ТОЛЕЪНОМА
Толеъномаи аз 13 то 18 август 2019
13.08.2019
Shahlo
610
1

Ҳамал

Ҳафта барои ошиқон ташвишовар аст, муносибат бо шахси дӯстдоштаатон душвор гашта, аз вазъияти рухдода сахт ба ғазаб меоед. Аз аспи ҷаҳл фаромадани шумо ба гумон аст, зеро ҳар лаҳза омода ҳастед аз баҳри чунин ёри беандеша гузашта, дасту домони дигареро бигиред. Дар ин ҳафта бо касе шинос шуданро маслиҳат намедиҳем. Барои сар кардани таъмири хона ё харидани ҷиҳози даркорӣ ҳафтаи муносиб аст. Барои он ки саломатиятон бад нагардад, баъди шом аз хӯрдани хӯроки душворҳазм худдорӣ намоед.

Савр

Дар ин ҳафта кунҷи танҳоӣ ҷустанро маслиҳат намедиҳем, вале ба ҷойҳои серодаму пурғавғо рафтанатон низ лозим нест. Кушодадилӣ ва самимияти зотӣ бар зарари худатон мегардад, наздикону ҳамкорон болои саратон баромада, мушкили худро ба дӯшатон бор мекунанд. Уҳдадориҳое, ки дар ҷои кор иҷро карданатон лозим меояд, бар замми вақти зиёдатонро гирифтан боз натиҷаи хуб ҳам намеоранд. Имкон дошта бошед, барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Пулҳоятонро ба ҳеҷ ваҷҳ сарф накунед, аз бозору мағозагардӣ худдорӣ намоед.

Ҷавзо

Чун ҳамеша мушкили аввалиндараҷаи шумо маблағ аст. Ин дафъа хатари аз даст додани пулҳоятон вуҷуд надорад, вале барои ин эҳтиёт шуданатон лозим меояд. Ба пешниҳодҳои шубҳаноке, ки бар ивази маблағгузории ночиз ваъда мекунанд, бовар накунед. Агар шумо қарздор бошед, дарҳол аз пайи баргардонидани он шавед. Аз кӯмаки молиявии атрофиён низ худдорӣ намоед, танҳо аз аъзоёни оила ва хешовандони дилпур пул гирифтанатон мумкин аст. Агар бо тиҷорат машғул бошед, дар ин ҳафта пули калон сарф карданро маслиҳат намедиҳем.

Саратон

Ҳафтаи нав бе навигарӣ намешавад. Аҳли оила ва ҳамкорон бо сабабҳои ночиз шуморо ташвиш дода, имкон намедиҳанд, ки табъи дил истироҳат намоед. Барои рафъ намудани фишори руҳие, ки бо сабаби ба ҳаёти шахсиятон дахолат намудани баъзе нафарон, азиятатон медиҳад, бояд имкони хуби фароғатро пайдо намоед. Беҳтар мебуд, ки бештар пиёда роҳ гашта, асабҳоятонро ором намоед. Ҳангоми ба сафар баромадан саломатии худро дар хатар нагузоред. Ошиқон бо ҳам муросо карда наметавонанд. 

Асад

Нақшаву ниятҳое, ки ҳафтаи мазкур дар сар доред, бо сабабҳои номаълум амалӣ намешаванд. Табъи шумо низ яку якбора тағйир ёфта, аз ҳолати дилхушӣ ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуда, аз гузоштани қадами навбатӣ метарсед. Хабари хуши ҳафта ҳамин аст, ки мушкили сарбастае худ ба худ рафъ гашта, самараи хуб медиҳад. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ намуда, бештар мева истеъмол кунед. Бемориҳоятон бо сабаби беэҳтиётӣ, хастагӣ ва асабонияти пайваста сар зананд ҳам, ба зудӣ шифо меёбед.

Сунбула

Дар ин ҳафта кореро ба нақша нагиред ё омода бошед, ки ниятҳоятон ба таъхир мемонанд. Сабаби пеш омадани мушкилӣ дар бемасъулиятӣ ва сусткории яке аз атрофиён аст. То охири моҳ масъалаҳои молиявиро бо кӯмаки нафаре рафъ месозед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Барои нафарони муҷарраде, ки дар ҷустуҷӯи бахти худ ҳастанд, имкониятҳои мусоид фароҳам меояд. Дар ин рӯзҳо ба муноқишаву низоъ роҳ надиҳед. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои рӯдаву меъда дар назар аст. 

Мизон

Нафароне ки ба наздикӣ аз сафар ё рухсатии меҳнатӣ баргашта, ба кор шурӯъ мекунанд, дар касбу кор муваффақ мегарданд. Хусусан дар масъалаҳои молиявӣ бурд мекунед. Нафароне, ки нияти ба рухсатии меҳнатӣ рафтанро доранд, 5-7 рӯзи дигар тоқат карданашон лозим меояд. Саломатиятон нохуб гашта, худро беҳолу бемадор эҳсос карда, иштиҳоятон яку якбора гум мешавад. Ба хӯроки истеъмолмекардаи худ бодиққат бошед, ғизои шумо бояд дорои витаминҳои даркорӣ бошад, на равғани зиёдатӣ.

Ақраб

Донишҷӯён бахти худро пайдо месозанд, нафароне ки дӯстдошта доранд, тӯйи арӯсӣ барпо мекунанд. Умуман ҳаёти оилавӣ ва муносибатҳои шахсӣ гарму самимӣ гашта, бахти шумо ҳаваси атрофиёнро меорад. Нафарони оиладор бошанд, хабари зиёд шудани сафи фарзандонашонро мешунаванд. Ба воҳима афтида, дарҳол фикри ояндаи фарзандатонро накунед. Шумо дар ҳама гуна ҳолат роҳи ҳалли корро пайдо карда метавонед. Бемориҳоятон хурӯҷ накунанд ҳам, асабоният аз мушкилиҳои саломатиятон дарак медиҳад.

Қавс

Хастагиро баҳона карда, дилхушӣ карданатон амали хандаовар аст, зеро сабаб дар хастагӣ неву дар танбалии шумо аст. Ба ҷашну маъракаҳои нафароне, ки хуб намешиносед, рафтанро маслиҳат намедиҳем. Робитаи зиёд ва муошират дар ин ҳафта ба шумо манъ аст. Сарфа кардани пулро аз ҳамин ҳафта сар кунед. Нафароне, ки дилбастаи сигоранд, бояд зудтар аз ин амал даст кашанд, вагарна ба саломатияшон зарари ҷиддӣ мерасад. Дар ин рӯзҳо ба хӯрокҳои бомазаву пурхурӣ ва ширинӣ майли зиёд пайдо мекунед.

Ҷаддӣ

Ташвишҳои хурд ва муноқиша бо нафаре, ки қаблан шинос будед, вақти зиёдатонро фаро мегирад. Нафароне, ки як маротиба оилавайрон шудаанд, бо собиқ ҳамсари худ мушкилиҳои молиявӣ ва ҳуқуқиро рафъ карданашон лозим меояд. Ҷаддиҳои муҷаррад тасодуфан бо нафаре шинос мешаванд, ки зуд ба дилашон роҳ меёбад. Агар шумо зиндагии навро оғоз карданӣ бошед, гузаштаи худро фаромӯш созед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба маслиҳати бегонагон гӯш надиҳед, вагарна дучори мушкиливу муноқишаҳои зиёд мегардед.

Далв

Дар ин ҳафта дучори танбаливу рашк мегардед ва ин амалатон қаҳру ғазаби роҳбарияти коргоҳатонро меорад. Беҳтараш саломатиро баҳона карда, чанд рӯз рухсатӣ гирифта истироҳат кунед. Тамоми ҳушу хаёлатон ба шахси дӯстдошта равона гашта, ба назаратон чунин менамояд, ки нисбати шумо бетафовут аст. Шубҳаву гумонҳои бадро аз дил дур карда, беҳтараш бо дӯстдоштаи худ муросо кунед. Мушкилиҳои калони молиявӣ бо сабаби саховатмандии беандоза ё фориғболии шумо сар мезанад.

Ҳут

Агар шумо муҷаррад бошед, бахтатон дар паҳлӯи шумо қарор дорад. Рафту чанд рӯз қабл ба нафаре ошиқ шуда бошед, ин ишқи асил нест. Рӯзҳои наздик шумо чӣ будани ишқи ҳақиқиро дар мағзу устухони худ эҳсос мекунед. Ҳафта барои кори вазнин ва диққатталаб созгор нест. Бо коре машғул шавед, ки табъатонро болида гардонад. Ҳар қадаре ҳолатон хуш бошад, ҳамон андоза маблағи хуб ба даст оварда метавонед. Нимаи аввали ҳафта барои харидорӣ намудани либос, ороишот, оина, асбобҳои равшанидиҳанда бобарор аст. 

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(1)
маша 2019-08-13, 15:41
Маълумот
Посух
Шарҳ