Arzon march 2024
ИШҚ АЗ НИГОҲИ АВВАЛ РОСТ АСТ?
1969

Ду дида ба ҳам бархӯрданду дарҳол дарк намуданд, ки Худованд онҳоро барои якдигар офаридааст. Наход чунинаш танҳо дар афсонаҳо рух диҳад ё ишқ аз нигоҳи аввал ҳақиқат аст?

Олимон мегӯянд, ки ин эҳсоси ҷонбахш дар ҳақиқат якбора пайдо мешавад. Мутахассисон тавассути асбобҳои муосир реаксияи майнаи сари хоҳишмандонро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Асбобҳо тағйиротҳоеро нишон доданд, ки замони пайдо шудани муҳаббат рух медиҳанд. Аҷиб, ки дар як сонияи муошират бо чашм 12 қисмати майнаи сар бедор мешудааст. Чанд ҳормони гуногун дар ин вақт ба хун ворид гардида, фаъолияти мӯътадили системаи асабро халалдор месозад. Ва тамом-дар сайёра боз як ошиқ зиёд шуд! Чаро чунин мешавад? Ин оташаки ҷонсӯз аз куҷо пайдо мешавад? Дар ин бора чанд ақида вуҷуд дорад.

Ақидаи аввал

Ба ақидаи баъзе мутахассисон муҳаббат аз нигоҳи аввал дар асоси генетикӣ рух медиҳад. Инсон дар давоми чанд сония дар симои нафари интихобнамудааш давомдиҳандаи насли солимро муайян месозад. Ҳар қадаре марду зан аз ҷиҳати генетикӣ мувофиқ бошанд, муҳаббаташон ҳамон андоза зиёд мегардад. Барои исботи ин олимон тадқиқотҳои зиёде гузаронидаанду мегузаронанд.

Гап дар бӯй аст

Бино бар ақидаи дуюм одамон ҷуфти худро аз рӯйи бӯй интихоб менамоянд. Маҳз тавассути бӯй инсон муайян месозад, ки бо кӣ тамоми умр хушбахтона зистанаш мумкин аст. Тавассути атрҳо ҷалб шудани мард ё зан боиси гумроҳӣ мегардад. Хушбӯйҳои сунъӣ таъсири муваққатӣ доранд. Танҳо бӯйи табии бадан дилбастагиро ба вуҷуд меорад.

Худпарастӣ

Мувофиқи ақидаи сеюм инсон дар симои шахси дӯстдоштааш худашро меҷӯяд. Маҳз аз рӯйи монандии симо баногаҳ чашму абрӯйи шахси ношинос ба назар қарину дилнишин менамояд. Беҳуда нест, ки зану шавҳарон солиёни зиёд бо ҳам зиста ба ҳамдигар монанд мешаванд. Гап сари он нест, ки бо мурури солҳо одамон гуфтору рафтори ҳамсафари ҳаётиашонро нусхабардорӣ менамоянд. Сабаб дар он аст, ки зану шавҳари хушбахт аз аввал ба якдигар монанд буданд. Барои исботи ин гуфтаҳо олимони ИМА расмҳои нафарони солиёни зиёд зиндагии хушбахтона ба сар бурдаро гирифта, суратҳои мардонаро ба занона ва баръакс табдил доданд. Натиҷаҳо олимонро ба ҳайрат овард. Зану шавҳарон сахт ба ҳам монанд буданд.

Зимнан, монандии симо омили ягонаи бедоршавии муҳаббат нест. Шахси ошиқ бояд майлу таваҷҷӯҳи нафари интихобнамудаашро низ эҳсос намояд. Нигоҳи дуру дароз ва табассуми малеҳ яроқи беҳтарини ошиқ аст.

Ақидаи чорум

Ба ақидаи баъзе мутахассисон, дар пайдоиши муҳаббат аз нигоҳи аввал ягон асрор вуҷуд надорад. Ба мо марду занҳое маъқул мешаванд, ки ба волидонамон монанданд. Монандӣ пурра буданаш шарт нест, мувофиқати баъзе қисматҳои рӯй кифоя аст. Чӣ гуна сипарӣ шудани даврони кӯдакӣ низ муҳим нест. Нафарони муносибатҳояшон бо волидон хуб набуда низ дидаву дониста шахси ба падар ё модарашон монандро меҷӯянд

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД