goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ МАЙИ СОЛИ 2026
172

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои оғоз кардани муносибати нави ошиқона вақти чандон мувофиқ нест. Кӯшиш кунед эҳсосоти худро идора намоед ва ба баҳс роҳ надиҳед. Нимаи дуюми рӯзро беҳтараш ба корҳои хона ва дастгирии наздикон бахшед. Шояд эҳсос кунед, ки дар кори ҳозира дигар пешрафт нест ва вақти ҷустуҷӯи имкониятҳои нав расидааст. Барои расидан ба ҳадаф каме сарфакор будан фоида меорад. Рӯз барои муолиҷа ва нигоҳубини зебоӣ мусоид аст.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз шуморо як воқеаи ғайричашмдошт, вале хуш интизор аст. Дар зиндагии хонаводагӣ фазои гарм ва ором ҳукмфармо мешавад ва корҳои муштарак шуморо ба ҳам наздиктар мекунанд. Барои оғоз кардани корҳои нав шитоб накунед, зеро на ҳама нақшаҳо чунон хубанд, ки ба назар мерасанд. Аз хавф дар масъалаҳои тиҷоратӣ дурӣ ҷӯед. Бештар истироҳат кунед ва қувваи худро барои рӯзҳои муҳим нигоҳ доред.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Агар касе шуморо дӯст надорад, маҷбур кардан лозим нест, бигзор ҳама чиз табиӣ ҷараён гирад. Имрӯз барои ба сафар баромадан рӯзи хуб аст. Дар ҷои кор беҳтараш ба баҳс бо ҳамкорон ҳамроҳ нашавед ва танҳо вазифаи худро иҷро кунед. Ҳангоми харид эҳтиёткор бошед ва пулро беҳуда сарф накунед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, то ба бемориҳои мавсимӣ гирифтор нашавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз метавонед бо як рафтори романтикӣ шахси дӯстдоштаатонро шод созед. Муносибатҳои хонаводагӣ тадриҷан ором мешаванд ва нофаҳмиҳои кӯҳна аз байн мераванд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва хариди гаронро бо ҳамсар маслиҳат кунед. Барои пешрафти касбӣ омӯзиши нав ё курсҳои онлайн муфид хоҳад буд. Бахту барор имрӯз бо шумост, аз имкониятҳои хуб истифода баред.

Асад (23 июл-23 август)

Агар дар ҷустуҷӯи муҳаббат бошед, ба одамони гирду атрофатон бодиққат назар кунед, бахт метавонад наздик бошад. Волидайн бояд ба таҳсили фарзанд бештар аҳамият диҳанд. Дар рӯзҳои пурташвиш оромиро нигоҳ доред, зеро сабр ба шумо барои ҳалли мушкилот кумак мекунад. Имрӯз шиносоии нави корӣ ва ҳатто дар фикри оғози кори шахсӣ шудан имкон дорад. Барои парҳез ё машқи ҷисмонӣ рӯзи муносиб аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Муносибатҳои ошиқонаи шумо имрӯз боз ҳам гармтар ва мустаҳкамтар мешаванд. Кӯшиш кунед вақти бештарро ба рушду такмили худ бахшед ва аз фикрҳои вазнин дур бошед. Эҳтимоли пешрафт дар касбу кор вуҷуд дорад, агар худро хуб нишон диҳед. Барои соҳибкорон имрӯз вақти муносиб барои муомилаҳои хавфнок нест. Тағйиротро оромона қабул кунед ва ба ҷараёни зиндагӣ муқобилат накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона рӯзи чандон хуб нест, зеро эҳтимоли баҳс ва нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Қарорҳои шитобкорона метавонанд дар оила мушкил эҷод кунанд. Дар кор вазнинӣ зиёд мешавад, бинобар ин агар имкон бошад, қисми вазифаҳоро ба дигарон супоред. Шояд мушкилие, ки чанд рӯз боз шуморо нороҳат мекард, имрӯз ҳал шавад. Машғулияти ҷисмонӣ ё рӯбучини хона ба шумо нерӯи хуб мебахшад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи ором ва муътадил хоҳад буд, махсусан барои онҳое, ки дар зиндагии ошиқона хушбахтанд. Имрӯз ба суҳбатҳои самимӣ ва фазои романтикӣ майл пайдо мекунед. Аз ғайбат ё танқиди дигарон худдорӣ намоед, вагарна баҳс пеш меояд. Роҳбарон заҳмати шуморо қадр мекунанд ва ҳатто метавонанд мукофот диҳанд. Идеяҳои наве, ки имрӯз ба саратон меоянд, дар оянда фоидаовар мешаванд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Кор ва машғулият метавонад шуморо аз фикрҳои ноором дур созад. Бо дигарон бештар муошират кунед ва шиносоии нав пайдо намоед. Эҳсосоти манфиро идора кунед, то оромии хона вайрон нашавад. Дар кор масъулиятро ба дӯш гиред ва намунаи хуб бошед, вале ба дигарон фишор наоред. Эҳтимол вазъи молиявӣ муваққатан каме душвор шавад, бинобар ин хароҷотро кам намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти ҷиддӣ пешбинӣ намешавад, вале муҳаббат ва ғамхорӣ муҳим боқӣ мемонад. Имрӯз ҳатман ба шахси наздик таваҷҷуҳ карда ё туҳфаи хурде диҳед. Ба зудӣ пешниҳодҳои ҷолиби корӣ ё тиҷоратӣ мерасанд ва интихоби дуруст осон нахоҳад буд. Хароҷот имкон дорад зиёд шавад, аммо баъдтар фоидаи хуб меорад. Имрӯз бештар танҳоӣ ва оромиро мехоҳед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар ба наздикӣ аз шахси дӯстдошта ҷудо шуда бошед, харид ё иваз кардани муҳит рӯҳияатонро беҳтар мекунад. Дар хона бисёр чиз аз рафтори шумо вобаста аст, бинобар ин бо наздикон нарм ва фаҳмо муносибат кунед. Дар касбу кор диққатнокӣ ва тартибот муҳим мешавад. Баъзе одамони ҳасуд метавонанд ба нақшаҳои шумо халал расонанд, бинобар ин эҳтиёткор бошед. Барои оғоз кардани парҳез ё тарзи ҳаёти солим рӯзи хуб аст.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Муносибатҳои шумо метавонанд ба сатҳи ҷиддитар гузаранд, агар дар бораи нақшаҳои оянда озодона суҳбат кунед. Ба падару модар ва калонсолон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоед, зеро ҳатто як занг онҳоро хушҳол мекунад. Агар дар касбу кор аз шумо вақти иловагӣ талаб кунанд, асабонӣ нашавед, заҳмататон қадр мешавад. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Агар амалиёт ё муолиҷаи дерина дошта бошед, он бомуваффақият анҷом меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД