Super - Star
Ҷухӣ Чавла аз Амирхон фарзанди ҳаромӣ зоид? (Видео)
262
0

Ҷухӣ Чавларо дар саросари ҷаҳон мухлисони синамо хуб мешиносанд ва филмҳои офаридаашро бо шавқу завқи беандоза тамошо мекунанд. Ҳамин ҷозибаи ҳунараш боис гашту хонандагони сершуморамон дархостҳои пай дар пай ирсол намуда, моро ба ҷустуҷӯйи сарнавишти ин бонуи фариштарӯй водор карданд. Сомонаҳои гуногуни интернетиро такорӯ намуда, мо дар бораи Ҷухӣ Чавла маълумотҳои бисёр аҷоибу ғароиб пайдо намудем. Мехоҳед, асрори зиндагии актрисаи писандидаатонро бидонед? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

 

Духтар ё офтобак?

13-ноябри соли 1967 дар оилаи Чавлаҳо духтараки фатиламӯйе ба дунё омада бо овози ҷарангосиаш аҳли хонадонро дар ҳайрат гузошт. Баробари дидани чеҳраи тифли ба дунё овардааш модар чанд муддат аз хӯрду хӯрок монд, падар низ даҳони калони духтарашро дида, дар ташвиш афтид. Чанд рӯз пас зану шавҳар фарзандашонро ба назди духтур бурданд, то бо роҳи ҷарроҳӣ лабонашро кӯтоҳ намоянд, аммо табиб онҳоро мазаммат намуда гуфт: «Даҳони калони ин тифл нишонаест аз олами боло ва аз он дарак медиҳад, ки духтарча ояндаи дурахшон дорад!» Хонаводаи Чавла бо шунидани ин суханони духтур каме ором шуда ба духтарча исми зебои Чуҳи гузоштанд, ки тарҷумааш ёсуман мебошад.
Хонаводаи Чавлаҳо дар иёлоти Панҷоби Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд. Ҷуҳӣ рӯз то рӯз калонтар шуда ҳуснаш таровати тоза ба тоза мегирифт. Ба назар чунин мерасид, ки Худованд дар симои ин духтарак шоҳасареро офаридан мехоҳад ва рӯз то рӯзу сол то сол ин муҷассамаи зебоиро такмил дода, то ҳадди камол расониданист. Замони тифлӣ даҳони калони Ҷуҳӣ волидонашро ба ташвиш афганда буд, вале баъди ба камол расидани духтаракашон табассуми зебои ӯро дида дарёфтанд, ки даҳони калони Ҷухӣ дар ҳақиқат туҳфаи илоҳӣ будааст. Вақте Ҷухӣ механдид, ба ҳуснаш ҳусни дигар зам гашта ба назар чунин мерасид, ки духтар не, офтобаки оламоро табассум дорад.

 
Маликаи ҳусн
Вақте Ҷухӣ мактаби миёнаро хатм намуд, оилаи онҳо ба шаҳри калонтарини Ҳиндустон-Бомбей кӯч бастанд. Шаҳри калон ин духтараки нозанинро бо шӯру ғавғо ва ҳаёти пур аз шӯру хурӯшаш пешвоз гирифт. Акнун Ҷухӣ духтари шаҳрӣ шуда буд ва ҳамроҳи дугонаҳояш пайваста дар озмунҳои гуногун иштирок менамуд. Соли 1984 бахт ба рӯяш хандид ва аз байни миллионҳо духтарони паричеҳра ҳакамони озмуни «Зебосанами Ҳиндустон» маҳз Ҷухӣ Чавларо ғолиб эълон намуданд. Акнун аксҳои зебои ин паричеҳра дар калонтарин шаҳрҳои кишвар насб карда шуда, ба рӯйи мардуми сарзамини афсонавии Ҳинд бо табассум менигаристанд.

Як гулу сад харидор

Ғолибият дар озмуни «Зебосанами Ҳиндустон» Ҷухиро ба гули сари сабади кишвар табдил дод. Ширкатҳои бонуфузтарини мамлакат барои дили ин маликаи ҳуснро ёфтан маблағҳои ҳангуфт пешниҳод мекарданд, зеро пайдо шудани таблиғот бо акси «Зебосанами Ҳиндустон» ҳам шуҳрати корхонаро баланд мебардошту ҳам мизоҷонашро афзун менамуд. Мурғи шуҳрат дар сари китфи ин париваш баҳузур нишаста дар китоби умраш саҳифаҳои нав ба навро боз менамуд. Ҷухӣ ба ситораи ҳақиқӣ табдил ёфта буд, як рӯз ӯро барои таблиғи молу маҳсулот даъват мекарданд, рӯзи дигар ба намоиши мӯд, рӯзи сеюм ба телевизион ё радио. Харидорони ҳусни расо ва табассуми зебои ошиқкушаш ончунон зиёд буданд, ки нозанини шуҳратёр намедонист чи тавр аз муштариёнаш гурезад.                                                                           Роҳ ба кӯйи шуҳрат

Чеҳраи малакутии «Зебосанами Ҳиндустон» аз чашми тезбини синамогарон низ дур намонд ва дере нагузашта коргардонҳои Болливуд Ҷухӣ Чавларо барои офаридани ду филм ба майдони синамо даъват намуданд. Актриса зебою дилкаш бошад ҳам, ду нақши аввалаш ба ӯ муваффақият наоварданд, зеро кино дунёи дигар аст ва танҳо ҳусни расои худодод барои комёб гаштан дар ин жанри бисёр душвор кофӣ нест. Мунаққидон актрисаи ҷавонро зери тозиёнаи танқид гирифтанд. Ба ҷойи Ҷухӣ каси дигар мебуд, шояд меранҷид ё дилсард гашта дигар то охири умраш ёди синамо намекард, вале Ҷухӣ аз рӯйи мучал ақраб аст, ақрабҳо бошанд, ҳеҷ гоҳ таслим намешаванд. Шикасту нокомӣ ақрабҳои афсунгарро қувваю мадори нав мебахшад, зарбаҳои тақдир бошанд, ақраби мурдаро дубора зинда мекунанд. Ҳамин руҳи бузурги ақраб Ҷухиро барои то охир мубориза бурда, ғолибона табассум намудан такон медод. Актриса шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта дар болои филми сеюмаш «Ҳукм» кор мекард ва ниҳоят он лаҳзаи деринтизор фаро расид. «Ҳукм» аз рӯзи аввали пешкаши тамошобинон гаштанаш таваҷҷуҳи мардумро ба худ кашида ба офарандагонаш даромади калон овард. Пас аз филми «Ба пешвози муҳаббат» бошад, Ҷухӣ ба буте табдил ёфт, ки мардум ба пояш саҷда мекунанд. Маҳз бо шарофати ҳамин филм актриса унвони «Ҳунарпешаи сол»ро ба даст овард. 

Ишқи ниҳон

Аз соли 1997 Ҷуҳии париваш бо тоҷири машҳури ҳинду Ҷай Мехта муносибати ошиқонаро шуруъ намуд, вале касе аз сири пинҳонии онҳо бохабар набуд. Актриса ва Ҷай баъди хатми Колеҷ шинос шуда буданд. Оилаи Ҷай дар Лондон зиндагӣ мекарданду худи Ҷай дар Ню-Йорк таҳсил менамуд. Дар ҳама шабнишиниҳо Ҷай Ҷухиро ҳамроҳӣ мекард. Ҷай яке аз беҳтарин ҷавонмардони Ҳиндустон ба шумор мерафт, Чухӣ низ аз ошиқаш монданӣ надошт, ӯро ҷаҳон мешинохт ва мардум бо ҳавас ба ин ҷуфти зебою муносиб менигаристанд, вале хонаводаи ҷавон ба издивоҷи писарашон бо актриса розӣ набуданд.

Тӯйи бе шоҳид

«Тӯйи ману Ҷай дар Лондон пинҳонӣ гузашт. Наздикони шавҳарам маро аз касби дӯстдоштаам боз доштан мехостанд, вале Ҷай мардона маро пуштибонӣ менамуд»,- гуфтааст Ҷухӣ ба хабарнигорон. Зиндагии навхонадорон ширин мегузашт, вале пас аз филми «Муҳаббати беҷавоб» аз байнашон гурбаи сиёҳ гузашт. Дар ин филм Ҷухӣ ҳамроҳи Амирхон нақш мебозид ва рӯзноманигорон барои ба фурӯш рафтани газетаю журналҳояшон дар бораи ин ду ҳунарманд қиссаю ҳангомаҳои зиёде бофта онҳоро ошиқу маъшуқ эълон мекарданд. Амирхон заррае аз ҳангомаҳо ҳаррос надошт, зеро зани шавҳардор будани Ҷухиро намедонист. Дар Ҳиндустон он замон қонуни нонавиштае дар синамо амал мекард ва актрисаи шавҳардорро ягон коргардон дар нақши асосӣ ба навор намегирифт. Ҷухӣ ин чизро хуб медонист ва барои аз нони даҳонаш намондан шавҳардорияшро пинҳон намуда, худро муҷаррад нишон медод. Азбаски Ҷухӣ ва Амирхон ҳарду дар авҷи шуҳрат қарор доштанд, коргардонҳо домони ин ду ҳунармандро сар намедоданд, то даромади калон ба даст биёранд.

 

Сирри фошгашта

Наворбардории филми «Счасте за миллион» оғоз ёфту овозаи нави пурҳангома дар саросари Болливуд барқсон паҳн гашт. Чашми ёрдамчии коргардон тасодуфан ба шиками дамидаи актриса афтид ва субҳи дигар Ҷухӣ Чавла хабари ҳомиладорияшро дар рӯзномаҳои даврӣ дида талхакаф шуд. Журналистон Амирхонро падари кӯдаки Ҷухӣ Чавла номида ҳангомаи ҳақиқӣ барпо намуда буданд. Ҷухӣ пас аз хондани ин хабарҳои пурҳангома чанд рӯз ба худ наомад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хешу табори шавҳараш ба ӯ занг зада, ҳар хел гапҳои пасту баланд мезаданд. Амирхон ин ҳама овозаю ҳангомаҳои бардурӯғро кори дасти Ҷуҳӣ пиндошта, дигар бо ӯ ҳамкорӣ кардан нахост ва актриса маҷбур шуд, ки асрори зиндагӣ ва дар асл кӣ будани падари фарзандашро ошкор созад. Шавҳари сарватманд доштан ва домоди орзуҳои ҳазорон духтарон-Ҷай Мадҳуро соҳиб шудани Ҷуҳӣ Чавла ба рӯи ҳама овозаҳои вирди номаш паҳнгашта хати батлон кашид. Рӯзномаю маҷаллаҳое, ки пештар кӯдаки Ҷухиро ҳаромӣ ва худашро як духтари сабукпо меномиданд, акнун лаҷоми аспашонро ба дигар тараф тофта дар бораи актриса маводҳои таърифӣ менавиштанд.

Нахли умед

Соли 2001 духтарчаи зебои Ҷухӣ Ҷанвӣ ба дунё омад. Ҷай аз хушбахтӣ ҳамсарашро тоҷи сар менамуд. Чанд сол пас ба хушбахтии онҳо боз як хушбахтии дигар зам шуд ва он тавлиди писарчаашон Арҷун буд. Одатан занҳо баъди модар шудан фарбеҳу безеб мешаванд, вале Ҷухӣ Чавла тавонист андомашро ҳамчунон хуштарҳ нигоҳ дорад. Баъди таваллуди ду фарзанд Ҷухи боз дар экран пайдо шуд. Ин дафъа вай ҳамроҳи Мадҳури Дикшит нақши бевазанҳои шавҳардуздро мебозид. Онҳо чунон табиӣ нақш мебозиданд, ки тамошобин гумон мекунад ин ду ҳунарпеша дар ҳақиқат аз бешавҳарӣ ба танг омада ба шавҳардуздӣ сар кардаанд. Пас аз тамошои ин филм аксарият гумон карданд, ки шавҳараш Ҷухиро партофта домони ягон хонуми дигарро гирифтааст, вале худи Ҷухӣ Чавла дар суҳбат ба журналистон гуфтааст: «Дар тамоми дунё аз ман дида зани хушбахттар нест. Шавҳарам аз рӯзи тӯямон то кунун ягон зарра тағйир наёфтааст. Ҷай маро чунон дӯст медорад, ки барои як қатра оби аз чашмам чакида тайёр аст ҷонашро фидо созад. Моҳи асали 20 сол пеш сар шуда то ба ҳол идома дорад!»

Ҷухӣ ва Ҷай дар ҳақиқат хушбахтанд ва мо дуо мекунем, ки хушбахтиашон ҷовидон бимонад!

alt

 

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
Шарҳ