Имрӯз операторҳо дар саросари ҷаҳон кӯшиш мекунанд, ки барои муштариёни худ ҳадди аксари роҳат ва дастрасиро фароҳам оранд.
Яке аз навовариҳои воридкардаи ширкати Tcell ин ёвари ҳушманд дар Telegram аст. Ин абзор ба муштариён имкон медиҳад, ки тамоми маълумоти заруриро дар бораи тарофаҳо, иқдомҳо ва хидматҳо дастрас кунанд ва иртиботи фаврӣ бо ширкатро таъмин кунанд.
Дастёри ҳушманд дар Telegram як роҳҳалли диҷитолӣ мебошад, ки ба муштариён имкон медиҳад маълумотро дар бораи тарофаҳо ва хидматҳои ширкат дастрас кунанд. Вай метавонад ба саволҳои муштариён ҷавоб диҳад, дар интихоби тарофаҳои мувофиқ ёрӣ расонад ва дар бораи хидматрасониҳои иловагӣ маълумот диҳад.
Ширкат инчунин ба муштариёни худ имконияти беназири иртиботро бо оператор дар WhatsApp пешниҳод мекунад. Ин ягона паёмрасони таъйидшуда дар Тоҷикистон аст, ки иртибот ва дастрасии боэътимодро таъмин мекунад. Муштариён метавонанд тавассути ин канали машҳур дар бораи тарофаҳо, хидматрасониҳо ва навсозӣ маълумоти мукаммал дастрас намуда, суолҳои худро бидиҳанд ва посухҳои фаврӣ гиранд.
“Мо ҳамчунин бо тавсеа ва беҳбуди каналҳои иртиботии худ идома медиҳем, то роҳатӣ ва амалкарди бештареро барои муштариёнро фароҳам орем. Дар ояндаи наздик васеъ намудани имкониятҳои дастёри ҳушманд, аз ҷумла навсозии автоматии маълумот дар бораи тарифҳо, иқдомҳо ва хидматҳои нав ба нақша гирифта шудаанд. Илова бар ин, дар канали WhatsApp функсияҳои нав ҷорӣ карда мешаванд, то ба муштариён муоширати бештар бо операторро фароҳам оранд", – гуфт мудири бахши бозорёбии Tcell Ойбек Тӯрақулов.
Шумо метавонед аз дастёри ҳушманд дар пайванди @Tcellservicebot истифода баред. Шумо метавонед машварати онлайнро дар Whatsapp бо рақами +(992) 927777777 дарёфт кунед.
Tcell нуқтаи дастрасии шумо ба дунёи рақамӣ аст!