Алла Пугачёва: Манижа сарояндаи фавқулода аст
20.09.2025
СИПЕҲР
155

Сарояндаи маъруфи рус Алла Пугачёва дар мусоҳибаи баҳсбарангезаш бо журналист Катерина Гордеева сарояндаи тоҷик Манижа Сангинро “истедоди фавқулода” унвон кард.

Ин нахустин мусоҳибаи Алла Пугачёва баъди Русияро тарк карданаш аст. Ин сарояндаи номвар пас аз оғоз шудани ҷанги Русияву Украина бо ҳамсараш ҳаҷвнигор Максим Галкин кишварро тарк карданд. Бо гузашти беш аз се сол Алла Пугачёва ба касе мусоҳиба надода буд. Ҳафтаи гузашта мусоҳибаи ӯ бо журналист Катерина Гордеева нашр шуд, ки дар камтар аз як ҳафта қариб 20 миллион нафар онро тамошо карданд.

Дар ин мусоҳиба журналист Катерина Гордеева аз бозхонии суруди “Сомолёти улетают” аз ҷониби сароянда Манижа Сангин савол дод. Ёдовар мешавем, ки Манижа Сангин чанд сол қабл ин сурудро дар консерти “Наша Алла” иҷро кард.

Алла Пугачёва дар мавриди ин сарояндаи тоҷик гуфт: “Манижа сарояндаи беҳтарин аст. Ӯ истеъдоди фавқулода мебошад. Гарчанде ӯ мисли имрӯзиён нест. Чун имрӯзиён муҳим нест, чӣ месароянд, балки барояшон муҳим аст, ки бо чӣ либос ва ороиш ба саҳна мебароянд...”.

Ёдовар мешавем, ки Манижа Сангин соли 1991 дар Душанбе таваллуд шуда, дар солҳои 1990, оилаи ӯ ба Маскав кӯч баст. Ӯ аз кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқ дошт ва таҳсилоти аввалини мусиқиро дар Маскав гирифт. Соли 2003 дар гурӯҳи кӯдаконаи “Ранетки” озмоиш дод, вале дертар фаъолияти мустақилонаашро оғоз кард. Соли 2007 бо гурӯҳи Assai ва баъдан бо Ru.Kola ҳамкорӣ дошт. Аз соли 2011 ба таври ҷиддӣ ҳамчун сарояндаи мустақил фаъол шуд. Услуби мусиқии ӯ омезиши поп, электроника ва унсурҳои фолклории тоҷикӣ ва шарқӣ мебошад.

Манижа дар таронаҳояш бештар ба масъалаҳои муҳоҷирон, ҳуқуқи занон, озодии шахсӣ ва худшиносӣ таваҷҷуҳ мекунад.

Соли 2019 ӯ суруди “Mama” («Модар») -ро баровард, ки ба мавзӯи зӯроварӣ дар оила бахшида шудааст. Ӯ бо сурудҳои ҷасурона ва матнҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи Русия баҳсу гуфтугӯҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Соли 2021 Манижа бо суруди “Russian Woman” (Зани рус) Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ кард. Ин суруд бо мазмуни феминистӣ ва зидди стереотипҳои ҷинсӣ мавриди баҳси густурда қарор гирифт. Дар финал ҷои нуздаҳум гирифт, аммо яке аз чеҳраҳои пуршӯру шавқи он сол буд. Ҳоло Манижа таваллуд кард ва соҳиби духтарча аст.

СИПЕҲР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД