Овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик Шаҳроми Абӯбакр ахиран сабаби чанд муддат таваққуф кардану дар саҳна набуданашро шарҳ дод. Овозхон дар барномаи «Муҳити зинда»-и Радиои нав изҳор намуд, ки ба фаъолияти бонкӣ машғул буд ва зиёд эҷод карда наметавонист.
«Сабаби чанд муддат хомӯш буданам ҳамин аст, ки дар бонк фаъолият доштам ва эҷод карда наметавонистам. Ҳоло кӯшиш дорам, ки ҳам дар бонк кор карда, тиҷорати худро пеш барам ва ҳам бо эҷоди сурудҳои ҷадид хотири мухлисонамро шод гардонам». Шаҳром мегӯяд, дар як вақт машғул шудан ба варзиш, фаъолият дар бонк, сабти суруду клипҳо ва нақшофарӣ дар филмҳо баъзан мушкилӣ пеш меоранд, вале инсон агар хоҳиш дошта бошад, ҳатман ба мақсад мерасаду муваффақ мешавад. Ёдовар мешавем, ки овозхон бо хоҳиши Музаффар Шодиев, як тан коргардон ва ҳунарманди ҷавон дар чандин филмҳои ӯ нақш офаридааст ва маҳорати ҳунармандии худро қаноатбахш арзёбӣ мекунад. Ҳамчунин, дар оянда низ омода аст, ки дар филмҳои дигар, ки сенарияи хуб доранд, нақш биофарад. Шаҳроми Абӯбакр соли 2012 оиладор шуда, имрӯз соҳиби як духтарча мебошад. Дар оянда орзу дорад, ки консерти зиндаи худро баргузор намуда, сурудҳоеро иҷро кунад, ки мухлисонаш мехоҳанд. Номбурда аз камтарин овозхонҳоест, ки садои нотакрор ва истеъдоди воло дорад. Чандест, ки нопайдо ва аз мадди назарҳо дур монда буд. Билохира, сабаби таваққуфашро шарҳ дод ва афзуд, ки аз ин ва пас дигарбора таваққуф нахоҳад кард.