Tayron Test For
Кӣ Зебосанами сол шуд?
2341

 

Дирӯз , соати 18-00 дар толори Кохи Суруш лоиҳа озмуни “Зебосанам-2019” ҷамбаст гардид.
Ровиёни ин базми пуршукӯҳ Мубориз Усмонов ва Шабнами Абдулло изҳор доштанд, ки муддати 7 моҳ ба шаҳру ноҳияҳои кишварамон сафар карда, аз миёни духтарони паричеҳраи тоҷик зебосанамҳои асилро интихоб карда, беҳтаринҳо то ба даврӣ финалӣ омада расиданд.
То ба даври нимфинал дар маҷмӯъ 20 нафар зебосанамҳои соҳибистеъдод роҳ ёфта, аз байни онҳо 10 нафар соҳибҷамол тариқи овоздиҳӣ аз ҷониби халқ ғолиби озмун гардиданд.
Шоҳҷоиза ба миқдори 50 000 сомонӣ тоҷи алмосӣ насиби Мунира Баҳромзода, ки зода ва истиқоматкунандаи н. Бобоҷон Ғафуров аст, гардида, ӯ зебосанами сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд. Доварон интихоби мардумро дастгирӣ намуда, таъкид доштанд, ки Мунира воқеан зебост, гесӯи дароз дорад, қади чун сарв ва маҳорати суханварияш низ бемислу беҳамтост.


ФОТИМА МАШРАБОВА: БА МАРДҲО БОВАР НАДОРАМ!


Мадина Назарова, зебосанами Душанбе, Сабрина Зуҳурова зебосанами ВМКБ, Абдураҳмонова Ширинмоҳ зебосанами вилояти Хатлон ва Лолаи Ҳошим зебосанами вилояти Суғд интихоб гардида, бо диплом ва ҷоизаозмуни Зебосанам 2019 сарфароз гардиданд.

Ситораҳои саҳнаи тоҷик, аз қабили ФарзонаиХуршед, Нигина Амонқулова, Фарангиси Дунё, Мадина Ақназарова, Сафармуҳаммади Рустам, Меҳрнигори Рустам, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Зафар Абдуалимов ва дигарон дар ин шоми зебоӣ бо суруду таронаҳои дилнавоз хотири гулдухтарон ва меҳмононро шоду хуррам гардониданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шабнам 2020-03-16, 20:38
Видеоша дар Ютуб партоед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шабнам 2020-03-16, 20:38
Видеоша дар Ютуб партоед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2