Ќудрати ишќ мурдаро зинда кард
Кабӯтарони ошиќ
Шоњину Шабнам дар як сол ба дунё омада дар як дења ба воя расиданд. Даврони беѓамии кўдакї пушти сар шуда, наврасию љавонї њамроњи худ ишќу умеду орзуро овард. Шоњин эњсос кард, ки мењри кўдакияш ба Шабнами сабзинаи ќоматбаланд ба ишќ табдил меёбад. Ҷуръат намуда ба духтар изњори муҳаббат кард ва љавоби мусбат гирифт. Акнун Шоҳин дар диёри орзуњо худро шоњ медиду Шабнами нозанинашро малика, вале руъё дигар асту зиндагии аслї чизи дигар…
Думболи орзу
Пас аз хатми мактаб Шоњин њуљљатњояшро ба донишгоњ супорид, Шабнам бошад аз тарси волидони љоњилаш, њатто орзуи хондан доштанашро ба касе нагуфт, ҳарчанд дониши хуб дошту мактабро бо медали тилло хатм карда буд. Шоњин ваъда дод, ки пас аз хатми донишгоњ ба ў хонадор мешавад ва албатта Шабнами нозанинашро ба донишгоњ дохил мекунад, аммо бењуда нагуфтаанд:
Мо дар чї хаёлему фалак дар чї хаёл?
Мо дар пайи ободї фалак вайронкор…
Љабри ќисмат
Шоњин боварї дошт, ки Шабнам ба қавлаш вафо карда, ўро мунтазир мешавад, вале пас аз ду моњи ба шањр рафтани маҳбубаш ба духтар аз як оилаи баобрӯи ноњия хостгор баромад. Анвар-милиса барои писараш Акрам Шамнамро талабгор шуд ва волидони духтар нею нестон накарда розигӣ доданд. Шабнам намедонист сарашро ба кадом дару девор занад. Бегоҳи рӯзи дигар вай аз волидонаш пинњонї ба хонаи Шоҳинино рафт. Модари Шоњин Шабнамро бо табассум пешвоз гирифта, сабаби озурдахотириашро пурсон шуд. Шабнам лола барин суп-сурх шуда гуфт:
-Холаљон, ман Шоњинро дўст медорам, вале падарам маро ба дигар кас доданист…
Модари Шоњин, ки зани хирадманду дунёдидае буд, бадном шудани духтаракро нахоста насињат кард:
-Шабнамљон, Шоњин њоло бояд хонад, кор кунад, баъд зан гирад. Худат нағз медонӣ, ки ман Шоҳину хоњарашро баъди фавти падараш танњо ба воя расонидаам. Ман, як зани дасттанҳо ҳастам ва шароити ҳамин ҳоло келин кардани туро надорам, баъд падари ту њаргиз бо мани беваи камбаѓал ќудо намешавад. Бењтараш ба гуфтаи падару модарат амал карда аз паси зиндагиат шав….
Духтарак навмед шуда бо табъи гирифта ва чашмони ашколуд ба сӯйи хонаашон равон шуд.
Љањли падар
-Шабнам дар ин шоми ториќ аз куљо меої?!-Бо арбада пурсид падараш офтобаи обро як тараф гузошта.
-Отаљон, ман Шоњинро дўст медорам ва танњо ба ў мерасам, илтимос, фотењаро гардонед,-тарошаи аз бом афтодагї барин, бо чашмони гирён арз кард духтар.
Мӯйсафед аз ин гапњои духтараш аввал дар љояш шах шуд, баъд ба худ омада, бо тамоми овоз фарёд зад:
-Э бар падарат лаънат, ту беадаби мурдора!!!
Он бегоњ падараш дунёро ба сари Шабнаму модараш гардон кард.
– Ту беадаби модарбахато як саѓираи почакандаро «дўст медорам» гуфта, мехоҳӣ ман бо њамин ришу фаш, бо беваи Саодат ќудо шавам?! Ман аввал ту ва баъд ана ин қанчиќи модаратро мекушаму баъд ба турма меравам, фањмидї?!
Шабнам ба хотири ашки чашмони модараш розї шуд, ки зани Акрам шавад, зеро очааш бе ин њам аз дасти падараш рўз надошт. Бародаронаш модарро њурмат кунанд њам, гапи падар барояшон ќонун буд ва аз хати кашидаи ӯ берун намебаромаданд. Касе набуд, ки Шабнамро муттако гашта, аз ҷаҳли падар муҳофизат намояд.
Ѓурбатхона
Пас аз ду моњи фотења Анвар-милиса тўйи бошукуње ороста келинашро ба хонааш бурд. Хонаи шавњари Шабнам дар маркази ноњия дар мавзеи боѓзоре воќеъ буд. Акрам љавони болобаланди зебо, вале бисёр эрка ва ҳавобаланд буда, аз рўзи аввал ба Шабнам ягон зарра мењр надоштанашро нишон медод. Ду хоњари шавњараш ба Шабнам мисли хизматгор нигоњ мекарданд. Арўсак шабу рўз сараш хам мењнат мекард, хусуру хушдоманаш ба вай он ќадар кордор нашаванд њам, пеши дањони духтарњояшонро намегирифтанд. Низораю Ситора њамеша янгаашонро паст зада, акаашонро таъриф мекарданд, Акрам бошад ошкоро мегуфт:
-Ман духтари раиси ноњияро дўст медоштам, лекин падарам ту сиганро ёфта келин кард!
Шабнам дар дил худро мазаммат менамуд, ки чаро пеш аз тӯй гурехта, ба шаҳр ба назди Шоҳини меҳрубонаш нарафт…
Дидор
Баъди шаш моњи тўй волидонаш Шабнамро талбиданд. Хушдоманаш иљозат дод, ки як њафта дар хонаи модараш монад. Як рўз дугонаи љамолакияш Фотима ба љону њолаш намонда, ӯро ба хонаашон бурду ҳангоми бозгашт Шабнам дар тангкўча Шоњинро дида, якбора дар ҷояш шах шуда монд. Шоњин бо нафрат ба ў нигариста гуфт:
-Ишќи маро бо пулу мол иваз кардї?! Ман як моњ пас ба Маскав меравам, мехонам ва аз шавњари ту дида, пулдортар мешавам….
Шабнам дар ҷавоб чизе гуфта натавонист, аммо дар равоќи хотирааш як чиз сахт наќш баст-чашмони пури оби Шоњин.
Баъди аз назар нопадид шудани Шоњин Шабнам ба худ омад ва зери лаб пичиррос зад:
-Худованд ба ту бахту иќболи сафед дињад….
Дардњои зиндагї
Дар як мижа задан аз зиндагии оилавии Акраму Шабнам панљ сол сипарї шуда, хоњаршўњояш шавњар карда ба хонањои хеш рафтанд, аммо дарахти умри Шабнаму шавҳараш бор наовард. Акрам ба ӯ лақаби нав монда буд-гови сиёњи ќисир!
Дар ҳақиқат аз зебогии Шабнам дигар осоре намонда, лоѓару сиёњ шуда буд, зеро бемеҳрию дағалии шавҳар мурғи дилашро кайҳо кушта, дигар ҳавсалаи ба худ нигоҳубин кардан надошт. Акрам бо њамон духтараки дўстдоштааш, ки акнун падараш раиси вилоят буд ва худаш бо як фарзанд аз шавњараш људо шуда буд, мисли зану шавњар зиндагї дошт. Зулола аз Акрам талаб мекард, ки аз бањри зани «бўгинаш» баромада, никоњашонро ќонунї кунад, вале волидони Акрам хизматгори беминнатро рањо карданї набуданд. Кадом шабе, ки Зулола Акрамро бо ноз аз хонааш меронд, вой бар њоли Шабнам буд, шавҳараш алами Мӯсоро аз Исо гирифта, ӯро зери мушту лагат мегирифт, хушдомани золимаш ба љойи келини хизматгорашро пуштибонї кардан дари ҳуҷраашро аз дарун қуфл карда, бепарвоёна сериал тамошо мекард. Шабнам аз падару бародаронаш сахт хафа буд, барои ҳамин њаргиз ба онњо шикоят набурда, ҷабру зулми Акрамро хомўшона тањаммул мекард ва бо ашки шашќатор канизияшро идома медод…
Гунаҳкори бе гуноҳ
Як шом Акрам барои писарчаи Зулола туњфањо харида назди маъшуќааш рафт, вале зан дарро ба рўяш накушода гуфт:
-Аввал беваи ќоќи сиёњатро талоќ дењ, баъд назди ман биё, ба ман таги табаќ даркор нест! Хоњї њамин, нахоњї ман шавњар мекунам… Акрами аз љањл девонашуда ба хона омада, Шабнамро машѓули тунук кардани зувола дид. Шабнам шавҳарашро бо табассум пешвоз гирифта гуфт:
-Хайрият барваќт омадед, ман манту пухта истодаам…
Акрам чизе нагуфта тираки дар болои суфра бударо бардошта ба фарќи сари занаш зад. Шабнам бењушу бе ёд ба рўйи фарш афтид ва хун аз сараш мисли фаввора ба замин шорид.
Хусураш Шабнамро ба духтур бурда, дурӯғ гуфт, ки келин тирезаҳоро шустанӣ шуда аз болои нардбон афтидааст.
Ҳукми падар
Пас аз талоши зиёди духтурон Шабнам каме ба худ омада ба зӯр гап мезадагӣ шуд ва аз падару бародари калонияш, ки ба хабаргирияш омада буданд, хоњиш кард, ки ӯро ба хонаи худашон баранд, чунки дигар тобу тоқати дар ҷаҳаннамхонаи шавҳар зистанро надорад. Падараш ришашро қабза карда дар ҷавоби хоҳиши Шабнами нимҷон хунсардона гуфт:
-Духтарам, мо эшонзодаем, барои мо нанг аст, ки духтарамон аз шавњараш људо шавад. Њељ гап не, розї шав, ки домод зан гирад, чӣ илоҷ тақдират ҳамин будааст, охир аз шумоён фарзанд намешавад-ку! Ту хизмати хусуру хушдоманатро карда гард…
Шабнам дигар чизе нагуфт…
Палонҷҳо
Баъди аз беморхона баромадани Шабнам Акрам ба таври расмї аз вай људо шуда бо Зулола аз ќайди никоњи давлатї гузашт. Келини нав чунон мағруру ҳавобаланд буд, ки ногуфтанӣ, на хусуру хушдоманро назараш мегирифту на хоњаршўњояшро заррае писанду манзур мекард. Акнун хоњарони шавњараш ба янгаи мењнатрўзияш Шабнам мењрубон гашта, сояи бародарашонро аз девор метарошиданд. Хоњаршўйи калонї ваъда дод, ки ин даъфа писар зоида ба Шабнам медињад. «Мо туро хор шудан намемонем» бо як овоз мегуфтанд хоњарони шавњараш, вале…
Мурдаи аз гўр берун
Вақтҳои охир дарди сар Шабнамро сахт азоб медод, ба ғайр аз ин, дилаш низ иллат пайдо карда буд. Як шом шавҳари дузанааш Акрам боз дупула гапро баҳона карда, Шабнамро зери мушту лагад гирифт ва ҷавонзан аз ҳуш рафт. Хусураш, ки аз аввал пуштибони Шабнам буд, келини мењнатрўзияшро ба беморхона бурд ва бењтарин табибонро ёфта овард. Профессори айнакдор натиҷаи ташхисҳои гузаронидаи табибонро аз назар гузаронд ва Шабнами бе ҳушу бе ёдро, ки мурдаи берун аз гӯрро ба ёд меовард, муоина намуду лаб газида гуфт:
-Захми кўњнаи аз мавзеи маѓзи сараш бардошта, оњиста-оњиста ўро ба чунин њол овардааст. Мо тамоми кори аз дастамон омадаро мекунем, аммо гумон мекунам, ки бемор ба њуш наомада вафот мекунад….
(Давом дорад)
Дилошӯб
Акрам аз тарси Зулола њатто ба аёдати Шабнам наомад, бародаронаш меомаданду мерафтанд, танњо хоњаршўи калонияш, ки шавњараш тољир буд барои њаёти Шабнам мубориза мебурд.
Шоњин донишгоњи иќтисодиро дар Маскав хатм карда дар бонки шахсии падари як њамсабаќаш ба кор даромада маоши хубе мегирифт, љавони хубу боинтизом, ки буд барояш њама шароитро фароњам оварда буданд.Ў дар хонаи холии сардораш зиндагї карда пули ёфтаашро љамъ мекард, то дар Маскав соњиби хона шавад. Ѓайр аз кори асосияш корњои иловагии дигар низ дошт, ки музди онро ба хоњару модараш мефиристод. Хоњараш дар донишгоњи омўзгорї ѓоибона тањсил намуда дар мактаби дења муаллима буд. Модараш пули аз фурўши меваи боѓ ёфтаашро бо пули фиристодаи писараш якљоя карда хонаю дарашро таъмир намуд, бисёр мехост Шоњинро хонадор намояд, аммо љавон корро кашол медод… Њамон шабу рўзи дар беморхона миёни маргу зист ќарор доштани Шабнам, Шоњин ба Тољикистон омад. Мехост шасту панљ солагии зодрўзи модарашро дар њалќаи хешу табор пешвоз гирад, рўзи маърака Шоњин хабари бемори вазнин будани Шабнамро шунида ѓамгин шуд, зеро то њол ўро фаромўш накарда буд. Аз чашми модар ошуфтагии писар пинњон намонд ва пас аз рафтани мењмонњо, њамон рўзи омадани Шабнам ва зиндагии талхи ўро ба ў наќл кард….
Аёдат
Шоњин рўзи дигар бо модару хоњараш хайру хуш карда ба Душанбе омад, ў дар мењмонхона љо гирифта ба беморхона рафт. Баъди љустўљўњои зиёд ба шуъбаи беморињои асаби яке аз клиникањои шахсї расида Шабнамро пурсуљў кард. Шом фаро мерасид ва дар роњравњои беморхона одамон то рафт кам шудан мегирифтанд. Зани навбатдор, ки бо иштињо чойб ширинї мехўрд бепарво гуфт:- Бемори шумо мегуфтагї дар дами марг ќарор дорад, назди ў даромадану надаромаданатон фоидае надорад, зеро ў чизеро намефањмад. Бењтараш пагоњ биёед, сардухтур монад медароед… Апаљон ў њамиснфи ман аст, пагоњ ман ба Маскав меравам, як назар мебинамаш халос. Дурўѓ њам ба эбаш, ин даъфа бо ќањр гуфт зан, вай аз ту камаш понздањ сол калон аст! Шоњин ба назди духтур як саддолариро гузошт, зан оњиста онро ба љайбаш андохта гуфт:- Майлашу лекин фаќат чанд даќиќа….
Маргу ишќ
Шоњин бо роњбаладии зан ба њуљрае даромад, ки он љо болои рахти сафед Шабнами ў мехобид. Аз Шабнами зебои дилоро осоре намонда буд, боли бистар як љисми лоѓари афсурда мехобид….. Нафаси Шоњин аз дидани ин хорї гирењ хурд, ў рўйи курсичае назди Шабнам нишаста дастони ўро байни панљањояш гирифта ба лабонаш наздик бурд. Дастони кафидаю даѓал ва мисли дастони мурдаи шабмонда сапсафеду бехуни ўро ба лабнаш гузошта пичиррос зад:- Шабнамљон, маро бубахш, ман туро дифоъ карда натавонистам. Ман то њол туро дўст медорам, ѓайри ишќи ту ба даргањи дилам ишќи дигареро роњ надодаам… Кушиш кардам, вале нашуд, азизакам…. Оби чашмони Шоњин дастони Шабнамро тар карданд ва оњиста-оњиста ангуштони ў ба ларза даромаданд. Чашмонаш пир-пир парида кушода шуданд ва ў хастањолона гуфт- Шоњин, Шоњин…. Духтурзан барои баровардани Шоњин омада буд ин њолатро дида ба куљое занг зад, дар як лањза болои сари Шабнамро духтурони зиёд гирифтанд. Рўзи дигар њоли Шабнам каме бењтар шуд, Прафессори пир инро муъљиза мењисобид, духтурзан аз тарси аз кор мањрум нашудан дар бораи аёдатгари муъљизакор чизе нагуфт. Танњо рўзи дигар Шоњин боз пайдо шуду аз ўро ёфта хоњиш кард, ки ўро ба назди Шабнам гузорад, Духтурзан ин даъфа бо мулоиматї гуфт:-Номи ўро пурсида пичирро зад њоло ман рафа бемрро та мекунабаъд шуморо медарорам. Духтурзан назди Шабнам рафта баъди салому алейк пурсид, ки ба њуш омаданашро дар ёд дорад? Бале љавоб дод Шабнам, як њамсинфамро хоб дидаму бедор шудам. Номи њамсинфат Шоњин аст? тагпурсї кард духтурзан. Ту хоб надидаи, Шоњин ростї ба хабаргирият омадааст, худатро нигањ дор њоло ўро наздат медарорам….
Бахти деромада
Шоњин ба љойи кораш занг зада як њафтаи дигар рухсатї гирифт, дар ин як њафта саломатии Шабнам рў ба бењбудї овард. Акнун як мушкил ба даст овардани шиносномаи Шабнам монда буд, ки инро њам духтурзан Зулфия-хола њал кард. Дили ў ба њоли ин зани љабрдида сухту ба хоњаршўи Шабнам занг зада гуфт, як барномаи хориљї дорем беморонро бепул табобат мекунем, шиносномаи хешатонро биёред ўро низ дар ин барнома шомил намоем. Пас аз ду рўз Шоњину Шабнам ба Маскав парвоз намуданд... Танњо баъди ду сол дар тўйи арўсии хоњари Шоњин ба ватан баргаштанд, Шабнамро шинохта намешуд ў мисли пештара зебою дилоро ва хушсухану хушгуфтор буд. Падараш дар ин миён аз дунё гузашта буд, модари муштипару бародаронаш бо ў оштї карданд… Писари калонии ин љуфти ошиќу шайдо дањсола ва духтарашон дусола аст, онњо дар пойтахти кишвар зиндагии хушу осуда доранд….
Касе мегўяд, ки ишќ афсона аст хато мекунад, зеро ќањрамонони матлабамро мешиносам ва ба хонаашон рафтуомад дорам, баъди чандин соли илтимосњо онњо розї шуданд, ки ќиссаи ибартомузи ишќи поки онњоро рўйи коѓаз биёрам.
Дилошуб