Муҳоҷир
Саидбеки 12-сола, муҳоҷир: Шабҳоро дар мусорка рӯз мекунем!
2412
6

 

Модарам баъди марги падарам моро дар хонаибибиам монда, ба Русия рафт, то ки дарди сари бародаронаш нашавад. Соли аввали рафтанаш азобу машаққати бисёр кашида бошад ҳам, баъд дар хонаи як кампири руси сарватманд хизматгор шуд.

Хурду хӯроки модарам аз ҳисоби соҳибхона буд, маошашро бошад, пурра ба мо мефиристод. Ҳамин тавр чанд сол тағову янгаҳоям аз ҳисоби модарам хӯрданд, пӯшидан ва хонаву дарашонро таъмир карда, обод намуданд. Пулҳои модарам хубу мо, фарзандонаш барои тағову янгаҳоям дарди сар будем. “Сағераҳои бесоҳиб” гӯён, ҳамеша моро мезаданд, дуои бад мекарданд, умуман, рӯзи хун нишон намедоданд.

Рӯзе тағои хурдиям моро пешандоз када, ба саҳро ҷавдарав бурд. Хурд, ки будем, аз ӯҳдаи ин кори вазнин набаромада, аз тағоям мурданивор шатта хӯрдем. Гирёну нолон ба хона омада, дар дами дарвоза бо модарам рӯ ба рӯ гаштем, ки бо халтаҳои пурбор аз таксӣ мефаромад. Очаҷон, хайрият, ки омадед, гуфта, худро ба оӯӯшаш партофтем ва зор-зор гиря кардем. Моро бо сару рӯйи пур аз чирк ва чашмони пур аз об дида, табъи модарам хира шуд.
Ҳамон бегоҳ дар сари дастурхон модарам аз бибиам гила карда гуфт:
-Ман дар танам ҳатто як либоси дуруст нахарида ҳар моҳ тамоми ёфту тофтамро ба шумо мефиристам, ки бачаҳоям азоб накашанд, вале мебинам, ки ҳоли онҳо аз ҳоли сағераҳои бесоҳиб ҳам бадтар шудааст. Барои чӣ пуламро мехӯреду бачаҳоямро наӯз нигоҳ намекунед?!
Бибиам аз ин гапи модарам ранҷид ва ба ғазаб омада, дод зад:
-Ин қадар минннат накун, ҳамин қадар сол бе ёрии ту ҳам рӯзи мо мегузашт. Пулат ҳам ба худат насиб кунаду бачаҳоят ҳам, метавонӣ сағераҳои шумрӯта ҳамроҳат ба Россия барӣ!
Ҳамин тавр аз рӯйи мо шуда, гапи модарам бо модару бародаронаш гурехт ва рӯзи дигар моро пешандоз карда, бо дили ҳазин роҳи Русияро пеш гирифтем.


Дар кӯдакони хурдсол муддати дуру дароз давом кардани шикамрав боиси беобшавӣӣ ҷисм гашта, ҳатто то ба марг бурда мерасонад.


Очахонди руси модарам рӯзи аввал моро хуш қабул кард, аммо як ҳафта пас фиғонаш ба фалак печид. Додаракони хурдсолам шӯхию бозӣ кунанд, кампир асабонӣ шуда ба сари модарам дод мезад: “«Убери своих щенков, чтоб глаза мои их не видели. Эти невоспитанные превратили мой дом в свинарник. Сейчас же забери своих щенков и убирайся проч!»

 Билохира, косаи сабри модарам лабрез гашт ва бо чашми гирён хонаи кампири дилтангу морзабонро тарк намуд. “Неблагодарная чёрная ведма” гӯён, кампири рус модарамро ҳақоратҳои болохонадор дода, дарро аз пуштамон тараққсозанон пӯшид.

Ҳамин тавр дар мулки бегона бе пулу бе такягоҳ ҳайрону зор мондем. Рӯзамон сиёҳ аст. Шабҳоро дар “мусорка” ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ рӯз мекунем. Модарам мегӯяд, ки агар роҳпулӣ пайдо кунем, дигар як лаҳза ҳам дар Русия намонда, ба Тоҷикистон бармегардем, вале ку одами ғамхоре, ки дасти мо, ятимони бе падарро бигирад?!
Саидбек, аз шаҳри Новокузнетск

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(6)
Дилшол 2019-08-22, 20:19
Ба муаллиф! Оё ягон намуди алоқа бо Сафарбеги 12 аз Новокузнетск доред, лутфан, дар сафҳаи ман дар Фейбук ва ё Ватсап +79059144218 нависед. Дилшоди Рамазонӣ
Посух
Тохиров 2019-08-22, 23:07
Дар кучки Новокузнецк?адрес дорад? Телефони моро дихед хатман ёрдам мекунем 89039087088
Посух
Behruz 2019-08-23, 00:42
Assalomu aleykum, Saidbek suroga e nomeroi telefonatro navis erdam kenem.
Посух
Сафарзода 2019-08-23, 07:45
Шумо метавонед ракамхои телфонашро нависед?
Посух
Бозорбой 2019-08-23, 09:43
Сафарбека адресоша нависед мо ёрдамаш кунем
Посух
Файзимадович 2019-08-25, 08:14
Рахмат ба бародароне, ки дар мухочирати мехнати дар мулки ба гуфтаи нофахмон бегона хол он ки бобоени точики мохам дар хифзи ин мамлакат чонбохтаанд дилу гурдаи шумо мухочироне ки бо хуни чигар ризк пайдо мекунеду боз дастгирии бечорагонро мекунед шояд тинчии имрузаи мамлакат як сабабаш дар назди парвардигор шумоед худо ризки халолу бехтарин шароиту зиндаги ва хонаи ободро бо танихату хурсандии бепоени ахлу оилаатон насиб гардонад бародарону хохарони богайрату шердили точики Точдору точбарсар.
Посух
Шарҳ
Тавсия медиҳем:
Машварати равоншинос
10 маслиҳат ба духтаракони ошиқ
Интизор нашавед, ки мард дар як рӯз ба шумо 10 бор занг мезанад ё имрӯз шинос шуда, худи пагоҳ изҳори...
242
0
Муҳоҷир
Мустафо дар Маскав бе ному нишон гум шуд…
Мустафо падари ду фарзанди хурдсол буда, то кунун падару модар ва ҳамсару бачаҳояш бо умед роҳи ӯро мепоянд. Чашмони модари...
1469
0
Бениқоб
Мастураи бадмаст
Ин зан кист? Чаро ба ҷойи ба тарбияи фарзанд машғул шудан шишаи арақро оғӯш карда, дар кӯча масту аласт хоб...
1327
0
маводҳои монанд
TV - Оила
27 . 05 . 2019
Ҳусейн
Мино ва Қадами Қурбон ютубро тарконданд
Клипи таронаи нави Қадами Қурбон ва Мино бо номи "Умираю”-ро дар 21 соати аввали нашраш дар Ютуб алакай қариб ним...
Мино ва Қадами Қурбон ютубро тарконданд
351
4
Life - Stars
Қадами Қурбон: Дар тӯйи зангириам 3 фарзандам иштирок карданд (Видео)
А бача увақт ма хушрӯ будам! Шароити зиндагӣ бисёр бад буд, камбағалӣ имкон надод, ки тӯю тамошо кунем. Янгатона дуздидам,...
1382
1
ИСЛОМ
Ҳайвоне, ки дар баданаш оллоҳ навишта шудааст, муқаддас аст?
Аксарият мегуянд хурдани гушти хайвоне, ки дар танаш навиштачоти “Оллох” ва “Мухаммад” дорад, раво нест, зеро хар чизе, ки ин...
881
1