Sebiston new 2024 october
ОЗОДБЕК РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ШУДУ ЮЛДУЗ АЗ “РӮЙХАТИ СИЁҲ” БАРОМАД
05.07.2020
ОИЛА
1626

 

Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков санаи 16-уми июн дар пайи як тағйироти кадрӣ ба мақоми ректори Донишкадаи санъати мусиқии миллии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ таъйин шудааст. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Назарбеков дар баробари ректори донишкадаи санъат таъйин шуданаш, вазири фарҳанги Ӯзбекистон низ мебошад ва гуфта мешавад, ки аз ин ба баъд ӯ ду вазифаи пурмасъулро иҷро мекунад. Ёдовар мешавем, ки овозхон моҳи январи имсол ба мақоми вазири фарҳанги Ӯзбекистон таъйин шуда буд. То он дам ӯ ба ҳайси муовини вазири фарҳанг фаъолият дошт. Ҳамзамон, дар пайи ин тағйироти кадрӣ Ҳунарманди хизматнишондодаи Ӯзбекистон Камолиддин Ӯрунбоев ректори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон таъйин шудааст. Ӯ низ дар баробари ректор таъйин шуданаш, дар мақоми роҳбари бадеӣ ва дирижёри Оркестри симфонии ҷавонон адои хизмат мекунад.

Маврид ба зикр аст, дар Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон масъалаи ба “рӯйхати сиёҳ”-и телевизионҳо афтидани овозхони маъруф Юлдуз Усмонова низ ба миён гузошта шудааст. “Юлдуз Усмонова дар “рӯйхати сиёҳ” нест. Литсензияи ӯ эътибори худро идома медиҳад. Барои фаъолияти ӯ ҳеҷ монеае вуҷуд надорад”,-гуфтаанд, дар вазорати фарҳанги Ӯзбекистон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД