Сароянда, ровӣ ва шоумени овозадори тоҷик Мубориз Усмонов амбассадори ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» эълон шуд. Маросими имзои Созишнома байни Мубориз Усмонов ва раҳбарияти «Имон Интернешнл» 27-уми июл дар идораи марказии бонк баргузор гашта, дар он раҳбарони бахшҳои гуногуни ташкилот, блогерҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
“Ман ин вазифаро бо ифтихор ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ қабул кардам ва кӯшиш мекунам, ки “Имон Интернешнл”-ро ба таври арзанда муаррифӣ намоям. Фикр мекунам ҳамкории мо бо бонки “Имон” самаранок хоҳад гашт. Кӯшиш мекунем, ки тамоми хизматрасониҳои бонкро ба таври шаффоф ва содаю дастрас манзури мизоҷони сершумори “Имон Интернешнл” гардонем ва шумо рӯзҳои наздик самари ин ҳамкориро хоҳед дид”,- гуфт шоумени шинохтаи тоҷик Мубориз Усмонов пас аз имзои созишнома ва афзуд, ки шахсан худи ӯ, ҳанӯз 13 сол пеш, вақте аввалин радиостансияашро кушод, суратҳисоби онро маҳз дар “Имон” боз намуда буд ва солҳост, ки мизоҷи ин бонк мебошад.
“Ба ман сатҳи баланди хизматрасонӣ, фаврият ва муносибати хуби кормандони “Имон Интернешнл” бо мизоҷон бисёр писанд аст. Ба андешаи ман махсусан барои шахсоне, ки бо тиҷорат сарукор доранд, аз қарзҳо ва дигар хизматрасониҳои “Имон-бонк” истифода бурдан айни муддаост”,- мегӯяд Мубориз Усмонов.
Раҳбарияти бонк ба амбассадори нави худ изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки дар тарғиб ва рушди бонк саҳми арзанда мегузорад. Дар охир ба Мубориз Усмонов ва иштирокчиёни дигари чорабинӣ аз номи ташкилоти қарзии хурди “Имон Интернешнл” туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Мубориз Усмонов кадом маҳсулоти “Имон Интернешнл”-ро тарғиб мекунад?
Тавре Хосиятхони Соҳибназар, сардори бахши маркетинг ва фурӯши бонк зимни суҳбат бо мо гуфт, пас аз 25 соли талошҳо ниҳоят охири соли 2025 “Имон Интернешнл” литсензияи бонкӣ гирифтааст ва роҳбарияти бонк тасмим гирифтанд шахсеро ба сифати амбассадор интихоб намоянд, ки арзишҳои ташкилотро муаррифӣ карда тавонад. Мубориз Усмоновро маҳз ба хотири мақсаднокӣ, шахси боэътимод будан ва ҳамеша барои расидан ба ҳадафҳои худ талош варзиданаш интихоб кардаанд.
Минбаъд Усмонов тамоми хизматрасониҳои бонки мазкур, аз ҷумла қарзҳо, депозитҳо ва махсусан хизматрасониҳои рақамии «Имон Интернешнл”-ро муаррифӣ хоҳад кард.
«Имон Интернешнл» барномаи мобилиашро таҷдид ва доираи хизматрасониҳояшро васеъ мекунад
Қобили зикр аст, ки «Имон Интернешнл» яке аз пешсафтарин ташкилотҳои молиявӣ ва микроқарзии Тоҷикистон буда, ҳанӯз аз соли 1999 фаъолият менамояд ва дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 120 филиал дорад. “Имон Интернешнл” зиёда аз 10 навъ маҳсулоти қарзиро пешниҳод менамояд, ки ба се гурӯҳи асосӣ - истеъмолӣ, тиҷоратӣ ва лоиҳавӣ ҷудо шуда, ба дастгирии соҳибкорӣ, хариди мол ва эҳтиёҷоти шахсии шаҳрвандон равона гаштаанд. Аз ҷумла қарзҳои истеъмолӣ ва маишии “Боварӣ” аз 1 000 то 500 000 сомонӣ, “Баракат” - барои эҳтиёҷоти гуногун, аз 1 000 то 50 000 сомонӣ, қарзҳо барои рушди тиҷорат аз 20 000 то 250 000 ё то 500 000 сомонӣ, қарзи ипотека ё манзилӣ барои сохтмон ва хариди хона аз 10 000 то 200 000 сомонӣ ва молҳо ба нася барои хариди техникаи маишӣ, электронӣ ва телефону смартфон аз 1 000 то 30 000 сомонӣ.
Тавре сардори бахши маркетинг ва фурӯши бонк гуфт, бо мақсади боз ҳам васеътар гардонидани доираи хизматрасониҳои бонк имрӯзҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, барномаҳои мобилӣ аз нав таҷдид карда мешаванд.
Мо ба ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» ва амбассадори нави он Мубориз Усмонов фатҳи қуллаҳои нав ба навро таманно дорем!