Ҳофизи халқии Тоҷикистон Наимҷон Маҳкамов аз маъруфтарин сарояндагони тоҷик буда, беш аз ним аср мешавад, ки бо оҳангу таронаҳои рӯҳнавозу дилангезаш дар рушди санъати тоҷик саҳми арзанда мегузорад. Ин сарояндаи хушовоз на танҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо забонҳои ӯзбекӣ, туркманӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва русӣ низ бо маҳорати баланд суруд мехонад, ки ин аз доираи васеи эҷодӣ ва ҳунари баланди ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ин навбат тасмим гирифтем, ки аз ҳаёту фаъолияти эҷодии сарояндаи мумтоз Наимҷон Маҳкамов барои хонандагони азиз қисса намоем.
Оилаи ҳунарварон
Ҳофизи халқии Тоҷикистон Наимҷон Маҳкамов соли 1952 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, дар оилаи ҳунарманд таваллуд шудааст. Падараш Маҳкамбой ғижжакнавози маъруф буду аз уҳдаи навохтани дигар асбобҳои мусиқӣ низ ба хубӣ мебаромад. Ин муҳити фарҳангӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии эҷодии Наимҷон Маҳкамов нақши муҳим бозид.
“Аз хурдӣ дар олами мусиқӣ ба воя расидаам. Падарам ғижжакнавози моҳир буданду дигар асбобҳои мусиқиро низ хуб менавохтанд. Онҳагҳои марғубу дилнишини падар маро ба худ ҷалб месохт. Аллакай замони мактабхонӣ навохтани доира, танбӯр, наю рубобу ғижжакро аз падар омӯхтам. Пайваста дар маҳфилҳои мактабиву шаҳрӣ ҳунарнамоӣ мекардам. Ёздаҳсола будам, ки бо Ифтихорномаи Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ шудам. Аз ҳамон вақт сар карда вориди олами санъату ҳунар шудам ва то имрӯз дар ин ҷода фаъолият мебарам”,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Наимҷон Маҳкамов пайваста ба омӯзиши нозукиҳои санъати мусиқӣ пардохта, маҳорати худро такмил медод. Солҳои ҷавонӣ барояш давраи ҷустуҷӯ, таҷриба ва сайқал додани истеъдоди фитрӣ буданд. Бо гузашти вақт ӯ ҳамчун навозандаи моҳиру сарояндаи хушсалиқа шинохта шуд.
Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд...
Наимҷон Маҳкамов аз хурдӣ ба санъат шавқ дошта бошад ҳам, баъди хатми мактаби миёна бо маслиҳати падар ба факултаи механикии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон дохил шуда соли 1973 бомуваффақият хатм намуд. Солҳои 1973-1986 ҳамчун муҳандис дар фабрикаи трикотажи шаҳри Ӯротеппа фаъолият бурд. Аммо он ишқе, ки ба оҳангу тарона дошт ӯро ором намегузошт. Вай баробари фаъолияти меҳнатӣ сурудҳояшро тавассути радио, телевизион ва саҳнаҳои театрӣ пешкаши мардум месохт.
Шоири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ мефармоянд:
Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд,
Меҳри ӯ андар дилаш андохтанд.
Бале, он меҳру муҳаббате, ки аз хурдӣ ба соҳаи санъат доштам, маро ба худ ҷалб мекард. Фикр мекардам ман барои олами санъат ба дунё омадам ва бояд он маҳорату истеъдодеро, ки Худованд бароям додааст истифода намоям. Аз ин рӯ, замони дар фабрикаи Трикотажи Ӯротеппа фаъолият карданам дар озмунҳои эҷодиёти халқ, маҳфилҳои фарҳангӣ, тӯю маъракаҳо иштирок мекардам. Оҳангу таронаҳои нав эҷод намуда манзури дӯстдорони савту наво мекардам",- гуфт сарояндаи номӣ.
Ҳофизи хушсадо Наимҷон Маҳкамов пайваста дар озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок мекарду дар бештари он ғолиб меомад. Мавсуф туфайли дархости кумитаи тадорукоти барномаҳои «Бӯстон-1» ва «Бӯстон-2» ба унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон сазовор гардид.
Овози фораму оҳангу таронаҳои ҷаззобу дилнишин Наимҷон Маҳкамовро дар байни дӯстдорони савту наво маҳбуб гардонд. Ӯ дар саҳнаҳои гуногун ҳунарнамоӣ намуда, бо барномаҳои консертӣ дар дохилу хориҷи кишвар ширкат меварзид.
Таронаҳои рӯҳбахш
Наимҷон Маҳкамов баробари сурудхонӣ оҳангҳои марғубу дилнавоз низ эҷод кардааст. Ӯ ба ашъори шоирони классик ва муосир Саъдӣ Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Сайидоӣ Насафӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Сайидалӣ Маъмур ва дигарон оҳанг бастааст. Оҳангҳои бастааш ба таронаҳои «Ватан», «Комсомол», «Шукр дар даврони мо», «Ба дилбар», «Наргиси шаҳло», «Модарам», «Марши комсомол», "Ба Мирзо Турсунзода ", «Боди насим» ва ғайраҳо дар хазинаи мусиқии тоҷик ҳифз шудаанд.
“Мусиқӣ танҳо василаи фароғат нест, он воситаи пайванди наслҳост. Оҳанги хуб шеърро муассир ва ҳофизи хуб таронаро дилнишин месозад. Таронаи хуб ба инсон ғизои маънавӣ ва рӯҳу илҳом мебахшад. Аз ин рӯ, сароянда бояд ба матни тарона диққати бештар диҳад. Мутаассифона имрӯзҳо ба оҳангҳои рақсӣ таваҷҷуҳ мекунанду ба мӯҳтавои тарона кам аҳамият медиҳанд. Мо барои офаридани дилнишинтарин таронаҳо, ки қалбҳоро тасхир мекунад, аз ашъори шоирони классику муосир хеле зиёд дорем. Бояд ба онҳо оҳанги марғуб эҷод карда, пешкаши мухлисони савту наво намоем",- мегӯяд Ҳофизи халқии Тоҷикистон Наимҷон Маҳкамов.
Оҳангу таронаҳои эҷодкардаи Наимҷон Маҳкамов аз тарафи ҳофизони ҷавону хушовоз бо шавқ иҷро карда мешавад. Ҳамзамон сурудҳояш бозхонӣ мешаванд. "Ушшоқи Истаравшан", "Сиёҳчашмак", "Эй муҳаббат", "Ба дилбар" аз маъруфтарин таронаҳое мебошанд, сарояндагон бозхонӣ кардаанд.
”Дилшод”
Соли 1987 дар шаҳри Истаравшан ансамбли тарона ва рақси “Дилшод” таъсис ёфт, ки муассис ва роҳбараш Наимҷон Маҳкамов буд. Ин ансамбл солҳои зиёд барои мардум хизмат намуда, бо барномаҳои рангину ҷолиби худ маъруф гардид. Бо иштироки фаъол дар консертҳо ва фестивалҳо, ансамбли «Дилшод» ба яке аз гурӯҳҳои маъруфи ҳунарии минтақа табдил ёфт. Дар маҷмӯъ, ансамбли «Дилшод» як дастаи ҳунарии пурмаҳсул ва писанди мардум буд, ки бо барномаҳои зинда, мазмундор ва миллӣ дили ҳазорон мухлисро ба даст овардааст.
Наимҷон Маҳкамов ҳамчун сароянда сурудҳои классикии тоҷикӣ, таронаҳои халқҳои бародар ва оҳангҳои шарқиро бо маҳорати баланд иҷро мекард. Дар репертуари ӯ мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ишқу муҳаббат, ахлоқ, одамгарӣ ва худшиносӣ ҷойгоҳи хос дошт.
Дар солҳои аввали фаъолияти худ сароянда бо омӯзиши амиқи анъанаҳои мусиқии классикӣ, аз ҷумла шашмақом ва дигар жанрҳои суннатӣ, маҳорати худро такмил дод. Бо гузашти вақт, ӯ сабки хоси худро эҷод намуд.
Фаъолияти эҷодии Наимҷон Маҳкамов танҳо бо иҷрои таронаҳои классикӣ маҳдуд намешавад. Ӯ дар рушди фарҳанги миллӣ ва тарғиби мероси мусиқии ниёгон саҳми арзанда гузоштааст.
Наимҷон Маҳкамов на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳамчун сарояндаи бомаҳорат шинохта шудааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаи «Сурудҳои Наимҷони Маҳкам» буда, бо оҳангҳои худ дар ғанӣ гардондани хазинаи мусиқии тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Имрӯзҳо Наимҷон Маҳкамов 74-сола бошад, ҳам ҳамон аз пайи эҷоди оҳангу таронаҳои нав аст. Ҳофизи халқии Тоҷикистон Наимҷон Маҳкамов то имрӯз шогирдони зиёд тарбия намудааст, ки идомадиҳандаи оҳангу таронаҳои миллианд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ