Arzon march 2024
Чаро мардум Фирӯза Ҳафизоваро чашми дидан надоранд?
2539

 

Фирӯза Ҳафизова, овозхони шинохта ва пурмоҷарои тоҷик клиптаронаи ҷадиди худро ҳамроҳ бо овозхонҳои дигари тоҷик Рустами Нур, Шаҳло Давлатова ва Баҳодур Ҷӯраев бо номи “Калони хона”нашр кард, ки чун қаблӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

Ин навбат корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бар он назаранд, ки иштироки Фирӯза Ҳафизова клипро боз ҳам ҷолибу диданӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки бархеҳо вақтҳои охир ба тарзи сурудхонӣ, интихоби сару либос ва мазмуни таронаҳои Фирӯза эрод мегиранду ӯро барои пахшҳои мустақим ва суханҳои пасту баландаш дашном медиҳанд. То имрӯз клипро дар шабакаи YouTube зиёда аз 350 ҳазор нафар тамошо карда, ба мазмуни мазҳакавии он баҳои баланд додаанд. Тамошобинон умед доранд, ки қисми дувуми клип низ сабт ва пахш хоҳад шуд, зеро ба онҳо сахт писанд омадааст.

Бархеи дигар бар он назаранд, ки сатҳи Фирӯза Ҳафизова аз он овозхонҳое, ки исмашонро дар боло зикр кардем, баландтар аст ва ӯ набояд ҳамроҳи онҳо суруд мехонд. Фирӯза Ҳафизова миёни санъаткорони тоҷик ягона нафарест, ки ҳама шарҳҳои мухлисонашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехонад ва ба онҳо посух мегӯяд. Аксар вақт асабҳои ӯро хароб мекунанд ва дар ҷавоб дашномҳои қабеҳ мешунаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД