Sebiston new 2024 october
Мастона Эргашева: Пирӣ нағз асту агар аҳаммият надиҳанд, мешикастааст
2531

 

71-солагии баҳори умри ҳунарманди асил Мастона Эргашева, ки аз наврасӣ ба навозандагию овозхонӣ рағбати зиёд дошта, дар миёни дӯстдорони санъати волои мусиқӣ ба зудӣ шуҳрати худро касб кард, имрӯз фаро расид.

- Шуморо ба ифтихори милодрӯзатон табрик мегӯему бароятон тани сиҳату умри дароз таманно дорем. Мегуфтед пушти муваффақиятҳоятон кӣ меистад?

- Ташаккур барои табрик ва барои он ки ба суроғи ман омадед. Дар пушту паноҳи ман баъд аз Худо аввал волидонам буданд, чунки онҳо ба ҳунармандон эҳтироми хос доштанду суруданҳояшонро дӯст медоштанд. Синфи 5 мехондаму ончунон завқи навохтани дутор доштам, ки андоза надошт. Аз пешам чӯб ё ягон шохаи дарахт мебаромад, онро мисли дутор менавохтам. Ҳамин шавқу завқи баланд нисбат ба дуторнавозии маро волидонам дида, дигар имкон надоштанд, ки маро барои идомаи таҳсил иҷозат надиҳанд.

- Замоне, ки шумо рӯйи саҳна омадед, мардум ба бонувони санъаткор чандон назари нек надоштанд. Волидонатонро чӣ гуна розӣ кардед, ки барои санъаткор шудан ба шумо як каф дуои сафед диҳанд?

- Солҳои 1969-1970 аз ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ духтаронро барои таҳсил дар шаҳри Душанбе иҷозат намедоданд, аммо ман аз ноҳияи Ҷайҳун ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат дохил шуда, аз устодони ин соҳа дарс гирифтам ва то ҳол дар ин самт фаъолият мекунаму 25 соли бобракати худро дар Ансамбли давлатии “Шашмақом”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун сарояндаи яккахон гузаронидааст. Соли 2003 бо ташаббуси Талабхуҷа Сатторов Консерваторияи миллӣ таъсис дода шуд ва то имрӯз ҳамчун омӯзгор фаъолият доранд.

- Мегӯянд, ки шумо бо марҳум Нигина Рауфова дугонаҳои ҷонӣ будед, ки ин рост аст? Баъзеҳо шуморо ҳатто “сегонаи ҷудонашаванда” меномиданд. Нафари сеюм, яъне дугонаи сеюматон кӣ буд?

Нуқра Раҳматова буд, ки бо ин кас то ҳол дӯстӣ дорем. Аз шахсиятҳои пешин, ки ҳамроҳи мо кор кардаанд, Улфатмоҳ Мамаданбарова ва Абдуҷалил Ҳошимов мебошанд. Дар синну соли мо як сухани хуш гуфтан ё дилбардорӣ кардан барои мо хеле зарур аст. Пирӣ нағз асту агар аҳаммият надиҳанд, мешикастааст...

- Баъзе мухлисонатон қисса мекунанд, ки замони Шӯравӣ дар тӯйҳо аз сари апаи Мастона пул мерехтанд. Ин то куҷо ҳақиқат дорад?

- Албатта, аз сари ману рақосаам пул мерехтанд. Боз пулро ҳамел кашида, мисли марҷон дар гарданам меовехтанд.

- Танҳо дар хазинаи тиллоии радио 200 суруд аз эҷоди шумо маҳфуз аст, ки аксарашро худатон оҳанг бастед. Бастани оҳанг ҳам мисли садо худододӣ аст ё дар натиҷаи таҷрибаи кори эҷодӣ таваллуд мешавад?

- Бастани оҳанг ба собиқаи корӣ дахл надорад. Сарояндае, ки ин корро оғоз карданӣ мешавад, бо суруди худаш шурӯъ мекунад. Ҳамон суруди аввалро агар шунаванда ё тамошобин хуб қабул кунад, ин дастоварди бузрг аст барои сароянда, зеро агар суруди аввал хуб пазируфта нашавад, эҳтимоли муваффақ шудан хеле кам аст. Ҳанӯз 15 сол доштам, ки овозамро дар радио сабт кардам ва Худоро шукр, ки аз ҳамон вақт мухлис пайдо кардаму то имрӯз маро хуш қабул доранд.

- Зани ҳунарманд, ки ҳамзамон тарбияи фарзанд, ногоҳубини шавҳар ва иҷро кардани корҳои хонаро бар дӯш дорад, бо кадом мушкилиҳо бештар рӯ ба рӯ мешавад?

- Соли 1974 донишгоҳро хатм кардаму бо Камолиддин Икромов, яке аз дойранавозони моҳири шаҳри Исфара, оила барпо кардем. Ҳамроҳ дар тӯйҳо баромад мекардем, ман дутор менавохтаму он кас доира. Оилаи хубу олидараҷа доштем, вале афсус соли 1982 дар як садамаи нақлиётӣ шавҳарам аз олам гузаштанд. Ду дфарзанд дорам - як писару як духтар ва онҳо 4-фарзандӣ доранд. Духтарам чор набера дораду ман 4 абера. Дигар имкони шавҳар кардан нашуд, зеро корҳоям хеле зиёд буданд. Мо ҳамдигарро дастгирии хуб мекардем ва зиндагии нағзро гузарондем.

 

- Ба духтароне, ки санъаткор шуданианд, чи маслиҳат медиҳед?

Новобаста аз он ки чӣ касбро интихоб мекунӣ, бояд одоби хуб дошта бошӣ. Дуюм, ростгӯю ростқавл бошӣ. Бонувоне, ки роҳи маро интихоб кардан мехоҳанд, бояд бисёр китоб хонанд, мазмуни шеъру ғазалро фаҳмида тавонанд. Ана ҳамон вақт роҳи санъату ҳунари вай дуру дароз мешавад.

- Барои суҳбати пурмуҳтаво арзи сипос!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД