Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, аз пешравиҳои худ шод мегарданд. Бо дилдодаатон боэҳтиром ва самимӣ суҳбат намоед. Як ҳарфи хато ё сари ҷаҳл гуфтаи шумо боиси дубора қаҳрӣ шуданатон мегардад. Муносибатро бо атрофиён хуб намоед. Рӯз барои сафарҳои дур мувофиқ нест.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Нимаи аввали рӯз аз дӯсти ранҷидаатон хабари нав мешунавед. Корҳоеро, ки дар ин рӯз ба нақша гирифтаед, ба таъхир гузоред, хеле серкор мешавед. Барои ба эътидол даровардани ҳолати асабҳо аз давоҳои табиӣ истифода кунед. Аз ҳама хуб сафар кардан ба домани кӯҳ аст, ки ҳам асабатон ором ва ҳам вақтатон хуш мегузарад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Нисбати саломатиатон бепарво набошед, дардҳое, ки шуморо вақтҳои охир азоб медиҳанд, бо худтабобаткунӣ муолиҷа намешаванд. Нимаи дувуми рӯз нафаре ба шумо изҳори муҳаббат мекунад, ки писанди дилатон нест. Кӯшиш намоед дилашро наозурда, ба ӯ ҷавоби рад диҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Бо рафтори намунавиатон дили атрофиёнро ба худ ҷалб кардаед. Дар коргоҳ низ ҳамкорон дар ғайбатон суханҳои хуб мегӯянд. Дар тиҷорат эҳтиёткор бошед, зеро аз миён гум шудани маблағ дар назар аст. Барои сайругашт дар ҳавои тоза вақти бештар ҷудо намоед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Шумо бо корчаллонӣ дили ҳамаро ба даст овардаед. Ҳарчанд саломатиатон ташвишовар бошад ҳам, вале дардро ҷиддӣ қабул намекунед. Беҳтараш ба саломатии худ аҳамияти бештар диҳеду истироҳат карданро низ фаромӯш накунед. Нимаи дувуми рӯз аз роҳи дур хабари тааҷубоваре мешунавед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Агар хоҳед, ки ҳамеша дар зиндагӣ муваффақ бошед, ба бадгӯйиҳои душманон аҳамият надода, ҳама фикру зикратонро ба кор равона созед. Маҳз ин амали шумо душманонатонро мағлуб месозад. Дар байни рӯз вохӯрии ғайриодӣ шуморо интизор аст, ки ба зиндагии шахсиатон тағйиротҳои гуворое ворид месозад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Корҳоятон дар хона зиёд шуда, вақти сархорӣ намеёбед. Кӯшиш намоед, ки ба аёдати падару модар рафтанро низ фаромӯш насозед. Бо кӯдакон ба сайругашт бароед ва асабҳоятонро дар ҳар корҳои майда чуйда хароб насозед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ҷаддиҳоро хабари нохуш дар аввали рӯз парешонхотир мекунад. Аз ҳамин лиҳоз зимни робита бо атрофиён сар задани нофаҳмиҳо имкон дорад. Кӯшиш кунед, ки ба эҳсосот дода нашавед. Дар охири рӯз, ба вохӯрие даъват мешавед, ки тамоман дар гӯшаи хотиратон набуд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз шунидани хабарҳои хушро аз тарафи шахси маҳбубатон интизор шавед. Тиҷоратеро, ки то ҳол даст назадаед, ин рӯз низ ба нақша нагиред. Муносибатро бо ҳамсоягону атрофиён хуб кунед, зеро табъи болидаи шумо аз онҳо вобастагӣ дорад. Шом барои мулоқотҳои ошиқона мувофиқ аст.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Аз субҳ шурӯъ намуда, ба ободии хонаатон саъю кӯшиш намоед. Аз корҳои беҳудае, ки айни ҳол ба анҷом нарасонидаед, даст кашед. Саломатиатонро фаромӯш насозед. Фаромӯш насозед, ки истеъмоли хӯрокҳои тез ва сернамак ба саломатии гурдаҳоятон, ки начандон хуб аст, зиён мерасонад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар аввали рӯз, фикрҳои гуногун табъатонро хира месозад. Парешонхотирӣ ва асабонии зиёд масъалаҳои сарбастаро пешорӯятон мегузорад. Муносибатро дар коргоҳ хуб намоед, зеро муваффақияти шумо аз рафтори худатон вобастагӣ дорад. Охири рӯз ба мулоқоти ошиқона даъват мешавед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар миёнаи рӯз хабаре мешунавед, ки дубора ба зиндагӣ дилгарм мешавед. Пешниҳоди хонадоршавиро якбора рад кардан лозим нест. Дар масъалаи саломатӣ бояд хеле боэҳтиёт амал намоед. Нафароне, ки аз бемории гурдаҳо азият мекашанд, бояд аз истеъмоли хӯрокҳои шӯру сарду тунд худдорӣ намоянд.