Аз 1 то 31-уми октябри соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар маъракаи оммавии иммунизатсияи духтарони 10-14-сола бар зидди вируси папилломаи одам гузаронида мешавад, ки мақсади асосии он ҳифзи саломатии духтарон мебошад.
Ба духтарон ба таври ройгон ваксинаи “Гардасил” гузаронида мешавад, ки онҳоро дар оянда аз хатари гирифторшавӣ ба бемории саратони гарданаки бачадон муҳофизат мекунад.
Бояд гуфт, ки вируси папилломаи одам яке аз вирусҳои хатарнок дар ҷаҳон ба шумор рафта, зиёда аз 200 намуд дорад, махсусан навъҳои 16 ва 18-и вируси мазкур хатари зиёд дошта, боиси пайдо шудани саратони гарданаки бачадон дар занон, саратони узвҳои таносул дар мардон, ҳамчунин саратони узвҳои ковокии даҳон ва мавқеи аногениталӣ мегарданд.
Бо мақсади пурсамар гузаронидани маъракаи оммавии иммунизатсияи духтарони 10-14-сола ба муқобили вируси папилломаи одам, моҳҳои май-июни соли 2025 ба ҷумҳурӣ 496 410 вояи ваксинаи «Гардасил» ва моҳи сентябр боз 24140 ваксина ворид карда шудааст. «Гардасил» ваксинаи чорвалентае мебошад, ки барои пешгирии 4 намуди вируси папилломаи одам (6, 11, 16 ва 18) пешбинӣ шудааст, зеро маҳз ҳамин намудҳои вируси мазкур боиси пайдоиши бемориҳои саратони пӯст, пардаҳои луобии бадан, гарданаки бачадон ва дигар узвҳои ҷинсӣ мешаванд. Ваксинаи «Гардасил» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истеҳсол шуда, барои духтарони аз 9 то 14-сола тавсия мешавад, зеро дар ин синну сол иммунизатсия таъсир ва самарабахшии баланд дошта, масунияти қавии баданро таъмин менамояд. Самарабахшии ваксинаи «Гардасил» пас аз гирифтани як вояи он 97% ва аз он болоро бар зидди намудҳои 6, 11, 16 ва 18-и вируси папилломаи одам ташкил медиҳад.
Иммунизатсия аз ҷониби кормандони тиб дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, яъне дар мактабҳо гузаронида мешавад. Духтароне, ки бо ягон сабаб дар мактаб воксина гирифта натавонистаанд, дар муассисаҳои тиббии макони зисташон иммунизатсия карда мешавад.
Бо гирифтани 1 вояи ин ваксина духтарон дар оянда аз хатари гирифтор шудан ба бемории саратони гарданаки бачадон эмин мемонанд.
Дар барномаи навбатии “Солимӣ” табибони Маркази ҷумҳуриявии “Имуннопрофилактика” ва “Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ” дар бораи мақсад ва аҳамияти иммунизатсия, паҳншавии бемории саратони гарданаки бачадон дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ маълумот медиҳанд.