БЕНИҚОБ
Духтарҳо ба хонаамон хостгорӣ меоянд
4423
17


Ҷавони 18-солаам. Ҳусни худодод дорам. Падарам мегӯянд, ки ин ҳусн аз раҳматии бобоят ба ту мерос мондааст.

Аслан духтарбоз нестам, чунки моро аз хурдӣ дар руҳияи динӣ тарбият намудаанд ва гуноҳи азим будани чунин корҳоро хуб медонам. Ҳар саҳар намози бомдодамро хонда ба дарс меравам. Кӯшиш мекунам, ки ба чашми ягон духтар нигоҳ накунам, аммо духтарони зиёде аз пасам кашола мешаванд. Ба ҷои он, ки ман ба онҳо гап партоям, худи духтарҳо пеши роҳамро дошта, изҳори муҳаббат мекунанд. Қаҳрам омада баъзан дашномашон медиҳам, то ки ин духтарҳои бе шарму бе ҳаё аз ман дур шаванд, аммо онҳо ҳеҷ гапро намефаҳманд, ки намефаҳманд.


“ман аз хеш келин намегирам” гуфта, ду пояшро ба як мӯза намеандохт, шояд имрӯз ману ҳадиса соҳиби чанд фарзанд шуда, зиндагии хушбахтона ба сар мебурдем, вале афсӯс...


Аз дасти зебосанамҳо рӯз надорам, духтарони ҳамсабақам ба телефони дастиям пул гузаронда, sms- ҳои ошиқона мефиристанд. Инаш бахайр, занҳои бе шавҳар ҷонамро ба лабам расондаанд. Ҳавас хӯрда тарафам чашмак мезананду худашон рақами телефонашонро медиҳанд ва хоҳиш мекунанд, ки ҳатман занг занам. Занг намезанам, рӯзи дигар пеши роҳамро дошта, мисли муфаттиш допрос мекунанд, ки барои чӣ занг назадам. Безор шудаам аз ҳамин чашму абрӯвони зебо ва худ ба худ мегӯям, ки наход бобоям ҳам мисли ман ранҷ кашида бошад. Ҳайрон мондаам, ки бо ин занҳои дилдода чи кор кунам. Шарм медорам ба падарам бигӯям, ки занону духтарҳо ҳамеша пеши роҳамро гирифта ба ман изҳори муҳаббат мекунанд ва ин шилқинҳо ҷонбезорам кардаанд. Метарсам, ки духтарон ба хонаамон хостгорӣ наоянд. Наход дар вуҷуди духтарони тоҷик заррае шарму ҳаё намонда бошад? Дод аз дасти чунин духтарони беҳаё!
Муҳаммадҷон, аз Гидразоли н. Ҳисор

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(17)
Рахмон 2019-10-07, 14:33
Пури бад таьриф кадай хыта...
Посух
Некруз 2019-10-07, 14:40
Хта ячи тема кади неки...ранги занако ай зиндаги нанол чура
Посух
Шодмон 2019-10-07, 14:40
бахудо айнан инами мужика корш дар хаёти ма шудагияй. Расия рафтм халос шдм
Посух
Иршод 2019-10-07, 14:40
Шу ку бра братан раски хосгории духтара кабул намекни
Посух
Фотимаи бешавхар 2019-10-07, 14:41
Мара мегири Муҳаммадчон?
Посух
Панҷакент Фотимаи бешавхар 2019-10-08, 10:50
Садқаи номи Фотима кунад туро, бе шарм.
Посух
М,С,А. 2019-10-07, 14:47
Мегум Хазрати Юсуф ку нести хмм?
Посух
Чеки Чан 2019-10-07, 15:33
Бра давша девонак.
Посух
Мага 2019-10-07, 15:38
Фотима хохар и нодида заявка доди?!
Посух
УЛУГБЕК ДАНГАРАГИ 2019-10-07, 18:44
ХАЙ МУМКИН АЗ ДУХТАРХО КАРЗ ГИРИФТАГИ ХАСТИ КАРЗДОР КАРЗАШРО МЕПУРСАД ИН БАЧАИ НОЗАНИН АЗ КАДОМ МИНТАКАИ ТОЧИКИСТОН БОШАД
Посух
Бахтак 2019-10-07, 23:07
Ба фикри ман ин бача ё сода аст ё нисерёзни бачаи серёзниро ихели занако прикол намекунад
Посух
САБРИНА 2019-10-08, 12:02
Ин писар ба тамоми занхо ва духтарон тахкирро раво дидааст.. Бинед чи гуфтааст: "Наход дар вуҷуди духтарони тоҷик заррае шарму ҳаё намонда бошад?" Ин худаш чи гуфтани гап, сад хайфи хамон хусну чамоли зебо... Худованд хуснат додаст, аммо афсус ки аклат комил нест.....
Посух
Точик 2019-10-08, 12:05
Аз худо тарсидан даркор бародаро на аз духтархо
Посух
Хамватан 2019-10-08, 13:29
Номзадиатро ба депутати пешниход кун мухлисонат дастгири мекунанд.
Посух
Abdullo 2019-10-08, 13:31
Кани як суратона партоед бинем, албатта ки Юсуф нести ку
Посух
Суди Олӣ 2019-10-08, 20:50
На ҳар ки чеҳра барафрухт дилбари донад На ҳар ки оина созад сикандари донад . Ин корро одами боақл наменависад. Ба монанди ин писар чандин шахсон ҳастанд. Аммо таъриф намекунанд. Доно аспро таъриф мекунад, нодон худашро
Посух
Jomi 2019-10-09, 17:38
Неки ба фикрам чени Юсуфи наби боши ё зеботар бдай х????
Посух
Шарҳ
Тавсия медиҳем:
ТВ - ОИЛА
Баҳриддини Сабур: Ба Қадами Қурбон 1-сомон ҳам надодам (ВИДЕО)
Сӯҳбати хабарнигори сомонаи оила тч бо Баҳриддини Сабур дар бораи ҷанҷоли Қадами Қурбон, норозигии Ҷонибекми Мурод, мошини $40 000 ва...
Баҳриддини Сабур: Ба Қадами Қурбон 1-сомон ҳам надодам (ВИДЕО)
12736
8
БЕНИҚОБ
Дод аз дасти духтари Мулло-Абдулло!
Ман Гулбаҳор Рашидова, дар Ҷамоати Қалъаи Сурхи Рашт ба дунё омадаам. Соли 1993 маро ба Абдулманон ном ҷавонмарди шаҳрӣ, ки...
4563
7
БЕНИҚОБ
Дод аз дасти зани серҷоғ!
Ҷонам аз дасти ин занаки серҷоғ ба лабам расидааст, аз ҳамин сабаб ба “Оила” муроҷиат намудам, то аз хонандагони зиндагидидааш...
6620
3
маводҳои монанд
ФАРОҒАТ
21 . 06 . 2019
Муҳаррир
Шумо дамдуздед ё маҳфилоро?
Ба саволнома ҷавоб диҳед ва аз хислатҳои ноаяни хеш огаҳ шавед!
160
0
Саидҷон Нодирӣ
Тамошои филмҳои фаҳш бефарҳангист ё беморӣ?
Шавқу ҳаваси аз ҳад зиёди мардро ба тамошои наворҳои фаҳш ва акси занони урён бо забони тиббӣ вуалеризм ва визионизм...
580
0
ИСЛОМ
22 . 05 . 2019
Муҳаррир
Ҳоҷӣ Мирзо дар бораи «Мулло шланг» чӣ мегӯяд?
Онҳо мулло не, шайтонанд ва бо найрангҳои ҳаромашон натанҳо муллоҳо, балки тамоми мардуми мусалмонро шарманда мекунанд. Аз тарафи дигар, занҳои...
941
0