Imon Credit
ТАРА КАТЕРИН РАҚСИ ТОҶИКИРО АЗ КУҶО ОМӮХТ?
10670

 

Тара Катерин Пандейа дар иёлоти Калифорнияи кишвари Амрико ба дунё омадааст. Модараш раққоса шуда, кор мекунанд. Падараш дар радо “Би – би – си” ба ҳайси журналист фаъолият мекунад. Тара ҳам дар пайравӣ ба модараш пешаи раққосагиро дар худ касб кардааст ва айни ҳол дар бораи санъати рақс тадқиқот бурда истодааст. Ӯ дар иҷрои рақсҳои миллии тоҷикӣ ҳамто надорад.

Аксарият дар диди аввал Тараро тоҷик мепиндоранд, чунки ин духтараки амрикоӣ симои тоҷикона дошта, рақси тоҷикиро хеле хуб иҷро мекунад. Ба хотирии огоҳӣ ёфтан аз ин асрор мухбири мо бо Тара ҳамссуҳбат шуд, ки фишурдаашро манзуратон мегардонем.

 

- Тара салом. Нахуст мехостам донам, ки чӣ шуморо ба кишвари мо – Тоҷикистон овард? Шояд бо ягон барнома омадед?

- Салом. Не, ман таввасути ягон барнома ба кишвари шумо наомадаам. Орзуи асосиам дидани Тоҷикистон буд, зеро аксҳояшро дар интернет дида, сахт мафтуни ин кишвар будам. Ҳамин тавр, соли 2013 чипта харида, аз Калифорния ба ин гӯшаи замин омадам. Ин ҷо давоми 2 сол кор кардам.

- Асосан чӣ кор мекардед?

- Ҳар хел кор. Дарс медодам, роҳбаладӣ мекардам, суруд мехондам, мерақсидам ва монанди ин. Аз ҳама бештар ба сайёҳату тамошо машғул шудам.

- Дар ансамбли рақсии “Лола” фаъолият доштед. Мегуфтед, ки чӣ тавр шумо ба ин ансамбли тоҷикӣ роҳ ёфтед?

- Дар як донишгоҳи Тоҷикистон таҳсилро сар кардам. Соли 2015 ба хотири пардохти маблағи яксолаи таҳсилам, ба кори нағзтар ниёз пайдо шуд. Ҳамин тавр, бо маслиҳати дӯстон ба ансамбли Лола рафтам. Маҳорати рақсиамро дида, маро ба кор гирифтанд.

- Маошатон барои пардохти маблағи таҳсил мерасид?

- Не, барои ин ҳамчун муаллимаи забони англисӣ дар як мактаби олии Душанбе ба кор сар кардам, то хароҷоти хӯрок ва иҷорапулиамро аз ин ҳисоб пардохт намоям.

- Тоҷикиро аз куҷо омӯхтед? Умуман, бо чанд забон гап зада метавонед?

- Тоҷикиро дар Тоҷикистон омӯхтам. Ҳоло бо забонҳои арабӣ, немисӣ ва тоҷикӣ озод гап зада метавонам.

- Бисёр сафар мекунед?

- То имрӯз ман 38 давлатро тамошо кардаам.

- Фақат ба хотири тамошо ба сафар мебароед7

- Не, барои омӯзонидан рақс ба шогирдон аз давлатҳои дигар.

- Аз рақсидан чӣ ёфтед?

- Ман бо рақсиданам хушбахтам. Яъне, аз рақс хушбахтӣ ёфтаам.

- Рақси тоҷикиро хеле хуб иҷро мекунед. Устод ё доред ё худомӯзед?

- Устод дорам, албатта! Зарагул Искандарова, Фарогат Саидова, Амон Мусаев, Механгул аз Бадахшон устодони рақси мананд.

- Боз чӣ гуна рақсида метавонед?

- Уйғурӣ, афғонӣ, англисӣ

- Бо кадом раққосон ҳамкорӣ доред.

- Хеле зиёданд. Бештар бо ҳунармандони узбеку афғон ва уйғур ҳамкорӣ дорам.

- Пеш аз вориди “Лола” шудан чӣ кор мекардед?

- Ман ба таври ихтиёрӣ дар таъсиси Созмони ғайридавлатии рақси тоҷикӣ ёрӣ додам. Дар ин давра бо устоди рақс дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд дарс додаам.

- Аз Тоҷикистон чӣ ҷоизаҳо доред7

- Соли 2016 дар “Телевизиони Сафина” озмуни рақси миллии тоҷикӣ баргузор шуд ва ман дар он ғолиб омадам. Ҳамин ҷоизаи беҳтринам буд.

- Аз кишварҳои дигар чӣ?

- Ҷоизаҳои зиёд дорам, вале аз ҳама хотирмонаш он аст, ки тӯли як соли кор дар ансамбли “Лола” борҳо дар майдонҳои калон аз номи ин гуруҳ рақс кардаам. Рақси яккаи ман бо либоси тоҷикӣ дар маҷаллаи “The New York Time’s”, маҳорати рақсидани ман баррасӣ шуд. Ба он баҳои ниҳоят баланд доданд. Инчунин, дар телевизиони “Би – Би – си” дар бораи маҳорати раққосиам филми ҳуҷҷатӣ ҳам гирифтанд. Бо шарофати рақсам дар қатори 1000 довталаб барои гирифтани гранти "Audacious Minds" ва Фонди Рокфеллер аз Иттиҳоди Аврупо интихоб шуда будам.

- Чаро баъд маҳз Тоҷикистонро интихоб карда, омадед?

- Дар наврасӣ ман аз мусиқӣ ва рақси тоҷикӣ илҳому шавқи зиёд мегирифтам. Хеле шодам ки тавассути маҳорати рақсиам ба ин кишвари зебо омадам.

- Фарҳанги рақси тоҷиконро чӣ гуна шинохтед?

- Медонед, ман аз ҷиҳати фарҳанг нимшарқӣ ва ним ғарбиам. Фарҳанг пули муҳим байни кишварҳост. Маҳз фарҳанги рақси тоҷикон мани амрикоиро ба Тоҷикистон овард. Санъати рақсатон ниҳоят волост.

- Машгулиятхои дӯстдоштаатон дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

- Рақсидан ва омӯзиш дар бораи рақс, фарҳанги рақсу санъат, таърихи рақс, назарияи мусиқӣ, омӯхтани бештари забон, пухтани хӯрокҳои тоҷикӣ, сайёҳат дар кӯчаҳои Тоҷикистон.

- Кадом хислати тоҷиконро дӯст медоред?

- Табиатан раққос ва меҳмоннавозиашонро. Ғайр аз ин, инсондӯстиашонро дар кӯчаҳои Тоҷикистон дида, офаринашон мегӯям.

- Ҳоло дар Амрикоед. Пазмони Тоҷикистон нашудед?

- Хеле сахт пазмон шудаа.

- Омадан намехоҳед?

- Умед дорам, ки боз ҳатман ба ин кишвари афсонавӣ меоям.

 

P. S: Мусоҳиба тавассути шабакаи иҷтимоии Инстаграмм анҷом ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Амрико 2020-07-04, 19:38
Муболиға зиед буд е Аминҷон чун “журналисти асил” бисер дуруғ гуфт?! Е шояд ҳар ду! 99% мардуми Амрико Тоҷикистонро ҳамчун давлат шунидагӣ ҳам нестанд.
Посух
Самандарзода Парвина 2020-07-08, 23:34
Офарин 👏
Посух
Самандарзода Парвина 2020-07-08, 23:35
Офарин 👏
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Амрико 2020-07-04, 19:38
Муболиға зиед буд е Аминҷон чун “журналисти асил” бисер дуруғ гуфт?! Е шояд ҳар ду! 99% мардуми Амрико Тоҷикистонро ҳамчун давлат шунидагӣ ҳам нестанд.
Посух
Самандарзода Парвина 2020-07-08, 23:34
Офарин 👏
Посух
Самандарзода Парвина 2020-07-08, 23:35
Офарин 👏
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2