Чанде пеш як гурўҳ кормандони IRS дар шаҳри Саратови Федератсияи Россия курси омўзиширо дар самти “Истифодаи озмоишгоҳҳои сайёр ва ташхису назорати роҳҳо” хатм карданд. Мутахассисони варзидаи соҳа ба онҳо доир ба нозукиву навгониҳои соҳа маълумоти муфассал дода, кор бо таҷҳизоти навро омўзониданд.
Дар раванди таҳсил ба муҳассилин, ҳамчунин намунаи ҷадиди озмоишгоҳи сайёри “Трасса”, шакли такмилёфтаи комплекси барномавӣ - ченкунии “Дорого - ПРО” ва дигар таҷҳизоти марбут ба нигоҳдории роҳ муаррифӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки мунтазам сайқал додани малакаи кормандон зери назари роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, онҳо курсҳои такмили ихтисосро дар хориҷи кишвар гузаштанд.
Аз ҷониби IRS харидории озмоишгоҳи сайёр, ки намунаи нави таҷҳизоти соҳа мебошад, ҷузъи ибтикори амалигардида маҳсуб шуда, дар ин замина имкон фароҳам омад, ки назорати сифати маводу масолеҳ боз ҳам ҷиддӣ гардад. Озмоишгоҳи сайёри мазкур аз соли 2017 инҷониб фаъолият дошта, тавассути он тамоми маводу масолеҳи дар фаъолияти ширкат истифодамегашта мўшикофона ташхис мегарданд. Барои мисол, дар мавсими гармо, айёме, ки таъмиру таҷдиди роҳ шуруъ мегардад, озмоишгоҳи мазкур фаъолияташро асосан ба ташхиси масолеҳи барои таъмир пешбинишуда, аз ҷумла, асфалт равона месозад.
Умури назорат дар ин самт хеле ҷиддӣ роҳандозӣ шуда, дар сурати ҷавобгў набудани масолеҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалии 9128-13 ва ба меъёрҳои сохтмонии 3.06.0385 истифодаи он иҷозат дода намешавад. Барои муайян намудани қитаъҳои осебдида ва танзиму назорати таъмири роҳ озмоишгоҳи мазкур бо таҷҳизоти махсус - “Георадар ОКО-2” таҷҳизонида шудааст.
Илова бар ин, дар озмоишгоҳ таҷҳизоти муайяннамоии сатҳи ҳамвории роҳ IRI дастрас ва насб гардидааст. Ин иқдом замина фароҳам овард, ки одитарин камбудӣ, аз ҷумла ноҳамвории роҳ ошкор шуда, барои рафъи он бетаъхир тадбирандешӣ гардад.
Қобили зикр аст, ки озмоишгоҳи мазкур ва дастгоҳҳои дар раванди фаъолияти он мавриди истифодабуда намунаи муосири технологияи соҳа ба ҳисоб рафта, дар кишвармон камназиранд. Дар мавсими сармо бошад, санҷиши сифати маводи сўзишвориву зиддилағжиш, бетон, равғанҳои молиданӣ аз самтҳои афзалиятноки ин озмоишгоҳи сайёр мебошад.
Муҳим он аст, ки озмоишгоҳи IRS дорои сертификати Муассисаи давлати Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия буда, тамоми таҷҳизот шаҳодатномаи мутобиқат доранд.