sebiston july new
Кӯдакони ношунаво табобат меёбанд?
2223


“Вақте бори аввал ба оилае, ки қобилияти шунавоиашон паст аст, бо мақсади дарсдиҳӣ рафтам, онҳо маро қабул накарданд. Аъзоёни ин оила забони имову ишораро намедонистанд.

Мушоҳида кардам, ки кӯдаки сесола дар ҳолати сахти асабоният қарор дошт, модарашро гӯш намекард, сахт ва бо алам гиря мекард. Дарсҳои аввалини моро кӯдак қабул накард, вале вақте ба дигар ношунавоён наздик шуд, ҳолати равониаш дигар шуд, кӯдак ором буд, бо хушҳолӣ муаллимашро мепурсид, ки ӯ куҷо омадааст”,- чунин қайд намуд зимни суҳбат бо мо Саттор Қувватов, муовини директор оид ба таълими Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муассиси Маркази кӯдакони ношунаво ва Маркази кор бо волидайн, муаллифи китоби “Имову ишора” ва тарҷумони имову ишора мебошад.

Ношунавоӣ, махсусан миёни кӯдакон яке аз мушкилиҳои асосӣ маҳсуб ёфта, оқибат нутқро аз байн мебарад. Аксаран чунин кӯдакон аз таълими махсус дур монда, фикрашонро фаҳмонида наметавонанд, намефаҳманд, ки атрофиён дар кадом мавзӯъ суҳбат мекунанд, ин ҳолат ба руҳияи ин гурӯҳи кӯдакон таъсири сахти равонӣ гузошта, эҳтимоли зиёди ба бемориҳои равонӣ гирифтор шуданро доранд.

Чаро баъзан кӯдакон нутқи худро баён карда наметавонанд, гузоштани дастгоҳҳо барои кӯдакон зараровар нест?

Ношунавоён чӣ гуна фикрашонро ба духтурон расонида метавонанд?

Ҳамсуҳбати мо Саттор Қувватов ба ин ва дигар саволҳо посух мегӯяд.

-Шумораи кӯдаконе, ки мушкилии шунавоӣ доранд, дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Зиёд шудани шумораи ношунавоён дар миёни кӯдакон ду сабаби асосӣ дорад, яке зиёд шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дигараш зиёд шудани аҳолӣ мебошад. Соли 2018 теъдоди ҷалби кӯдакони ношунавои мактабҳои махсус 1040 нафарро ташкил мекард, ин рақам то моҳи январи соли 2022 ба 1145 нафар расидааст. Мутаассифона, шумораи хеле ками кӯдакони ношунаво, ба таълим фаро гирифта мешаванду халос.

-Сабаби дур мондани ин гурӯҳи кӯдакон аз таълим дар чист?
-Аксаран баъди таваллуди кӯдак ва муайян шудани он ки кӯдак намешунавад, духтурон ба волидон тавсия медиҳанд, ки шояд шунавоии кӯдак барқарор шавад ва агар нашавад, баъди солҳо аз дастгоҳҳои шунавоӣ истифода баранд ё ҷарроҳии махсусро анҷом диҳанд. Бисёр мехоҳам, ки духтурон дар баробари табобат кӯдакони ношунаворо аз таълими махсус манъ накунанд.

-Никоҳи хешу таборӣ сабаби ношунаво ба дунё омадани тифл буда метавонад?
-Тибқи омори охире, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон дастрас гардид, 124 нафар дар соли 2022 кӯдаки маъюб таваллуд шудааст ва ин кӯдакон аз никоҳи хешу табории наздик ба дунё омадаанд.

-Барои кӯдаконе, ки ношунаво ҳастанду ба тамошои телевизион шавқ доранд, то имрӯз кадом корҳои сурдо-тарҷумониро анҷом додаед?
-Дар баробари тарҷумаи “Навид” аз ТВ Сафина, дар телевизиони “Баҳористон” як барномаро барои чунин кӯдакон тарҷума карда истодаем.

-Дар семинаре як нафар ношунаво шикоят кард, ки барои тарҷумони ман дар ҳама ҷо мушкилӣ вуҷуд дорад.

Мегуфтед, ки барои ин мушкилиро ҳал намудан ягон чораҳо андешида шудааст?

-Соли 2022 ба 36 нафар дар шаҳрҳои Панҷакент, Хоруғ ва Кӯлоб кормандони тиб, ҳифзи ҳуқуқ, иҷтимоӣ ва маориф забони имову ишораро ба таври хеле кутоҳ омӯзонидем. Чунки вақте ношунавоён ба онҳо муроҷиат мекунанд, бояд фикри муроҷиаткунандро фаҳмида тавонанд. Тибқи нақша бояд дар 18 ноҳияи ҷумҳурӣ табибонро ба омӯзиши ин забон ҷалб намоем.

-Чун шохаҳои тиб хеле зиёд аст, шумо махсусан кадом мутахассисони соҳаро ҷалб карданиед?

-Кӯшиш мекунем, дар гурӯҳи худ ҳам духтурони кӯдакона ва ҳам калонсолонро аз ҳама бахшҳо даъват намоем, чунки дар ҳарду ҳолат ҳам ношунавоён ҳастанд ва бечуну чаро онҳо ба духтур муроҷиат мекунанд. Маслан, агар мо бемории силро қайд кунем, онҳо муддати дуру дароз табобат мегиранд ва бештар аз ҳама дар мушкилии сурдотарҷумон рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҳар рӯз ба онҳо тарзи хӯрдани дорувориҳо ва тарзи дурусти хӯрок хӯрданро фаҳмонида, маслиҳатҳои муфид додан лозим аст, то ки онҳо аз табобат дур нашаванд, дилсардиро эҳсос накунанд ва фикри дигаронро фаҳмида тавонанд. Дар баробари беморони сил, дигар беморон низ ба сурдотарҷумон ниёз доранд.

-Кӯдаконе, ки шунавои паст доранд ё умуман надоранд, метавонанд шунавоиашонро барқарор намоянд?
-Имрӯз мушкилии муолиҷаи ношунавоён хеле таассуфовар аст. Мутахассисон мегӯянд, ки ношунавоии кӯдаконро барқарор кардан ғайриимкон аст, чунки шунавоӣ ба нутқ алоқамандӣ дорад ва ҳатто ба дастгоҳҳои шунавоӣ он кӯдакро ба кӯдаки шунаво баробар карда наметавонем ва бисёри онҳо табобат надорад.

Кишварҳои аврупоӣ 25 сол пеш чунин ҷарроҳиҳоро ба роҳ монда буданд ва таҷриба нишон дод, ки ин натиҷаи начандон баланд дод. Вақте ҷарроҳиро анҷом дода, дастгоҳро ба гӯши кӯдак васл карданд, кӯдак хондагиашро сарфаҳм нарафт. Ба фикри ман беҳтарин натиҷа ин ҷавоби онҳо ба омӯзиши забони имову ишора аст.

-Дар ҷомеаи мо кам нест оилаҳое, ки фарзандони ношунаво ё дигар нуқс доштаи худро ба духтарони солим хонадор мекунанд, то ки фарзанди солим ба дунё биёранд. Аз рӯи таҷрибаи доштаатон гуфта метавонед, ки ин амали дуруст аст?
-Воқеан ҳам аксари волидон мехоҳанд фарзанди ношунавои худро ба ягон духтари солим хонадор кунанд. Таҳлилҳо нишон дод, ки бештари ин оилаҳо барҳам мехӯранд. Модаре нақл кард, ки ҳар вақте аз пушти дари хонаи писарам мегузараму суханҳои келинамро мешунавам, ки ӯро таъна мезанад, таҳқир мекунад ва ҳатто мегӯяд, “ту лоиқи ман нестӣ, туро маҷбур ба ман доданд”, мемираму зинда мешавам. Ҳолатҳое ҳам буд, ки аз зани солим кӯдаки ношунаво таваллуд шуда буд. Ношунаво шудану нашудани кӯдак амри таббиӣ аст.

-Волидон вақте ҳис мекунанд, ки кӯдакашон нуқсони ношунавоӣ дорад, бояд чӣ кор кунанд?
-Тибқи омор имрӯз дар кишвар зиёда аз 30 ҳазор ношунаво зиндагӣ мекунад. Хуб мебуд, ки волидон ҳангоми фаҳмидани ношунаво будани фарзандашон ба мутахассисони соҳа муроҷиат кунанд. Вақте муайян шуд, ки кӯдак аз 90 фоиз боло ношунавоӣ дорад, дар ин ҳолат ягон табобат надорад. Чунки вақте шунавоӣ нест, нутқ гум мешавад. Ҳамчун мутахассис тавсия медиҳам, ки волидон бояд аз волидоне, ки чунин кӯдакон доранд, маслиҳат пурсанд.

Забони кӯдакро омӯзанд, онҳоро ба мактабҳои махсус гузоранд, то ки илм омӯзанд. Беҳуда дору нагузаронед, вале агар имкони харидани дастгоҳи шунавоиро дошта бошед, бо маслиҳати мутахассисон онро истифода баред. Дар кадом ҳолате набошад, кӯдакони худро аз синни ҳафтсолагӣ ба мактабҳои махсус ҷалб намоед.

-Истифода бурдани дастгоҳҳои шунавоӣ ба саломатии минбаъдаи кӯдак ягон зарар надорад?
-Вақте ба кӯдак дастгоҳи шунавоӣ таъин мекунанд, духтурон онро дуруст насб мекунанд, аммо он ба майнаи сари кӯдак бетаъсир намемонад. Дар бештари ҳолат кӯдакро асабӣ мекунанд. Олимони Австралия исбот карданд, ки кӯдаконе, ки бо дастгоҳҳо ба воя расидаанд, дар онҳо асабоният вуҷуд дорад. Ин дастгоҳҳо барои кӯдакони сустшунаво хуб аст, вале барои кӯдакони ношунаво таъсири манфии худро мегузорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД