ТОЛЕЪНОМА
Толеъномаи 15 июл 2019
15.07.2019
Shahlo
380
0

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ба ҳодисаҳое, ки шуморо гунаҳкор сохта метавонанд, машғул нашавед, вагарна аз душвориҳо мустақилона берун омаданатон лозим меояд. Дар давоми рӯз тамоми маблағи дар даст доштаро сарф накунед. Аз муноқиша дар оила худдорӣ намоед, вагарна оқибаташ нохуб анҷом меёбад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯзи бобарор  аст. Мол ё чизеро, ки гум карда, чанд муддат дар ҷустуҷӯяш будед, пайдо мекунед. Барои харидани чизҳои даркорӣ, техникаи рӯзгор ва рафтан ба назди табиб рӯзи мусоид аст. Аз нафароне, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ ҳастанд, худро канор гиред. Хобҳоятон амалӣ мешаванд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар муносибатҳои ошиқонаатон навигарӣ мехоҳед. Бо туҳфа ё навгонӣ дӯстдоштаи худро ба ҳайрат оварда метавонед. Кӯмаки саривақтии молиявӣ аз хеши наздикатон вазъи молиявиатонро беҳтар мегардонад. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, ба хӯрокҳои мехӯрдаи худ бодиққат бошед.

 Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар рафъ намудани мушкилии сарзада аз дӯстон кӯмак пурсед. Бо ҳам рози дил намудан назар ба суҳбати телефонӣ фоидаи бештар меорад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, бегоҳирӯзӣ маблағи даркориро ба даст меоред. Ба асабоният роҳ надода, диққати худро ба фарзандон равона созед.

Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз ҳамкорон ақидаҳоятонро ҷонибдорӣ намуда, саратонро ба осмон мерасонанд. Барои муносибатҳои ошиқона ва вохӯриҳо рӯзи дигарро интихоб намоед. Саломатиятон дар ин рӯз чандон хуб нест. Сафарҳоро низ ба рӯзи дигар гузоред. Мардҳо бар рақибони худ ғолиб меоянд.

 Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз ба ҳамкорони худ хубтар диққат диҳед, ба баъзеҳо бовар карда, дарди дил карданатон лозим нест. Ба шитобкориву беандешагӣ роҳ надиҳед. Нафароне, ки аз ошиқи худ ба наздикӣ ҷудо шудаанд, аз нав оштӣ шуда, муносибатҳояшнро барқарор месозанд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз корҳоятон чунон бобарор мешаванд, ки ҳатто роҳбарияти коргоҳатон ба ҳайрат меояд. Нафаре, ки ҳамеша ба шумо ҳасад мебарад, ба муносибатҳои ошиқонаатон дахолат карданӣ мешавад. Худро ба даст гирифта, ба дағалӣ роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ ба хастагии зиёд роҳ надиҳед.

 Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз бо рақибони худ муборизаи шадид оғоз мекунед. Душманон бо бадкориҳояшон на танҳо зарари худро мерасонанд, балки ҷонибдорони шуморо аз роҳ мезананд. Каме нотоб шуданатон эҳтимол дорад, вале боиси ташвиши зиёд кашиданатон нест. Барои истироҳат вақт пайдо кунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз аз нафароне, ки шуморо ба моҷаро водор месозанд, худро канор гиред. Имкони сафари роҳи дур карданатон вуҷуд дорад. Барои пайдо намудани даромади нави иловагӣ рӯзи хуб аст. Даромад чандон калон набошад ҳам, вале мушкилиҳои зиёди рӯзгоратонро бартараф мегардонад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Бо вуҷуди набудани мушкилоти молиявӣ хуб мебуд, ки пулҳоятонро сарфа мекардед. Мушкилии фаромӯшшудаи ҳаёти шахсиятон аз нав пайдо мешавад. Агар вазъиятро дуруст таҳлил намоед, тамоми мушкилиҳоро рафъ карда метавонед. Шоми имрӯзро дар муҳити орому осуда гузаронед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ғайриихтиёри худ сабабгори муноқиша дар оилаатон мегардед. Наздиконатон аз гуфтори шумо меранҷанд, аз ин рӯ дилашонро сиёҳ накунед. Агар ба мушкилоти худ фурӯ равед, бегоҳирӯзиро дар ҳолати руҳафтодагиву ноумедӣ мегузаронед. Беҳтараш дастгирии маънавиро аз дӯстонатон ҷӯё шавед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз ҳангоми робита бо ҳамкорон хушмуомила бошед. Нафаре аз эшон барқасдона ғазаби шуморо оварда, дар назари роҳбарият бад кардан мехоҳад. Барои иваз кардани ҷойи зист ва шаҳрвандӣ рӯзи мусоид аст. Ҳодисаҳои минбаъда аз шумо эҳтиёткорӣ ва дурандеширо талаб мекунад.

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
Шарҳ