ТИББИ МУОСИР
Роҳҳои мубориза бо санги гурда
844
1

 

Шумораи гирифторони бемориҳои гурда солҳои охир дар кишвари мо торафт меафзояд. Маъмулан иллатҳои гуногуни гурда бештар дар занҳо хуруҷ менамоянд.

Сабабҳои асосии ба дурдадард гирифтор шудани бонувон бепарвоӣ нисбати саломатии худ, таваллуди пай дар пай, иҷро намудани корҳои вазнин, газаку шамолхӯрӣ, реҷаи муаяни ғизохӯрӣ надоштан, норасоии витамину микроэлемент ва микробу инфаксияҳои гуногуне мебошанд, ки ба организм дохил шуда, онро аз дарун оҳиста-оҳиста хароб месозанд. Мардон нисбат ба намояндагони ҷинси латиф камтар ба бемориҳои гурда гирифтор шаванд ҳам, ин касалиҳоро вазнинтар мегузаронанд. Ба табибон хеле дер муроҷиат намудани намояндагони ҷинси зариф боиси он мегардад, ки касалӣ куҳна ва табобаташ душвортар шавад. Яке аз бемориҳои паҳншудаи гурда санги гурда ва пешобдон мебошад, ки имрӯз нафарони зиёде аз он шиква доранд.

Санг аз чӣ пайдо мешавад?

Пайдошавии санг, қум ва намак дар гурда, пешобдон ва роҳҳои пешобгузар ба вайроншавии мубодилаи моддаҳо, норасоии об дар ҷисм, иқлими гарм, ғизоҳои туршу тезу тунд, норасоии витаминҳо, камҳаракатӣ ва дигар омилҳо алоқамандӣ дорад. Дар 70-80%-и ҳолатҳо санги гурда аз пайвастагиҳои ғайри органикии калсий ба мисли оксалат, фосфат, калсий-карбонат таркиб меёбад.

Бинӯш, бинӯш, боз бинӯш!!!

Касоне, ки гурдаҳояшон санг ё қуму намак дорад, бояд ҳарчи бештар об нӯшанд, то моддаҳои нолозим дар ҷисмашон таҳшин нашуда, ҳамроҳи пешоб хориҷ шаванд. Обе, ки шумо менӯшед, бояд ҳатман ҷӯшондашуда бошад. Беҳтараш оби филтршударо истифода баред. Шарт нест, ки танҳо оби нӯшокӣ бинӯшед. Гиёҳҳои пешобронро ҷӯшонда ба ҷойи чой ин гиёҳобҳоро нӯши ҷон намоед. Оби хуч ва компоти аз себ тайёршуда низ барои шахсони ба санги гурда мубтало муфид аст. Дар як шабонарӯз тақрибан 2-2, 5 литр об нӯшидан лозим аст, аммо ба нафароне, ки ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди он гирифтор ҳастанд, нӯшидани ин миқдор обро тавсия намедиҳем, зеро оби зиёд ба чунин маризон зарар дорад.

Оби минералӣ фоида дорад ё зарар?

Шахсоне, ки ба санги гурда мубтало гаштаанд, бояд аз нӯшидани обҳои минералӣ худдорӣ намоянд. Дар таркиби обҳои минералӣ калсий ва магний зиёд буда, ин ду моддаи кимиёӣ метавонанд боиси пайдоиши сангҳои нав гарданд.

Парҳез кунед!

Гирифторони саги гурдаро лозим аст, ки аз хӯрдани донагиҳо, чормағз, чойи сиёҳи серранг, қаҳва, какао, шоколад, буттамеваҳо, меваҳои ситрусӣ, равғани ҳайвонот, ғизоҳои тезу тунду шӯр, гушти бирён, нӯшокиҳои спиртӣ, хоса винои сурх ва коняк худдорӣ намоянд ё маҳсулоти номбаршударо камтар истеъмол кунанд.

Санги гурда аз фосфат ҳосил шуда бошад, бемор бояд аз маҳсулоти ширӣ, моҳӣ ва тухм парҳез кунад ё чунин ғизоҳоро камтар хӯрад. Парҳез, бархез гуфтани калонсолон беҳуда нест. Шахсоне, ки парҳезро риоя карда, бо маслиҳати табиб амал менамоянд, зуд шифо меёбанд.

Духтур нашавед!

Иддае аз гирифторони бемориҳои гурда аз пеши худ ҳар хел дорӯю алафҳоро хрдан мегиранд. Худтабобаткунӣ ба ҷойи фоида баръакс зарар мерасонад. Табобати нодуруст метавонад ҳоли беморро табоҳ созад, бинобар ин, ба шахсоне, ки ба иллатҳои гурда гирифторанд, маслиҳат медиҳем, ки духтур нашаванд. Барои ба дарде дармон ёфтан бояд пеш аз ҳама сарчашмаи онро аниқ муайн намуд. Дард дар мавзеи миён шуморо ташвиш медода бошад, беҳтараш ба духтур муроҷиат намоед. Табиб тахшиси пешоб, хун, УЗИ ва дигар амалиётҳои лозимаро гузаронида, бемории шуморо дақиқ месозад ва табобати судманд мефармояд.

 Одинаав Рустам, духтури Маркази миллии солимии репродуктивӣ

 

 

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(1)
асам 2019-08-30, 15:41
Пешоби зарду сурхчатоб аз чи сабаб аст .Роххои пешгири аз он чист
Посух
Шарҳ