Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ:
- сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ – 2 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.
Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:
- мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:
- мутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.
Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак:
- сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ;
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:
- мутхассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.
Шуъбаи низоми ахбороти идоракунии маориф ва илм:
- сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.
Шуъбаи аудити дохилӣ:
- мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
- мутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.
Шуъбаи сифати таҳсилот:
- мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:
- сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.
Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.
Талабот ба довталабон:
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
- маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ:
- таҳсилоти олии касбии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ё табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:
- таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
- кор карда тавонистан бо компютер.
3. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
4. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак:
- таҳсилоти олии касбии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ё табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
5. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
6. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи низоми ахбороти идоракунии маориф ва илм:
- таҳсилоти олии касбӣ иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
7. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
8. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ:
- таҳсилоти олӣ ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
9. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот:
- таҳсилоти олӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
10. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Эзоҳ: Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 28-уми апрел қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: [email protected], сомона: www.maorif.tj