Formula novemver 2024
Пӯлод Шаропов: Ҳамсарам танҳо ба дуо ниёз дорад
2632

Духтару шавҳари Сурайё Қосимова ба кӯмак ниёз доштани ӯро рад карда, аз мақомот хостанд нафареро, ки эълони бардурӯғ додааст, муайян карда, ҷазо диҳанд.

Ба баёни Пӯлод Шаропов, шавҳари Сурайё Қосимова, ин гун одамон мехоҳанд бо истифода аз бемории ин овозхон «даромад» ба даст оранд.

Бояд гуфт, ки дирӯз баъди тасдиқи бистарӣ шудани хонум Сурайё дар Ҳиндустон нафаре бо номи Мадина Давлатова аз сокинон хост барои табобати ин овозхон кӯмак кунанд.

Гуфта мешуд, ки ин саҳифа ба сарояндаи маҳаллӣ аз шаҳри Бохтар Мадина Давлатова тааллуқ дорад, вале ин овозхон моли ӯ будани саҳифаро рад кард.

"Ба таваҷҷӯҳи тамоми истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан шабакаи Фейсбук расониданиям, ки саҳифаи Madina Davlatva ва рақамҳое дар он гузошта шудааст, ба банда ҳеҷ рабте надорад. Сӯистифода аз номи ман (Давлатназарова Соро Элназаровна) бо истифодаи аксу наворҳоям саҳифа кушода, эълони бардурӯғ додааст, ки гӯё ситораи санъати тоҷик Сураё Қосимова хоҳиши кӯмак доранд. Ба самъи ҳамагӣ мерасонам, ки ин рақам ва ин саҳифа ба ман ҳеҷ рабте надорад. Ва саҳифа фейкӣ буда аз аксу наворҳоям (шояд барои ҷалбу зиёд намудани обуначӣ бошад) истифода бурдаанд”, - шарҳ додааст сароянда Давлатова.

Ӯ аз мақомоти дахлдор хоҳиш кардааст, ки ин гуна одамҳоеро, ки бо истифодаи аксу наворҳои нафари дигар ба талбандагӣ даст мезананд, муҷозот намоянд.

Фарзонаи Хуршед, овозхони маъруф ва духтари Сурайё Қосимова низ хост мақомот соҳиби ин корти бонкиро пайдо карда, муайян кунанд, ки бо хоҳиши кадом аъзои хонаводаи ин ҳунарманд ба ҷамъоварии пул камар бастааст.

Шавҳари Сурайё Қосимова баъди нашри ин эълон гуфт, вазъи саломатии ҳамсараш хуб аст ва ӯ ҷуз дуо дигар ба чизе ниёз надорад.

Мо чанд бор кӯшиш кардем ба рақами мазкур тамос гирем, аммо он фаъол нест. Ҳамзамон, баъди дархости хонаводаи сароянда аз мақомот барои ҷазо додани соҳиби саҳифа эълони мазкур ҳазф шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД