Мавсими ҳаҷи фарзӣ оғоз ёфта, имрӯзҳо қатори дигар мусалмонон аз кишвари мо низ гурӯҳ-гурӯҳ зоирин ба зиёрати Каъба мераванд. Тайи чанд соли охир як идда ҳунармандони машҳури тоҷик низ тавонистанд Хонаи Худоро зиёрат намуда, ҳоҷӣ шаванд.
Мо тасмим гирифтем, ки тариқи сомонаи Oila.tj дар бораи ҳоҷиҳои санъаткор ба шумо маълумот диҳем. Имрӯз аз ин силсила хотираҳои Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодиро аз зиёрати Каъба манзуратон мегардонем.
Афзалшоҳи Шодӣ: Ҳоҷӣ шудан ҷойи каттагӣ надорад!
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ дар давраи пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ - соли 1993 ба зиёрати ҳаҷ рафта буд. Ҳоҷӣ Афзалшоҳ мегӯяд, ки зиёрати Хонаи Каъба, яъне ҳаҷ кардан яке аз фарзҳои дини мубини ислом мебошад. Чуноне, ки намоз хондан, рӯза доштан, закот доданро Аллоҳ бар бандагонаш фарз гардонидааст, ҳаҷ кардан низ фарз аст. Бандаи мусалмон ба зиёрати Хонаи Каъба рафта, қарзи худро дар назди офаридгор адо мекунад, бинобар ин, ҳаҷ кардану ҳоҷӣ шудан ягон ҷойи воҳима ва каттагӣ надорад.
Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ хотираҳояшро аз ҳаҷ ба ёд оварда, чунин нақл кард: “Ҳеҷ кас дар Маккаю Мадина суруд намехонад, вале бо хоҳиши даҳҳо тоҷиконе, ки ҳанӯз сад сол пеш ба сарзамини араб рафта, он ҷо муқимӣ гаштаанд, ман дар ҳаҷ як соат баромад кардам. Албатта дар он ҷо сурудҳои рақсӣ не, балки таронаҳои пурмаънии тарбиявӣ хондам. Вақти баромадам аз чашмони аксари ҳоҷиёне, ки он ҷо ҳузур доштанд, ашк равон гашт. Рӯзи охир ба гусели банда омада, гуфтанд, ки мо - тоҷикон солҳои зиёде дар ин ҷо зиндагӣ кунем ҳам, ягон бор ҷамъ намешудем, вале шумо моро ҷамъ кардед ва бо сурудҳои пурмаъноятон дар боби Ватан, миллат, ёру диёр ва падару модар дубора ба ҳам муттаҳид намудед. Суруду мусиқӣ ана ҳамин хел қудрати бузург дорад!”.
Хонандагони азиз! Моро пайгирӣ намоед. Фардо хотираҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоеваро аз зиёрати ҳаҷ манзуратон мегардонем.