Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
3199

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз хабарҳоеро мешунавед, ки боварии шуморо ба оянда зиёд мекунанд. Ҳодисаҳо тавре сурат мегиранд, ки шумо интизор будед, аз ин лиҳоз, аз рӯйдодҳои гуворо ҳаловат мебаред. Ҳар қадаре метавонед зудтар амал кунед, дар ин рӯз вақти зиёди худро барои омодагӣ ва нақшакашӣ сарф накунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба осонӣ хубиро аз бадӣ фарқ карда метавонед, вақте расидааст, ки харидҳои даркорӣ кунед. Харидҳоятон бобарор ва бо нархи арзон молҳои даркорӣ ба даст меоред. Ба наздикӣ ҳодисаи муҳиме рух медиҳад, маблағи зиёд даркор мешавад, аз ин рӯ, пулҳои худро захира кунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст, хусусан, барои мардони дар мучали ҷавзо тавлидёфта. Нерӯятон ба андозае заиф аст, ки робитаатонро бо роҳбарият душвор месозад. Мушкилоти оилавӣ ё камбудии рӯзгор даромади иловагии пулиро талаб мекунанд. Дар ҳаёти шахсии бонувон ҳодисаи гуворо рух медиҳад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин дар назар аст. Ӯҳдадориҳои худро камтар созед, вале ба ҳеҷ ваҷҳ муносибати худро бо сардор ва ҳамкорон бад насозед, вагарна нақшаҳои худро амалӣ сохта наметавонед. Ғалату камбудиҳои пешинаро фаромӯш карданатон лозим аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба дигарон некӣ карда, аз амали худ шод мегардед. Дар зиндагии шумо давраи дигаре фаро мерасад, шумо саховатманду дасткушод мешавед. Зимни суҳбат бо сардор ё роҳбарияти коргоҳатон каме андозаро нигоҳ доред, дағалӣ накунед. Ӯҳдабарову чобук бошед, он гоҳ ба мақсад расида метавонед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз нерӯятон беҳад зиёд мегардад, аз ин рӯ, худро ба даст гиред. Агар дар давоми рӯз каме истироҳат кунед, бегоҳирӯзӣ худро беҳтар ҳис мекунед. Кӯшишу ғайрати пайваста хуб аст, вале худро рӯҳану ҷисман хаста гардонидан кори оқилона нест. Даромади иловагӣ дар назар нест, баумед нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ҳаёти шумо нафаре пайдо шудааст, ки сифатҳои доштаашро шумо орзу мекунед. Рафтору кирдори ин нафарро таҳти назорат гирифта, бо хислатҳои худ қиёс намоед. Аз нафароне, ки шуморо ба ваҷд меоранд, дарси ибрат гирифтанро омӯзед. Комёбии шумо аз худатон вобаста аст, танҳо ба қувваи худ умед бандед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарорест барои робитаҳои корӣ. Нақшаву ақидаҳои навро ба шарте дар амал татбиқ кардан мумкин аст, ки сабрро пешаи худ намоед. Шумо бо одамон хеле хуб забон ёфта метавонед, хусусан, бо нафарони дар синну сол аз шумо хурдтар. Агар ишқи ҳамкоратонро қабул кунед, муносибатҳои корӣ қатъ мегардад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Баъзан зиндагии шумо ба як пораи бузурги шоколад шабоҳат дорад. Дар чунин лаҳзаҳои ширини умр намехоҳед, ки он анҷом ёбад. Чунин эҳсосот дар ин рӯз низ пайдо мешавад, зеро бо нафароне, ки дӯсташон медоред, рӯзатонро сипарӣ месозед. Аз чунин туҳфаи тақдир аз наздикони худ миннатдор бошед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз диққати худро танҳо ба корҳои шахсии худ равона созед. Бо коре, ки ба шумо дахл надорад, машғул нашавед. Дахолат ба зиндагии нафаре метавонад боиси рӯҳафтодагии шумо гардад. Бигзор атрофиён мушкили худро мустақилона рафъ намуда, аз ғалатҳои худ панд омӯзанд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Агар шумо дар интизори он бошед, ки вақти холигиятон бештар гардад, ба мақсад расида наметавонед. Барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб бояд ҳама корро ба анҷом расонед, касе ба ҷои шумо кор намекунад. Агар оқибати амалҳои худро бартараф карда тавонед, рӯзро табъи дили худ гузаронида метавонед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

На ҳар рӯзи умри инсон тақдирсоз буда метавонад, аз ин рӯ, ба имрӯзи худ умеди зиёд набандед. Дар назди худ мақсадҳои амиқ гузошта, вазъиятро бо ақли солим баҳогузорӣ намоед. Агар ақлу заковати худро ба кор бареду сабрро пеша намоед, пушаймон намешавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД