Arzon march 2024
КОСМЕТИКА БАРОИ САЛОМАТӢ ЗАРАР ДОРАД?
14.05.2021
Оила
709


Маводҳои косметикӣ василаенд, ки шуморо зеботару хубтар нишон медиҳанд. Ба маводи косметикӣ ҳамзамон он маводҳое ворид мешаванд, ки барои нигоҳубини пӯсти рӯй, дастон, муйҳо ва нохунҳо истифода бурда мешавад.

Соли 1987 дар Париж дар Намоиши байналмиллалии маводҳои ороишию атторӣ, аввалин бор калимаи «косметика» истифода бурда шуд. Аввалин бор бонувони нозанини Египет таҷрибаи молидани моддаҳои гуногунро ба рӯю даст таҷриба намуданду сипас ин санъат ба Юнони Кадим ва Рим интиқол ёфт.

Чунин ҳисобида мешавад, ки аввалин бор ранг барои нохунҳои дастон (лак) дар Хитой 30 аср пештар ихтироъ гардидааст. Он замон занону мардони ашрофзода 25 см-и нохунҳояшонро ранг мемолиданд. Он замон ранги нохунҳо аз хокаи ранга, сафедии тухм ва мумиёи занбур омода карда мешуд.

Дар асри IV то мелод юнониҳо муйҳои зиёдатиро аз бадан нест менамуданд, кош мечиданд, ба руй малҳамҳои гуногуни сафедранг мемолиданд, лабҳояшонро сурх мекарданд, дандон мешустанд ва муйҳояшонро ранги зарду тиллоранг менамуданд.
Занони Россияи Кадим ба ҷои сурхиву лабсурхкунак оби тамашк (малина), олуча ва лаблабуро истифода мекарданд. Рӯйҳоро бо орди гандум сафед мекарданд, аз пӯсти пиёз бошад муйҳояшонро зард месохтанд.

Дар асрҳои миёна сенати Франкфурт на Майне-и Олмон қонуне қабул намуд, ки дар он гуфта мешуд, ақди никоҳ бо зане, ки тарики ороишоти косметикӣ айбҳои зоҳирии хешро пинҳон медошт, бекор ҳисобида мешуд.

90 млн фунт упоро дар тули як соли охири асри XVIII 9 млн сокинони Пруссия барои парик сарф намуданд.

Дар Англияи давраи Елизавета косметика барои саломатӣ зараровар ҳисобида мешуд. Чунин ақида вуҷуд дошт, ки бо айби косметикаву дигар маводҳои ороишӣ оби бадан наметавонад бо роҳи табиӣ ихроҷ шавад. Соли 1843 фабрикаи Альфонса Рале ба саноати истеҳсоли косметика дар Россия оғоз намуд. Дар ин фабрика упо, лабсурхкунак ва атр истеҳсол мегардид. Баъд аз ба сари қудрат омадани болшевикон фабрика номи «Озодӣ» гирифт. Соли 1937 дар СССР институти косметика ва гигиена таъсис ёфт, ки соли 1966 ба ИИТ (институти илмӣ-тадқиқотӣ)-и косметологӣ мубаддал гардид.

Тақрибан 60% наврасони кишварҳои ИДМ дар сини 12-солагӣ аз маводи ороишотӣ истифода менамоянд.

Ҳар як зан ақалан як маротиба дар тули умраш аз истифодаи косметика зарар дидааст. Маводҳои зараровар дар косметика хеле зиёданд, ҳарчанд мо инро қабул кардан намехоҳем. Масалан диоксан ва нитрозамин, ки дар таркиби бештари ороишоти косметикӣ дидан мумкин аст, барои саломатии инсон хатари ҷиддӣ доранд.

Фотимаи Сайф

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД