Arzon march 2024
ХУДКУШӢ Ё ПНЕВМОНИЯ?
2932

Дар ноҳияи Шаҳринав собиқ раиси филиали "Агроинвестбонк" Зоирҷон Қурбонов дар синни 36 - солагӣ фавтидаст

Даргузашти собиқ раиси филиали "Агроинвестбон" дар ноҳияи Шаҳринавро рӯзноманигори тоҷик Саидэҳсони Ҷалолиён дар саҳифаи худ дар “Фейсбук” нашр намудаву аз марҳум ҳамчун як инсони хоксору заминӣ ёдовар шудааст.

Зимнан, дар аксар расонаҳои иттилоотии кишвар хабари даргузашти Зоирҷон Қурбонов нашр шуд ва сабаби марги ӯро худкушӣ навиштанд.

Аммо чанд нафар дар суҳбат ба ҳафтаномаи “Фараж” гуфтаанд, собиқ раиси филиали бонк аз пневмоия ба ҳалокат расидааст. "Марҳум аз бемории илтиҳоби дутарафаи шуш азият мекашид ва тайи як ҳафтаи охир дар беморхонаи ноҳияи Шаҳринав бистарӣ буд", - таъкид мешавад дар хабар. Наздикони Қурбонзода бар асари нӯшидани сирко даст ба худкушӣ задани ӯро рад мекунанд.

Ба қавли хешовандонаш Зоирҷон Қурбонзода ду моҳ пеш ба бемории коронавирус гирифтор шуда будааст. "Ин беморӣ баъдан ба шушҳояш таъсир гузошт", — афзудаанд пайвандони марҳум.

Ҷанозаи Қурбонзодаро нимаи аввали рӯзи 11 август дар оромгоҳи марказии ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД