Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ МАЙИ СОЛИ 2024
2211

Ҳамал (21 апрел-22 май)

Рӯзи дидорбинӣ бо дӯстони дерин аст. Ҳар қадаре табъатон хуш бошад, ҳамон андоза корҳоятон низ хуб мешавад. Аз ин рӯ, дилро кушод гиреду аз зиндагӣ шукрона кунед. Аз муноқиша бо наздикон худдорӣ намоед. Хусусан нисбати дӯстдоштаи худ дағалиро раво набинед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз метавонед аз дастовардҳои хеш ифтихор кунед. Инчунин барои қабули меҳмонҳо рӯзи беҳтарин аст. Зимни муошират бо валидайн ва фарзандон каме мушкилот ҷой доштанаш мумкин аст. Дӯстдоштаатон шуморо бе ягон ҳарф дарк мекунад. Нимаи дувуми рӯз тӯҳфаи хуше шуморо интизор аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз хеле боэҳтиёт бошед, зеро хатари гум кардани пул, калид ва дигар чизҳои муҳим дар назар аст. Рӯзро бо харидани лавозимоти таъмири хона сар накунед. Истироҳат дар оғӯши табиат боиси беҳтар гаштани саломатӣ ва табъи шумо хоҳад гашт. Нимаи дувуми рӯз вохӯриҳои ҷолиб дар назар аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои хариду фурӯши хонаву мошин ва ба хонаи нав кӯчидан рӯзи бобарор нест. Эҳтиёткор бошед, зеро хатогие, ки имрӯз мекунед, ба саратон мушкилоти чандрӯза меоварад. Вохӯрӣ бо дӯстони дерин табъатонро болида месозад. Метавонед баъзе аз муносибатҳои қатъгаштаро барқарор созед. Яке аз наздикон бароятон хабари хуше дорад.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯз барои истироҳат ва сайру саёҳат хуб аст. Вохӯрӣ бо ашхосе, ки аз кишварҳои хориҷа баргаштаанд, мусоид аст. Имзои ҳуҷҷатҳо ва вохӯриҳои кориро ба рӯзи дигар гузоред. Муошират бо бонувони калонсоли авлод хуб мегузарад, аммо ба касе иҷозат надиҳед, ки ба ҳаёти шахсиатон дахолат кунанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Шумо аз мушкиле ҳарос доред. Бо чунин сустиродагӣ имконияти хубро аз даст доданатон мумкин. Ба коре, ки аз уҳдааш баромада наметавонед, беҳтараш даст назанед. Нимаи дувуми рӯз вохӯрии романтикӣ шуморо мунтазир аст. Бегоҳирӯзӣ эҳтимоли шамол хӯрданатон дар назар аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯз якрангу то андозае дилгиркунанда мегузарад. Вале аз ин якрангӣ хулосаҳои даркорӣ баровардану дар оянда зиндагиро тағйир додан мумкин аст. Хабари муҳим аз роҳи дур мерасад, вале қиммати онро дертар дарк хоҳед кард. Нимаи дувуми рӯз эҳтимол аз сардардӣ азият мекашед. Беҳтар мебуд дар ин муддат тану рӯҳатон истироҳат кунанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шумо имрӯз асабиву сурташвиш мешавед. Ба одамони оромтабиат ва зудранҷ муошират бо шумо мушкил мешавад. Хатари ҷанҷол бо шахсе, ки пеш аз ин шуморо пурра дастгирӣ мекард, эҳтимол дорад. Ба дӯстии душманон фирефта нашавед, эҳтимол онҳо дар оянда на як бору ду бор ба шумо зарар хоҳанд расонд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯз ноорому пурмоҷарост. Гоҳе ба як кор даст мезанед, гоҳе ба кори дигар, вале ягонтоашро то ба охир расонида наметавонед. Онҳое, ки дер боз аз худ дарак намедоданд имрӯз ҳаваси сӯҳбати шуморо мекунанд. Ташвишҳои рӯзгор низ имрӯз зиёд мешаванд. Хушбахтона саломатиатон хуб буда, аз ӯҳдаи ҳама кор мебароед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хубу бобарор аст. Бо шарофати сухандонӣ ва дилёбиатон метавонед шартномаҳои муҳимро ба имзо расонида, маблағи хуб ба даст оваред. Аз роҳи интихобкардаатон нагардед, кӯшиш накунед, ки аз таҷрибаи дигарон кор гиред. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ аз маҳси бадан ва сӯзандармонӣ истифода баред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар бештар ақлро кор фармоеду ба эҳсосот дода нашавед, метавонед дили шахси наздикатонро, ки аз шумо ранҷидааст, ба даст оваред. Рӯз барои қабули меҳмонон дар хона ё вохӯрӣ дар табиат мувофиқ аст. Бо ҳамсари хеш меҳрубон бошед, вақтҳои охир вай пазмони муҳаббати шумо гаштааст. Аз нафарони ғайбатчӣ худро канор гиред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз маҷбур мешавед, ки дар рафти кор фикру нақшаҳоятонро иваз кунед. Аз дӯстони куҳан хабари аҷибе мешунавед. Дар оилаатон баъзе мушкилот сар мезанад, вале шумо бояд аз ин чиз ба воҳима наафтед ва ин мушкилоти хурд бо ҳазл қабул намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД