Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2621

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯз барои гуфтушунидҳои корӣ, вохӯриҳои ошиқона, сафарҳои дуру наздик ва сайру саёҳат хеле мусоид мебошад. Дари дили худро акнун боз намоед ва бо ҷинси муқобил ишқварзӣ кунед. Агар дӯстдошта дошта бошед, робитаи худро мустаҳкамтар кунед. Қаҳваро камтар ва обро зиёдтар нӯшед.

 

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз айбҷӯӣ накунед, вагарна сари худро ба бало гирифтор карда, бо дигарон муноқиша мекунед. Бо аз наздик вохӯрдан бо шиносҳои нав саросема нашавед. Кӯшиш кунед, ки қарорҳои ғаразнокро камтар қабул кунед. Ниҳоят аз вартаи танҳоӣ раҳо ёфта, ҳамсафари худро пайдо мекунед.

 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо нафаре вомехӯред, ки дербоз ӯро мешиносед. Ғайр аз кори худ, ба кори дигар машғул нашавед, зеро барои ҳама кор вақти кофӣ надоред. Идеяҳои хубу ҷолибатон рушд меёбанд, нафарони машҳур нисбати кори шумо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Даромади иловагӣ дар назар нест.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз қисми зиёди корҳоятонро бо саросемагӣ анҷом доданатон лозим меояд. Агар аз пода пеш чанг набардореду сабр кунед, муваффақият ҳамсафари шумо хоҳад шуд. Барои рӯзи истироҳат дилатон танг мешавад. Ҳарчӣ зудтар ба тамошо рафтан мехоҳед. Ҳангоми ба сафар баромадан эҳтиёт кунед.

 

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз шумо бояд ба ҳар сухане, ки аз даҳонатон мебарояд, аҳамият диҳед, то касеро аз худ хафаву дилмонда накунед. Дар муносибатҳои шахсӣ тахайюл (фантазия)-ро ба кор мебаред. Ин ба рушди карераи шумо таъсири мусбат мерасонад, бинобар ин, фурсатро аз даст надиҳед.

 

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз агар вақти холӣ ёфтед, ҳатман истироҳат кунед ва дар вақти истироҳат кӯшиш кунед, ки аз ташвишҳо дур бошед. Давоми рӯз на дар тиҷорат, балки дар муносибатҳои ошиқона фаъол бошед. То охири моҳ ҳанӯз вақти зиёд аст, бинобар ин, дар харҷи маблағ сарфакор бошед, то бепул намонед.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз чизеро харидорӣ мекунед, ки аслан ба он ниёз надоред. Вақти он расидааст, ки худро ба ҳамагон нишон диҳед. Бе кӯмаки дигарон чизеро, ки ба даст оварданашро дербоз орзу мекардед, ба даст меоред ва як орзуи худро ҷомаи амал мепӯшонед. Бештар мева ва сабзавот истеъмол намоед.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи хуб аст, ба шарте ки бо наздикон ва атрофиён муноқиша накунед. Агар ба чизе сахт шубҳа мекунед, беҳтараш ба назди равоншинос равед. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки бештар дар ҳавои тоза сайр кунед, ҳар гуна ҳаракатҳоро анҷом дода, организми худро аз витамини D бой созед.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз шуморо якчанд озмоиш интизор аст, ки бояд гузаред. Хароҷотатон аз даромадатон зиёдтар мешавад, ба ин хотир, миёнатонро мустаҳкамтар бандед. Ҳарчанд дурӯғҳояшон ба назар гуворо менамояд, аммо ба ғайбатчиҳову нафарони дурӯғгӯ бовар накунед ва аҳамият надиҳед.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо дӯсти деринаатон вохӯрда, дар мавриди як чизе, ки аз даст додаед, суҳбат мекунед. Агар нафаре аз шумо кӯмак ё маслиҳат пурсад, ёрӣ расонед. Дар масъалаҳои мушкилтар аз нафарони калонсоли оила кӯмак пурсед. Дер накарда, сари вақи ба ҷойи кор ҳозир шавед ва масъулият ҳис кунед.

 

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз дар кори шумо ба вуҷуд омадани тағйирот дар назар аст. Аммо ситораҳо тавсия медиҳанд, ки дар қабул кардани қарорҳо шитоб накунед ва саросема ҳам нашавед. Вақти он расидааст, ки фикру ақидаи худро ҷамъ оваред ва андеша кунед, ки чӣ шуморо аз рушд кардан бозмедорад. Бо ҳамкоратон ишқварзӣ накунед.

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки ба саломатии худ бештар таваҷҷӯҳ кунед. Идеяҳои нави шумо мисли пештара тарафдор ва маъруфият пайдо мекунанд. Нимаи аввали рӯз вазъи молиявиатон нохуб мешавад. Хавотир нашавед, дар нимаи дувуми рӯз ҳама чиз ҳалли худро меёбад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД