goodwell
Ҳақиқатҳои ногуфта ва розҳои нуҳуфтаи Ҷаҳонгир Зарифов
15.08.2026
Oila.tj
29

Оилаи Зарифовҳо ҳамчун сулолаи эҷодкор дар саросари кишварамон кайҳо машҳур гаштаанд. Тӯхтамурод, Қобилҷон ва Хурсандмурод Зарифовро ҳамчун ҳунармандони асил дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон мешиносанд, дӯст медоранд ва суруду таронаҳои пурмаънояшонро бо шавқу завқи зиёд гӯш карда, ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо меоранд. Хушбахтона фарзандони боистеъдоди ин хонаводаи ҳунарвар роҳи падарони номварашонро пеш гирифта, имрӯз бо эҷоди таронаҳои марғуб ва дилнишин дар қалби ошиқони савту наво маъво гирифта истодаанд. Яке аз чунин ҷавонони ҳунарманд ва пурталош Ҷаҳонгир Зарифов мебошад, ки бо садои дилнавоз, қаду қомати саҳназеб ва навҷӯиву навгӯияш дар дили мардум ҷо шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда Ҷаҳонгир аллакай роҳ ва услуби хоси худро пайдо намуда, худро дар дунёи ҳунар ҳамчун як ҳунарманди ҳирфаӣ муаррифӣ намудааст, аз ин ҷост, ки ҳаводорони бешумораш ба ҳаёт ва эҷодиёти ин ҳунарманди ҷавон ҳамеша мароқ зоҳир менамоянд. Чанде пеш Ҷаҳонгир Зарифов меҳмони барномаи  «Ситора Life»-и сомонаи Oila.tj гашта, сирру асрори зиндагиашро кушод.

7 таронаи нав дар 6 моҳ

- Ҷаҳонгир дар ин рӯзҳои гармӣ тобистон бо чи корҳо машғулед?

- Ман қабл аз ҳама салому дуруди бепоёни худро ба кулли мардуми шарифи тоҷик мерасонам. Мисли дигарон мо ҳам аз паси ташвишҳои зиндагӣ ҳастем, илова бар ин, машғули корҳои эҷодӣ мебошам.

- Ба фикрам тӯли шаш моҳи охир ин аввалин мусоҳибаи шумо бо рӯзноманигорон аст...?

- Аз оғози соли 2026 бори дуюм аст, ки барои суҳбат бо журналистон розӣ шудам. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ин аз ғурури баланд аст, вале дар асл ин тавр нест. Мо ҳунармандон хеле серкор ҳастем ва аксаран вақте ба ин ё он барнома даъватамон мекунанд, фурсат намеёбем. Аммо новобаста ба ин, ман кӯшиш мекунам, ки касеро наранҷонам ва каме ҳам бошад, вақт пайдо карда, дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва зиндагиам тариқи расонаҳо ба мухлисонам маълумот диҳам.

- Серкориатон чӣ самар дод ва дар ним сол чанд суруди нав эҷод кардед?

- Ростӣ, ягон бор нашумурдаам, биёед якҷоя ҳисоб мекунем. Суруди “Моҳи камнамо”, “Зиндагӣ”, “Безорам”, “Бо ҳам”, “”Нозанин”, “Моҳи тобон” ва боз як таронаи дигар. Хулоса, дар шаш моҳ ҳафт таронаи навро манзури тамошобинон гардондам ва болои чанд суруди дигар кор карда истодаам ...

Ману Умедҷон дӯст не, бародарем!

- Чанде қабл Умедҷони Бурҳон дар ҳамин студия меҳмони мо буданд ва зимни суҳбат гуфтанд, ки ҳамроҳи Ҷаҳонгир як таронаи нав омода карда истодаем. Мегуфтед, ки ин чи гуна суруд аст?

- Умедҷон ҳунармандест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ мебошад. Таронаҳои 20-30 қаблро пайдо карда, рӯяшон хеле кор мекунад ва ин сурудҳоро ба замони имрӯз мувофиқ гардонида, аз нав зинда месозад. Аз ин зиёд дар бораи суруде, ки ману Умедҷон ҳамроҳ омода карда истодаем, гуфта наметавонам, чунки ин як сюрпризи мост барои ҳаводоронамон.

- Бо Умедҷон ин таронаро дар шакли дуэт месароед?

- Не, трио аст, вале овозхониро сеюмро намегӯям, зеро ин ҳам як сирри махфӣ аст.

- Ба назар чунин мерасад, ки шумо ва Умедҷон хеле дӯстони наздик ҳастед. Ин дӯстӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

- Ба назари ман дӯст гуфтан кам аст, ману Умедҷон бародар ҳастем. Умедҷон аз ман хеле хурд аст ва вақте қадамҳои аввалини худро дар ҷодаи санъат мегузошт, ҳамеша дар назди мо буд, маслиҳат медодем, роҳнамоӣ мекардем. Имрӯз ман бисёр фахр мекунам, ки Умедҷон хеле муваффақ гаштааст ва мухлисони бешумори худро дорад. Мо то ҳол бо маслиҳати ҳамдигар кор мекунем. Ман ҳамеша сурудҳои навамро ба ӯ фиристода, фикрашро пурсон мешавам, Умедҷон таронаҳои навашро пеш аз пахш ба ман равон мекунад, агар ягон ноҷурӣ дар суруд ҳис карда шавад, Умедҷон ошкоро мегӯяд, ки ака, агар ҳамин ҷояшро иваз кунед, хубтар мешавад ба фикрам, ман ҳам эродҳояморо мегӯям. Мо ҳеҷ гоҳ аз эроди ҳамдигар намеранҷем, зеро медонем, ки самимона ва  барои пешравии кор аст.

Лаҳзаҳои хотирмон аз ҳаёти эҷодӣ

- Одатан дар ҳаёти ҳунармандон лаҳзаҳои хотирмон ва фаромӯшнашаванда хеле зиёданд. Метавонед ягон лаҳзаи ҷолибро барои мухлисонатон қисса кунед?

- Боре маро ба як тӯйи арӯсӣ дар тарабхонаи “Яккасарой”даъват карданд. Вақте пурсидам, ки тӯй дар кадом толор аст, соҳиби маърака гуфт, ки Нобовар Чаноровро ҳам даъват кардааст ва ба ҳамон толоре, ки гурӯҳи “Шамс” аст, дароем. Мо каме дер кардем ва вақте вориди тарабхона шудам, аз пешхизмат пурсидам. Ба ман толореро, ки акаи Нобовар суруд мехонд, нишон доданд. Бо ду навозандаам вориди талор шуда, аз баранда ва дигар ҳунармандон хоҳиш кардам, ки ба ман навбат диҳанд, чунки вақт хеле кам монда буд. Ҳама розӣ шуданд ва ман қариб як соат ҳунарнамоӣ карда, домоду арӯсро ба хонаи бахт гусел намудам. Вақте маърака тамом шуд ба соҳиби тӯй занг задам, то ҳаққи хизматамонро бигирем, вале вай бо қаҳру ғазаб пурсид, ки шумо дар куҷоед? Ҳайрон шуда гуфтам, ки охир ман як соат суруд хонда, хотири меҳмонони шуморо шодсохтам, вале соҳиби тӯй гуфт, ки аз афташ шумо хато карда ба толори дигар даромадаед ва хеле хафагӣ кард, ки ба қавле ӯро “подводит” кардем. Баъдан маълум шуд, ки акаи Нобовар аслан дар толори дигар ҳофизи асосӣ будааст ва танҳо барои чанд суруди табрикотӣ хондан ба ин толор гузаштааст. Ман бо дидани ӯ хато карда, тӯйеро, ки дар асл ба он даъват нашуда будам, обод кардаам... (механдад)

Ҷаҳонгир Зарипов чи тавр машҳур шуд?

- Ҷаҳонгир, чӣ ё кӣ боис гашт, ки шумо ба ҷодаи санъат роҳ ёбед ва машҳур шавед?

- Падарам Хурсандмурод Зарипов Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ҳастанд, албатта обрӯю мақом доранд ва бисёриҳо он касро ҳурмату эҳтиром мекунанд, вале он кас асосан дар жанри мусиқии классикӣ ва “Шашмақом” месароянд. Азбаски ман роҳи эстрадаро пеш гирифтам, он кас ба ман кӯмак карда наметавонистанд, зеро бо асбобҳои барқӣ ва мусиқии муосир сарукор намегирифтанд. Касе ҳам набуд, ки маро дар ин ҷода раҳнамоӣ кунад. Аз хурдӣ, ки дар дилам ишқи санъат шӯъла мезад ва худам мустақилона нозукиҳои эстрадаро омӯхтам, кор бо асбобҳои барқӣ ва чи тавр “оранжировка” кардани сурудҳоро  ёд гирифтам. Албатта, буданд дӯстоне, ки дар самти клипҳо ва такмил додани оранжировкаи таронаҳоям ба ман ёрӣ расониданд, вале шахсе, ки дар соҳиби обрӯ гаштанам нақши асосиро бозида бошад, набуд. Танҳо як маротиба бо Мастер Исмайл як таронаро ҳамроҳ сурудем, вай рэп хонд ва ман нақароти он таронаро сурудам. Он вақт Мастер Исмайл хеле машҳур буд ва маро на ҳама мешинохтанд.

 Ӯ намедона, ки нестӣ ошиқ,

Ӯ намедона, ки дорӣ арӯс

Ӯ намедона, ки мепартоиш

Ӯ намедона, на, намедона...

Ана ҳамин тарона буд. Суруд “Хит” шуда буд, вале бисёриҳо гумон мекарданд, ки ман ҳам рэпсаро ҳастам.  Садоямро мешинданд, вале чеҳраамро ҳанӯз намешинохтанд ва то ба имрӯз бисёриҳо намедонанд, ки он таронаро ман бо Мастер Исмайл сурудаам.

- Маҳз кадом тарона ба шумо шӯҳрат овард?

- Мардуми водии Зарафшон маро бо суруди “Хонимгули ҷун ҳавлии боло мерӣ” мешинохтанд, чунки ин таронаро пештар падарам ва амакам мехонданд, вале суруде, ки маро дар байни мардум ҳамчун Ҷаҳонгир Зарифов муаррифӣ кард “Ман, ки канори ту одат кардам, медонӣ?” буд. Пас аз ин боз як суруди дигар хондем, ки чунин оғоз меёфт: “Ҷон, агар ширин бувад, пас бидон ҷони туам” ва ҳамин тавр роҳи ман ба ҷодаи ҳунар боз шуд. Аммо ҳанӯз корҳои зиёде ҳастанд, ки бояд ба анҷом расонем.

Ҷаҳонгир Зарипов тири ишқ хӯрдааст?

- Таронаҳои пурдарди ошиқонаатонро шунида, бисёриҳо мегӯянд, ки Ҷаҳонгир тири ишқ хурдааст. Дар асл чунни аст?

- Дар зиндагӣ ҳар як шахс тири ишқ мехурад. Шахсе, ки мегӯяд дар умраш ошиқ нашудааст, ман ба ӯ бовар намекунам, чунки ин аз худи инсон вобаста нест. Ишқ доди парвардигор аст. Ба дил фармон дода намешавад, ки касеро дӯст дорад ё надорад.

- Баъзе мухлисонатон сурудҳои шуморо гӯш карда мегӯянд, ки Ҷаҳонгир ин таронаашро дар бораи мо сурудааст ё аз ҳаёти мо гирифта шудааст...

- Мо ҳунармандон ҳамеша кӯшиш мекунем, ки рози дили мардумро бисароем. Зиёд аст ҳолатҳое, ки ду ошиқи зор ба ҳамдигар намерасанд ё байнашон нофаҳмиҳо сар зуда, ҷудо мешаванд. Ман фикр мекунам, ки бештар бо сабаби телфон ва шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонони дилдода ё зану шавҳарони ҷавон баҳсу мунозираҳо сар мезананд ва кор то ба ҷудоӣ мерасад. Вақте мо ҳамаи инро аз як паҳлӯ мебинем, ҳаракат мекунем, ки дарди мардумро сароем.

- Аксари мухлисонатон аз ноҳияҳои дурдаст гила мекунанд, ки чаро Ҷаҳонгир дар шаҳру ноҳияҳои мо консерт намедиҳад...

- Гумон мекунам, ки ин камбудии ҳамаи ҳунармандон аст. Мо бояд кӯшиш кунем, ки дар шаҳру ноҳияҳо низ барномаи консертӣ барпо намоем, вале мушкил дар он аст, ки ҳунарманд наметавонад аз пеши худ консерт гузорад. Дар ҳар як ноҳия аз шахси маъсул лозим аст, ки бо мо ҳунармандон ба алоқа баромада, дар бораи баргузор намудани барномаи консертӣ маслиҳат кунад ва дигар давутози вобаста ба ин барномаро ба дӯш бигиранд. Дар он ҳолат мо метавонем дар дилхоҳ шаҳр ё ноҳия консерт диҳем. Агар чунин шахсон пайдо шаванд, хеле хуб мешавад, чунки мухлисоне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, ташнаи санъат, ташнаи дидори ҳунармандон ва ташнаи чунин барномаҳои рангини консертӣ ҳастанд. Дар пойтахт қариб ҳар ҳафта консерт ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд, вале дар минтақаҳои дурдаст мардум танҳо дар иду ҷашнҳои давлатӣ бо мо, аҳли ҳунар рӯ ба рӯ мегарданд ва суруду таронаҳои нав мешунаванд. Шахсан ман орзу дорам, ки Кӯлоб, Рашт, Бохтар, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Файзобод, Панҷ, Бадахшон, хулоса дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон консерт диҳам, вале барои ин дар ҳар як ноҳия шахсони санъатдӯсте лозиманд, ки аз пайи ин кор шаванд ва мисли як пули устувор барои ба дидори ҳамдигар расидан мухлисон ва аҳли санъат ёрӣ расонанд.

Ҷаҳонгир Зарифов бо тиҷорат машғул аст?

- Мегӯянд, ки Шумо дар баробари санъаткор будан боз бо тиҷорат низ машғулед ва ба қавле бизнеси худро доред. Рост аст?

- Фикр мекунам, ки дар замони муосир ба мард танҳо як ҳунар кам аст. Барои пеш бурдани зиндагӣ мард бояд чил ҳунар дошта бошад ва аз ӯҳдаи ҳама кор барояд. Аз байни соҳибкорон дӯстони зиёде дорам ва худам низ кам-кам бо тиҷорат машғул мешавам. Баъзан дӯстони тоҷирамро бо ҳамдигар ошно месозам, то тиҷораташон боз ҳам бештар рушд карда, корашон пеш равад.

Дар сари қаҳр телефонро зада мешикастам, вале...

- Шумо чанд сол пеш дар як суҳбат иқрор шудед, ки агар гапатон бо занатон гурехта, сахт ба ғазаб биёед, дар сари қаҳр телевизор ё телефонро зада мешиканед. Ҳоло ҳам чунин марди оташинед?

- Не, он вақт ҷавон ва ба қавле хун дар ҷӯш будем. (Механдад) Ростӣ панҷ соли охир ман хеле тағйир ёфтаам. Солҳои аввали зиндагӣ байни зану шавҳарони ҷавон бисёр нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд, вале ман ҳамин қадарашро фаҳмидам, ки инсон бояд дар зиндагӣ сабур бошад. Шукри худо ҳоло мо ҳаёти ором ва осоишта дорем. Фарзандонамон калон шуда истодаанд ва кибру ғурури ҷавониро як сӯ гузошта, ҳарду танҳо аз пайи тарбияи онҳо ҳастем.

- Ҳамсари шумо аз Рашт ҳастанд. Бисёриҳо бовар намекунанд, ки чи тавр як марди зарафшонӣ метавонад аз Рашт зан бигирад. Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки бо янга чи хел шинос шудед ва дилашонро ба даст овардед? 

- Ман як сирро ба шумо мекушоям. Вақте ки ман бо ҳамсари имрӯзаам шинос шудем, намедонам аз чи сабаб бошад, вай гуфта буд, ки аз Хуҷанд аст ва дар шаҳри Душанбе ба воя расидааст.  (Механдад) Пас аз хостгорӣ рафтан ба хонаашон фаҳмидем, ки аслан аз Рашт будаанд.

- Дар куҷо ва чӣ тавр шинос шудед?

- Он солҳо Мail агент дар мӯд буд ва мо ҳам мисли дигар ҷавонон тариқи Мail агент шинос шуда будем, баъд аз наздик вохӯрдем. Бисёр духтари ҷиддӣ ва эҳтиёткор буд, ошкоро гуфт, ки агар бо ман бозӣ карданӣ бошӣ, беҳтараш аз паси зиндагиат шав, вале нияти оиладорӣ дошта бошӣ, метавонӣ хостгорҳоятро равон кунӣ. Ҳамин тавр аҳду паймон бастем ва инак 15 сол мешавад, ки бо ҳам ҳастем.

Шабзиндадории ҳунармандон

- Шаби гузашта соатҳои як-дуи шаб аксеро ба қавле “история” карда дар зераш “вақти корӣ”навиштед. Магар сари ягон суруди нав кор карда истодаед?

- Мо ҳунармнадон ҳамеша шабзиндадор ҳастем. Бегоҳ соатҳои 7-8 ба студия рафта, баъзан то соатҳои чор-панҷи субҳ кор мекунем. Илҳоми аҳли санъат бештар шабона ҷӯш мезанад, чунки шаб ором аст.  Дирӯз ҳам баъди тӯй ба студия рафта, рӯйи як суруди нав кор кардем, ки чунин оғоз меёбад:

Шаб фаро расиду ёд кардам туро

Дар сукути дил фарёд кардам туро

Хуфта будам дар канори ғуссаҳо

Бо хаёли ишқ овоз кардам туро

Ёд кардам, ёд крадам азизам,

Ёд кардам, ёд кардам азизам туро...

Худо хоҳад ба наздикӣ ин тарона пешкаши мухлисон мегардад.

 

Нофаҳмӣ бо Комилҷон

- Мегӯянд, ки дар ҷавонӣ бисёр бачаи шӯху бебок будед, вале имрӯз ба як ҷавони хеле оромтабиат ва бозарофат табдил ёфтаед. Ба шумо чи гуна муяссар гашт, ки хислатаонро иваз намоед?

- Дар ҳақиқат дар ҷавонӣ хун дар рагҳои инсон меҷӯшад ва худ инро нафаҳмида вақти зиёдеро ба бозию корҳои беҳуда сарф мекунӣ, аммо вақте мард ба камол мерасад, ақлаш ба ҷояш меояд. Вақте ки худат падар ва соҳиби фарзанд мешавӣ, баъд ба қадри падару модар ва он ҳама ранҷу заҳмате, ки волидонат дар тарбияи ту кашидаанд, мерасӣ. Замони кӯдакии мо ҳавзҳое, ки имрӯз ҳастанд, вуҷуд надоштанд ва мо ба гапи калонҳо гӯш накрада, аз падару модар пинҳонӣ ба каналҳо рафта оббозӣ мекардем. Он солҳо телефон ҳам набуд ва аксар вақт падарам химчак дар даст кофта-кофта ба лаби канал меоманад, аммо дилашон намешуд, ки маро зананд. Имрӯз ман худ падар ҳастам ва метарсам, ки фарзандамро танҳо ба мағоза, ки дар поёни бинои истиқоматиамон ҷойгир аст, фиристам. Акнун дарк мекунам, ки дар вақташ чи қадар падару модарамонро азоб додем ва то баргаштани мо онҳо дар хона чи қадар тарсу изтиробро аз сар мегузарондаанд.

- Муносибататон бо амакатон Қолибҷон Зарифов ва писарашон Комилҷон чи гуна аст? 

- Хуб аст, саломуалейк мекунем, аҳволпурсӣ мекунем...

- Мегӯянд байнатон ноҳфаҳмӣ ва ихтилофҳо ҷой доранд...?

- Одамизод бе камбудӣ, бе хато нест ва нофаҳмиҳо дар дилхоҳ оила мешавад, вале нофаҳмиҳоро сари вақт бартараф кардан лозим аст. Айни замон муносибати мо хеле хуб аст, пеш ҳам бад набуд...

Блитс-интервю

- Ҷаҳонгир мо бо шумо блитс-интервю бозие гузарониданием, ки “ин ё он?” ном дорад. Шумо бояд аз ду ҷавоб ба як савол фақат яктояшро интихоб намоед. Розӣ ҳастед?

- Албатта!

- Консерти пур аз тамошобин ё тӯйи сердаромад?

- Консерти пур аз тамошобин.

- Як миллион сомонӣ беҳтар аст ё як суруде, ки тамоми ҷаҳон мешунавад?

- Як суруде, ки тамоми ҷаҳон мешунавад.

- Либое, ки ҳамсаратон интихоб кардааст ё либосе, ки бо завқи худ харидед?

- Албатта либосе, ки бо салиқаи худ интихоб мекунам.

- Ҳадя гирифтан ё ҳадя кардан?

- Ҳадя гирифтан (Механдад)

- Саҳна ё студия?

- Саҳна

- Субҳи барвақт ё шабзиндадорӣ?

- Орзуи субҳи барвақт дорам, вале зиндагиам куллан шабзиндадорӣ гаштааст.

- Пул ё шуҳрат?

- Шуҳрат

- Ишқ ё касб?

- Ишқ

- Чой ё қаҳва?

- Қаҳва

- Кӯҳ ё баҳр?

- Баҳр.

- Дӯстони зиёд ё як дӯсти самимӣ?

- Як дӯсти самимӣ

- Ҳавои боронӣ ё барфӣ?

- Ҳавои боронӣ.

- Инстаграм ё ютуб?

- Инстграм

- Душанбе ё Истамбул?

- Душанбе

- Оши палав ё сихкабоб?

- Оши палав

- Аз Худо писар мехоҳед ё духтар?

- Духтар. Шукри худо ду писару як духтар дорам ва аз Худо боз як духтари дигар мехоҳам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД