Arzon march 2024
Шавҳари пинҳонии Зулайхо Маҳмадшоева ошкор шуд
6588

 

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик дар саҳифаи YouTube-и худ маросими тӯяшро нашр карда, аз мухлисонаш хостааст, ки наворро аз назар гузаронанд.

Ин маросим дар шаҳри таърихии Каппадокияи Туркия баргузор шуда, овозхон дар тан либосҳои арӯсӣ бо Иззат ном ҷавоне аҳди ишқ баставу издивоҷ мекунанд. Маълум аст, ки маросим аз рӯйи сенария таҳия шуда, овозхон бо шавҳараш дар он давоми қариб 7 дақиқа нақш офаридаанд. Лаҳзаҳои бӯсу канор ва ишқварзии Зулайхо бо шавҳараш миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тезу тундеро барангехта, бархеҳо ин амали овозхонро барои духтари тоҷик зебанда намедонанд. Қаблан сару садоҳо дар мавриди шавҳар доштан ё надоштани Зулайхо паҳн шуда буданд, аммо овозхон шавҳар доштанашро тасдиқ карда буду акси ӯро ба мухлисонаш нишон намедод. Барои гирифтани маълумоти бештар мо бо продюсери Зулайхо тамос гирифтан хостем, вале ба зангҳои пай дар пайи мо касе ҷавоб надоду кӯшишамон бенатиҷа анҷомид. Шабакаи “Хостаҳо” аз қавли продюсери овозхон менависад, ки Иззатулло шавҳари ҳақиқии Зулайхо будааст. Овозхон соҳиби ду писар Муҳаннад ва Юзорсиф аст, вале оё Иззат падари фарзандони Зулайхост, номаълум боқӣ мондааст. Худи Зулайхо мегӯяд, ки зани якум аст, лекин баъзе ҳолдонҳо ин иддаоро рад мекунанд. Бо дарёфти иттилои бештар шуморо дар шумораҳои баъдӣ огоҳ хоҳем кард.
Бознашр аз ҳафтаномаи "Оила"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД