Имрӯз Рустам Азимӣ, мутриби ҷавону овозадор зодрӯз дорад. Сомонаи Oila.tj ӯро ба ин муносибат шодбош гуфта, аз таҷлили зодрӯзаш пурсид.
Рустам зимни сӯҳбат бо “Оила” қайд намуд, ки модараш аввал ӯро бо ин сана табрик кард ва нисфирӯзӣ онро бо аҳли оилааш қайд кард, зеро бегоҳ дар тарабхонаи “Яккасарой”-и шаҳри Хуҷанд дар тӯй аст.
Рустам Азимӣ, сарояндаи ҷавону маҳбуб, 18 октябри соли 1989 дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1995 аввалин қадамҳои худро ба мактаби миёнаи зодгоҳаш гузошт. Меҳри санъаткор шудан аз хурдӣ дар дили ӯ ҷӯш мезад. Соли 2000, ки ҳанӯз даҳ сол дошт, дар озмуни "Лоиқхонӣ" иштирок карда, соҳиби ҷойи намоён гашт.
Соли 2000 оилаи ин сароняда ба шаҳри Хуҷанд кӯч бастанд. Рустам соли 2004 барои рушд додани маҳорати санъаткори худ ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳоҷиз қабул шуду онро соли 2008 хатм кард.
Рустам Азимӣ аввалин таронаи худро соли 2007 дар асоси оҳанги худашу шеъри Лоиқ Шералӣ бо номи «Гули оташпараст» барои мухлисон пешкаш кард ва сипас, ин силсила тӯлонӣ шуд.
Ӯ гуфт, то Соли нави милодӣ 7 таронаи навро бо клипҳояш пешкаши мухлисон мегардонад. Соли 2024 аз аввали баҳор бошад консертҳои худро дар шаҳри Хуҷанд, Душанбе ва дигар гӯшаҳо баргузор мекунад.