arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3618

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар масъалаҳои молиявӣ ҳамкорони воломақом ва дӯстонатон кӯмак мерасонанд. Бо нафаре вомехӯред, ки қаблан муносибататон сард гашта буд. Аз ин вохӯрӣ табъатон хира мегардад. Хуб мебуд, ки камбудиву ғалатҳои пешинаи худро ба назар гирифта, баъдан хулосабарорӣ кунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар касбу коратон монеаву найранг ва дасиса имкон дорад. Хусусан, нисфирӯзӣ вазъият душвор мегардад. Танҳо дар сурати нишон додани масъулият ба кор ва ҷасорат камбудиҳоро рафъ месозед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, ба дуруштмуомилагии шарикони корӣ дучор мегарданд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бебарор аст. Дар ин рӯз аз бадхоҳону душманони худ эҳтиёт шавед. Ба ягон муноқиша ҳамроҳ нашавед, вагарна оқибаташ ногувор мегардад. Дар бораи захираи пулӣ доштанатон ба касе нагӯед, зеро нафаре қарз пурсида, аз шумо меранҷад. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна имкон дорад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз кор ё ӯҳдадориҳои корӣ аз шумо диққатнокӣ ва интизомро талаб мекунанд. Мушкилоти муҳимро рафъ ё хатоҳои пешинаро ислоҳ кардан муяссаратон мегардад. Муносибатҳои ошиқонаатон мустаҳкам мешаванд. Хоби дидаатон ба шарте амалӣ мегардад, ки субҳи рӯз абрнок бошад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Мушкилиҳои моҳи пешина аз нав хурӯҷ мекунанд. Ӯҳдабароӣ, эҳтиёткорӣ, сабру таҳаммул ва дар ҳама ҳолат мустақилият нишон дода тавонистан боиси аз душвориҳо берун шуданатон мегардад. Саломатии худро танҳо ба табибони касбӣ бовар кунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои рафъи мушкилиҳои пулӣ рӯзи мусоид аст. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявии худро пайдо мекунед. Мутаассифона, на ҳамаи сунбулаҳо чунин имкониятро ба даст меоранд. Камбудиҳои ҳалталаб таъсири худро мерасонанд. Агар вазъиятро ба зудӣ рафъ насозед, дар ҳоли ногувор қарор мегиред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарор аст, имкони ба даст овардани манбаи нави даромадро пайдо мекунед. Ҳангоми рондани мошин ва кор бо асбобҳои барқӣ боэҳтиёт бошед. Хатари ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад. Қоидаҳои роҳро риоя намоед. Мизонҳое, ки аз саломатӣ шикоят доранд, аз майнӯшӣ худдорӣ карданашон лозим аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз даромади пулӣ ба даст меоред. Қарзҳоятонро бармегардонанд ё қарзи худро медиҳед. Барои кори чанд муддат пеш иҷро кардаатон мукофот мегиред. Нафаре аз ҳамкорон аз маоши бештар гирифтани шумо изҳори норизогӣ мекунад. Тамоми ҷузъиёти коратонро ба ҳамкорон фош насозед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар мушкилоти муҳимро дар ҷойи кор рафъ созед, ғалатҳои пешинаро бартараф мекунед ва монеаҳо камтар мешаванд. Вазъи саломатиятон мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нафароне, ки тартибу низомро дӯст медоранд, имрӯз аз тағйиротҳо дар ҷойи кор ва ҳаёти шахсӣ ташвишашон зиёд мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Қобилияти баланди корӣ дар рафъ намудани тамоми мушкилӣ кӯмак мерасонад. Рӯзи пур аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва воқеаҳои гуворову ногувор меояд. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Дар ин рӯз ба касе қарз надиҳед, эҳтимол, пулатонро дигар барнамегардонанд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз миёни хешовандон дар масъалаи тақсими мерос ва хонаву мошин нофаҳмӣ рух медиҳад. Эҳтимол, бародар ва хоҳаратон ба шумо рашк мекунад. Агар имкон дошта бошед, масъаларо зудтар рафъ намоед. Дар тарбияи фарзандон якеро аз дигаре болотар нагузоред ва муносибати якранг дошта бошед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи бебарор аст. Бо роҳбарияти коргоҳ ё ҳамкорон муноқиша имкон дорад, ки ба фоидаи шумо ҳал намегардад. Шуморо лозим меояд, ки миёни ғуруру такаббур ва адолат якеро интихоб намоед. Аз ҷойҳои серодам ва торик дурӣ ҷӯед. Баъди нисфирӯзӣ бо аҳли оила буданатон хубтар аст.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД