дар ҳама кор душворӣ кашида, заҳмати зиёд мекунеду натиҷаашро намебинед. Бо нафаре шинос шуданро тавсия намедиҳем. Ба иғвогариҳо дода нашавед, ба ваъдаҳо бовар накунед. Баъди нисфирӯзӣ дар робита бо атрофиён, аз ҷумла бо ҳамкорон ва ҳамсояҳо нофаҳмиҳо сар мезанад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД