Имрӯз яке аз сарояндагони боистеъдоди тоҷик Анварҷон Ахмедов ҷашни милод дорад. Ин сарояндаи ҷавонро дар вилояти Суғд хурду калон хуб мешиносанд ва таронаҳои марғубашро дӯст медоранд.
Анварҷон 13 –уми ноябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи №6-и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамзамон мактаби мусиқии рақами 1-и шаҳри Хуҷандро дар риштаи скрипка хатм намуда, баъдан таҳсилашро дар Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз идома додааст.
Пас аз хатми коллеҷ ба шӯъбаи сурудҳои анъанавии факултети санъати ДДХ дохил шуда, онро низ бомуваффақият хатм кардааст.
Анварҷон Ахмедов зимни сӯҳбат бо “Оила” гуфт, имсол зодрӯзро дар дораи оила ҷашн гирифт.
Ин сарояндаи муваффақ рӯзҳои наздик чанд клипу таронаи навашро пешкаши мухлисон месозад. Моҳи марти соли 2024 Анвар Ахмедов бахшида ба 20- солаи фаъолияти эҷодиаш дар шаҳри Хуҷанд консерти калон баргузор намуда, баъдан дар шаҳри Душанбе низ барномаҳои рангини ҳунарӣ мегузаронад.
Ёдовар мешавем, ки Анварҷон Ахмедов соли 2006 бо Наргис Аҳмедова издивоҷ карда, соҳиби чор фарзанд - Шӯҳратҷон, Меҳронахон, Мижгонахон ва Амирҷон мебошанд.