Arzon march 2024
Ҷонибек Муродов дар Инстаграм баъзе сарояндаҳоро танқид кард
1453

 

Ҷонибек Муродов сарояндаи маҳбуби кишвар, писари овозхони маъруф, устоди ҳунар, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов аст.

Ҷонибек дар саҳифаи Инстаграми худ баъзе аз сарояндагонро танқид кард. Ӯ аввал сторизе кард, ки ду сароянда бо забони тоҷикӣ суруд дар васфи хар хонда истодаанд, ки суруд чунин матн дорад:

Як хар доштам, ҳанг мезад,

Гӯшоша дар санг мезад.

Як тоқӣ ҷавуш додам,

Катим шишта гап мезад.

Баъдан дар сторизи навбатии худ ба таври ҳазломез сухан гуфт. “Дӯстон, чӣ фикр доред, як суруд дар бораи гов хонам? Гов ё гӯсфанд?”,- пурсон шуд аз мухлисон ва илова кард: “Ҳозир ба шоир мегӯям, як шеъри нағз нависад”. Ҳамзамон, дар охир гуфт, ки “шӯхӣ шухӣ аст, вале як хел ҳофизонро садқаи забони тоҷикӣ кунад. Наход дар бораи хар суруд хонед? Инҳо сурудҳои кӯчагӣ ҳастанд. Инҳоро метавонӣ дар кӯча хонӣ ё дар байни дӯстон барои ханда. Лекин дар байни мардум хондаву клип кардан бисёр кори хато аст. Илтимос, ҳунармандон, матни шеърҳоро нигоҳ карда, бо шоирон ҳамкорӣ кунед. Шеърҳои пастмазмун нахонед. Ягон фоида надорад. Баъд, забони тоҷикиро эҳтиром кунед. Ин шеър ноҳурматӣ ба забон аст. Хайр, аллакай хондаанд. Ман ба онҳо муваффақият мехоҳам, вале дигар ин гуна забони тоҷикиро “издиватсия” накунед. Баъдан ҷавоб додан сахт аст!”.

Ёдовар мешавем, ки тӯли чанд моҳи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёре аз сарояндаҳои тоҷикро барои хондани сурудҳои пастмазмун танқид мекунанду аз Вазорати фарҳанг ҳамеша талаб доранд, то рафтори ин гуна сарояндаҳоро ба танзим дароранд, то бо сурудҳои бемаънии худ ба забони тоҷикӣ таъсири манфӣ нарасонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД