Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
3606

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хубест барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва ба даст овардани даромади пулӣ. Аз нафаре хабари хуш мешунавед, ки сахт писандаш ҳастед. Ӯро дилмонда насозед, ботарбия будани худро дар назди ӯ нишон диҳед. Сафари роҳи дур бобарор анҷом меёбад, вале хароҷотро калон накунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Агар аз субҳи содиқ роҳи дурустро интихоб намоед, рӯзи бобарор насибатон мегардад. То корҳои худро ба анҷом нарасонед, ором шуда наметавонед. Дақиқкор бошед, ба вохӯриҳо таъхир накунед ва ба танбалӣ роҳ надиҳед. Агар қарзҳои худро суроғ намоед, кисаатон пур аз пул мешавад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз танқиду эроди ҳамкоронро тоқат карда наметавонед, хусусан, танқидҳои беадолатона асабатонро хароб месозанд. Ҳама гуна кинояву хурдагирӣ нисбати шумо боиси муноқиша мегардад. Агар шумо мошини шахсӣ дошта бошед, қабл аз сафар онро таъмир намоед ё беҳтараш аз сафари роҳи дур худдорӣ намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор аст, масъалаҳои мушкилро ҳал карданатон лозим меояд. Истодагарӣ ва ҳадафрасӣ шуморо ба мақсад мерасонад. Ҳамзамон, муноқишае, ки чанд муддат тӯл кашида буд, дар ин рӯз рафъ мегардад. Машрубот ва маҳсулоти гӯштӣ ба саломатиятон зарар расонида метавонад.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз худхоҳии худро нишон надиҳед. Хусусан, агар дар коллективи калон фаъолият мекарда бошед. Ба танбаливу рӯҳафтодагӣ роҳ надиҳед. Нафарони муҷаррадро муносибатҳои пурҷӯши ошиқона интизор аст. Обрӯву нуфузи худро баланд бардошта метавонед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, дар ин рӯз ба ҳар коре даст мезананд, муваффақ мегарданд. Нафарони ошиқ дучори дудилагӣ мешаванд. Оиладорон нисбати муҳаббату садоқати ёри худ шубҳа пайдо мекунанд. Баъди шом баъзе нафарон ба маслиҳати равонӣ ё суҳбати дӯстон ниёз пайдо мекунанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Зодагони мучали мизон дар ин рӯз туҳфаи қимматбаҳо гирифта метавонанд. Эҳтимол, нафаре аз калонсолони оила ё ҳамсафари ҳаётӣ шуморо шод кардан мехоҳад. Ба ғайр аз ин, дигар рӯйдоди хуше рух намедиҳад. Якрангӣ зиёд аст, ба корҳое баргаштанатон лозим меояд, ки пурра анҷомёфта мешуморидед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои зодагони мучали ақраб рӯзи пур аз навгониҳои гуворо аст. Тағйиротҳои судманд рӯзона рух медиҳанд. Эҳтимол, роҳбар ё ҳамкоре, ки ба шумо писанд набуд, аз кор хориҷ мегардад. Дар муносибатҳои ошиқона тағйироти бузург дида намешавад. Нафарони оиладор дучори рашки ҳамсафари ҳаётӣ мегарданд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аксари зодагони мучали қавс дар ин рӯз парвои онро надоранд, ки бо амалу кирдори худ ба атрофиён зарар мерасонанд. Чунин якравӣ ба ғайр аз мушкилоти зиёд овардан, боз сабабгори ранҷиши нафаре мегардад. Рӯз ором мегузарад ва натиҷаи нек медиҳад, ба шарте ки нақшаи амалҳои худро тартиб диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз нафаре аз шумо маслиҳат ё кӯмак мепурсад. Ин шахс роҳбар ё ҳамсояатон аст, ки ҷавоби рад дода наметавонед. Баъзе нақшаҳоятон амалӣ намешаванд. Вазъиятро ба хости дили худ тағйир доданро омӯзед. Нафароне, ки дар ин рӯз имтиҳон месупоранд ё гуфтушунидҳои корӣ доранд, муваффақ мегарданд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба маслиҳати дӯстони дерин гӯш надиҳед. Эҳтимол, нафаре дар фикри пешпо додани шумо аст. Рӯзи хубест барои баргузор намудани ҷаласаву вохӯриҳои ошиқона ва сафарҳои кутоҳмуддат. Нафарони оиладор нисбати ҳамсафари ҳаётӣ бодиққат буданашон лозим аст ё бо туҳфае хотири ӯро шод гардонед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нафарони муҷаррад ба шахсе ошиқ мешаванд, ки оқибаташ пушаймонӣ аст. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, ба садои қалб гӯш надиҳед. Нафароне, ки ҷои кор надоранд, дар масъалаҳои камбудии рӯзгор ташвиши зиёд мекашанд. Худро ба даст гирифта, инҷиқӣ накунед ва ҳангоми сари қарори муҳиме омадан, шитоб накунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД