Ҳаводис
Мӯйсафеди Акобир аввал занаш, сипас ду ҳамдеҳаашро кушт
1661
1


Тавре ки пештар хабар дода будем, рӯзи 31-уми июл дар ноҳияи Файзобод як марди 82-сола дар масҷид ду ҳамдеҳаашро корд зада, дар натиҷаи ин ҳамлаи ваҳншиёна яке аз захмишудагон ҷон ба ҷонофарин супурд.

Субҳи имрӯз хабаргузории Фергана News тафсилоти ин куштори бераҳмонаро аз забони шоҳидони ҳодиса баён намудааст.

Тавре ки ин Фергана News менависад, мӯйсафеди дар қатли ду инсон гумонбар дониста шуда, дар асл на 82, балки 84 сола буда, Акобир ном дорад ва пештар барои куштори бераҳмонаи ҳамсараш суд шудааст.
Баъди ба озодӣ баромаданаш ба норозигии аҳли деҳа нигоҳ накарда, масъулони маҳаллӣ ин мӯйсафеди занкушро дар масҷиди деҳа ҷой мекунанд.
Як моҳ қабл аз ин ҳодисаи нохуш мӯйсафеди Акобир бо корд ба бародараш, ки маъюб буда, дар хонаи аз падару модарашон мерос монда зиндагӣ мекардааст ва рӯзгорашро бо сохтани асбобҳои мусиқӣ пеш мебарад, ҳамла мекунад, аммо кормандони милиса сари вақт ҳозир шуда, пеши роҳи сар задани куштори бародарро бо дасти бародар мегиранд.
Ин мӯйсафеди бераҳм ба ҷойи аз хатоҳои хунини худ панд гирифтан, боз ҳам хунхортар гашта, як моҳ пас дар масҷид, ки хонаи худо, ҷойи ибодату тавба ва макони пок шудан аз гуноҳ мебошад, якбора ду ҳамдеҳаашро корд зад.
Ин моҷарои хунин аз пушти пул ва чанд дона чойнику пиёла сар зудааст. Мӯйсафеди Акобир ба қавли сокинони деҳаи Чилчама масъули нигоҳбонии зарф, курпаю болин ва дигар чизҳои ба масҷид тааллуқдошта будааст. Рӯзи 31-уми июл ӯ гум шудани чанд адад чойнику пиёла ва як миқдор пулро пайхас намуда, ҳамдеҳааш-бобои Мирзои 79-соларо дар дуздии амволи масҷд муттаҳам карданӣ мешавад. Писари Мирзо-Абдукарими 50-сола падарашро тарафдорӣ намуда, бо ин мӯйсафеди бадхашм баҳс мекунад.
Мӯйсафеди Акобири 84-сола, ки пештар занашро бераҳмона ба қатл расонида, ҳатто қасди ҷони бародари ҳамхуни худаш намуда буд, ба ғазаб омада, аввал Мирзои 79- сола ва сипас писараш Абдукаримро кордборон мекунад.
Бобои Мирзо аз гарданаш захми вазнин бардошта, худи ҳамон рӯз ба ҳалокат расида буд.
Пас аз 5 рӯзи ин рӯйдоди хунин, санаи 4-уми август писараш Абдукарими 50-сола низ дар беморхонаи Мачитони шаҳри Ваҳдат ҷон додааст.
Сокинони деҳаи Чилчашма мегӯянд, агар мақомотҳои маҳаллӣ баъди ба бародараш бо корд ҳамла кардани ин мӯйсафеди бераҳм пеши роҳи Акобири 84-соларо мегирифтанд, шояд ин ҳодисаи ваҳшатангез ба вуқуъ намепайваст ва як марди занкуш боз ду одами бегуноҳро ба он дунё намефиристод.

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(1)
Бону 2019-08-11, 17:22
Ин одамкушро чанвакт Хабс мекарден ки Алакай буромдас? Барои куштани зан чан сол шишта бошад,ки дарс нашуда бошад? Чаро аз пишти Чунин авбошхо падарон ё бародарони ба чон наздики инсон кушта мешаванд? Инхелхоро худашонро ба Катл расонидан даркор Аст бо ин авбошии вахшиёнаашон
Посух
Шарҳ