arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ МАЙИ СОЛИ 2023
2574

 

Ҳамал

Рӯзи бобарор аст. Бо осонӣ корҳоятон ба анҷом расида, муносибататон бо шахси дӯстдошта хубтар мегардад. Давоми рӯз хоҳиши ба муҳтоҷон кӯмак расониданро пайдо мекунед. Ба дармондагон мадад расониданатон хуб аст, вале худро фаромӯш накунед. Нишонаҳои бемориро ҳатман ба эътибор гиред.

 

Савр

Дар касбу коратон муваффақ мегардед. Бо нафароне, ки қаҳрӣ будед, оштӣ мешавед. Дар хонаатон ҳамдигарфаҳмиву осоиштагӣ дида мешавад. Барои бастани ақди никоҳ ва мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Саврҳои муҷаррад дар ин рӯз бахти худро пайдо месозанд.

 

Ҷавзо

Дар ин рӯз атрофиён шуморо мисоли китоби шикоятҳо истифода бурда, аз тамоми нобарориву ноадолатиҳои ба сарашон омада дар наздатон шиква кардан мехоҳанд. Муносибати хайрхоҳонаи роҳбарияти коргоҳатон имкониятҳои нави кориро пешатон меорад. Барои каме истроҳат кардан аз ҳодисаҳои ба саратон омада, бо суҳбати дӯсти ҷонӣ ба худ омада метавонед.

 

Саратон

Мушкилоти рӯзгор ва дигар камбудиҳое, ки шуморо нороҳат месозанд, бе ягон кӯшиш рафъ мегарданд. Давоми рӯз ба корчаллониву поквиҷдонии шарикони корӣ шубҳа пайдо мекунед. Бодиққат бошед, гувоҳии дилатон бесабаб нест. Аз хиёнату фиреб на танҳо дар кор, балки дар ҳаёти шахсӣ низ эҳтиёт шавед.

 

Асад

Дар ин рӯз масъалаи муҳимеро рафъ карданатон лозим меояд, ки аз он натиҷаи кори одамони зиёде вобастагӣ дорад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, хатари лат хӯрданатон вуҷуд дорад. Асадҳои муҷаррад бо осонӣ ба дили нафаре, ки барояшон писанд аст, роҳ меёбанд.

 

Сунбула

Дар ин рӯз вазъи молиятон рӯ ба беҳбудӣ оварда, маблаѓи хуб ба даст меоред. Дар ҷойи кор эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Дар баробари ин, рӯзи хастакунанда аст. Сунбулаҳое, ки ошиқанд, ба дили дӯстдоштаи худ роҳ пайдо мекунанд. Истироҳат барои саломатиятон муҳим аст.

 

Мизон

Рӯзи душвор аст. Эҳтимоли ҷангу ҷанҷол бо сабаби рашк кардану худхоҳии шумо вуҷуд дорад. Ҷиҳози худро хуб нигоҳубин кунед, эҳтимоли дуздӣ ё сӯхтор вуҷуд дорад. Даромади пулӣ имкон дорад, вале ҳаҷми он табъи дили шумо намегардад. Каме нотоб гаштанатон нишонаи шамол хӯрдан аст.

Ақраб

Дар ин рӯз хабарҳои ногаҳонӣ шуморо дар ҳоли ногувор мегузоранд. Танқид кардану камбудиҳои коратонро нишон додани атрофиён аз рӯйи дӯстӣ аст, аз ин рӯ сари вақт ислоҳ шуда, сифати кори худро беҳтар карда метавонед. Ҳодисаи тақдирсозе шуморо нигарон аст. Сафару дилхушиҳо айни замон ба шумо хеле муҳиманд.

 

Қавс

Рӯзи душвор аст, тамоми рӯз ҳушёриро пеша намоед. Аз дастовардҳои дошта қаноатманд гашта, кӯшиши ба даст овардани чизи бештареро накунед, вагарна кӯшиши сарварӣ карданатонро наздикон қабул карда наметавонанд. Корҳои ҷисмонӣ, сайругашт ва робита бо дӯстон табъатонро болида месозад.

Ҷаддӣ

Рӯзи бобарор аст. Ба атрофиёни худ некӣ карда, табъатон болида мегардад. Бонувон дар ин рӯз бояд аз мардони дар бурҷи далв ва асад тавлидёфта эҳтиёт шаванд. Мардҳо хабаре мешунаванд, ки дар ҳаёти шахсияшон таѓйиротҳои судмандро ворид месозад.

 

Далв

Рӯзи бобарор аст. Бо нафарони даркорие робита пайдо мекунед, ки мушкилиҳои пешинаатонро рафъ месозанд. Дар назари атрофиён хеле ҷалбкунанда мегардед ва диққати дӯстону ҳаводорони навро ба ба даст меоред. Дӯстдоштаи худро бо туҳфаи хуб шод гардонед.

 

Ҳут

Ҳодисаҳои манфии рӯз ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонад. Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ ба муноқиша роҳ надиҳед. Хусусан бо нафарони бароятон наздик муноқиша накунед, хусусан агар ба рафтори нодурусти эшон боварӣ надошта бошед. Ҷароҳати тасодуфӣ ё беморӣ боиси амалӣ нашудани нақшаҳоятон мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД