Arzon Banner
ДАР ИН ЗАМОНА ШАВҲАР ЧӢ ДАРКОР?
02.01.2021
ОИЛА
4594

Боре тасодуф дар истгоҳ шоҳиди гуфтугӯе гаштам. Духтараки тахмин 17-18 солае бадард ба зани солхӯрдаи сарсафед арзи дил мекард. Рӯи даст тифлаки навзод дошт. Ҳисси кунчкобиям афзуду қарибтари онҳо омадам. Дарёфтам, ки шинос нестанд.

-Куҷо равам… донаҳои калон-калони ашки духтар рӯи парпечи сафеди
кӯдак чакиданд.
-Кучо ҳам мерафтӣ дар ин дами шом, гаштаю баргашта бо дилсӯзӣ тасаллояш медод зани сарсафед. -Баргард ба хона, хонаи худат, шавҳари худат. Моҷарои зану шӯ сояи абр, мегузарад меравад.
-Не, намеравам…,-гулугир мешуд духгарак. Бо чашми худ намедидам, намесӯхтам. Дар рӯзи равшан… дар ҷойгаҳи ман…

-Худро ба даст гир, - сухани ўро бурид… зан, шояд ба он ки эҳсоси шӯридаи дили он бечораро фурӯ биншонад. Гумон накун, ки як шавҳари ту… Ҳама мардхо, аз хоки як гӯр. Дӯст дошта бошӣ, аз худат бин, сабр кун. Ин ҳавою ҳаваси аҳмақонаи онҳо муваққатӣ, боз мебинӣ, ки шармандаю пушаймон мебиёяду тавалло мекунад. Бин, чӣ писарчаи дӯстрӯ дорӣ, хама гаму аламат садқаи як хандааш…

-Дӯстам намедошт, мебахшидам. Як сол нагузашта… наход…
-Не, хато мекунӣ, духтарам, -боз сухани ӯро бурид зан. Хато. Дод мезадам қариб. Чаро хато мекардааст ӯ. Чаро хиёнатро бахшад. Ин зан чиҳо мегӯяд? Бо азобе худро нигаҳ доштам ва хайрият…

-Ишку ошикӣ мавсими баҳор дар умри одамизод, доимӣ нест, Бадбахтона, табиати мо, занҳо, ки ба он бовар мекунем. Ҳамин боварӣ, садоқати мо мардҳоро аз худ мебарад. Ту мегӯй, якдигарро дӯст доштаед. Хаёл мекунӣ, беҳтар мебуд ба хамон ёфтаи модарат мерасиди?
Кӣ медонад, шояд… Вале ана худи ман яктои онҳо. Модарам ба ҷону ҳолам намонда, "духтур, хондагӣ, одами хуб, доро, бамаънӣ, бо ӯ хушбахт мешавӣ" гуфта маро ба як марди бегона доданд. Шаби тӯй ӯро дидам.
“Ха. Хайр, падару модар фарзанди худро ба обу оташ намепартоянд" гуфта ба тақдир тан додам. Дуруст, ки дар зиндагӣ аз чизе камӣ надоштам. Ба қавле хӯрдагиам дар пеш, нахӯрдаам дар қафо буд. Баъди як сол дугоник таваллуд кардам.

Фотимаю Зӯҳро. Рӯзи аз таваллудхона баргаштанам як шуду рӯзи огози ҷаҳаннами зиндагии ман як. Ҳамсоязанҳо пинҳон надоштанд, ки вақти набуданам хонаи ман ишратхона гаштааст. "Сари вақт саратро гирифта рав, хок кашад ин хел шавҳарро" гуфтанд онҳо. Ба сад андеша рафтам. Илоче ку? Санги вазнин шудам. Баъд чӣ рӯзу балоҳое ба сари ман наомад. Волидайн аз гурбатҳои ман, чизе нафаҳмида аз дунё гузаштанд. Ғам паси ғам дар рӯзгори ман зина мешуд, тоқат мекардам, тоқат. Кор ба ҷое расид, ки чун танӯри тафсида бистарӣ будаму шавҳарам чуфти худу рафиқашро оварда, дар мехмонхона то саҳар айшу нӯш карданд. Субҳ ба ҷои узр хостан аҳволи маро диду гуфт: - "Кош тезтар мемурдӣ, ки халос мешудам", Рӯи хотири ҳашт фарзанд, хотири он ки бепадар хору зор намонанд, лом нагуфтам. Зан садоқати сагона доштааст, Сабр кардам.

Ҳайф, рӯзе омад, ки маро бо ҳашт фарзанд партофта, шавҳарам ба пирдух тари 28 солае хонадор шуд… Чӣ илоҷ тақдирам…
Ашк дар чашмони духтарак хушкида буд. Кӯдакашро сахт огӯш кашида, мисли ман бо таҳайюр ба қиссаи зан гӯш медод. Ба аламу дардаш ба суроби кулфатҳои кашидаи ин зани сарсафед мубаддал гашт магар, оҳи сабуке кашид.
-Бирав, духтарам, ба хонаат, Ба хотири муҳаббат ӯро бубахш. Писарат бе падар намонад… Бо тақдир муросо кун, дигар чӣ ҳам аз дасти мо меояд… Автобус омад. Зани сарсафед ҳамроҳи ман ба автобус даромад. Аз оина дидам, ки духтарак кӯдаки парпеч дар бағал оҳиста-оҳиста сӯи боло рафт. Бегумон, сӯи хонааш, сӯи бистари олудааш, сӯи муросо бо хиёнат… Ба чӣ хотир? Хотири фарзанд…

Худоё! То чанд! Хорие дар ҳастии ман ба исён омад. Хорӣ ба ҷои он духтараки таҳқирдида, хорӣ ба ҷои он модари сарсафеди азияткашида. То имрӯз ин хорӣ маро мефишораду мефишорад, он чунон ки қалам гирифтам, фошофош бигӯям: Зан ба хотири фарзанд аз баҳри ҳама лаззати дунё, аз баҳри худ мегузарад, чаро мард не? Зан ба хотири ишқ сахттарин азобу укубат паси сар мекунад, чаро мард не? Зан ба хотири осоиши рӯзгор ба ҳар курбонӣ омода аст, чаро мард не?
Бузургтари мардони воиз, ки худро содиқ ва дӯстдори зан мешуморанд, ба қавли Ҳофиз чун "ба пинҳон мераванд, он кори дигар мекунанд".

Ва оё худи ишқ вуҷуд дорад? Одатан дар бораи чизи набуда, орзую хаёлҳои ширин афсона мебофанд, пас ишқ ҳам набуда, ки шоирон ин қадар қиссаҳои хаё лии Юсуфу Зулайхо, Лайлию Маҷнун, Фарҳоду Ширинро бофтаанд.
Ишқ мебуд, хиёнат намебуд. Як замон шояд ишқ вуҷуд дошта бошад… мисли устухонҳои динозавре, ки бостоншиносон меёбанд. Аз замоне, ки худро мешиносам, аз ишқ асаре нест… Куҷост имрӯз аз барги гул нозуктарин зан", ки мардон дағалӣ, дуруштӣ, носипосӣ, зӯроварӣ, таҳқири сангин ба сараш бор мекунанд, ҳар лаҳза тӯтивор ба забон меоранд: "Хомӯш, ман мардам, ту зан!"
Бехабар аз заифиҳои худ, ки ба ишваю адои маъшуқаҳо инон медиҳанду аҷаб, шарафи мардӣ медонанд, ҳол он ки ҳамин маъшуқаҳои нозофарин бадон сиррашон ба бод дода, масхара медоранд, ба ҳоли онҳо ва занҳои вафодорашон механданд ва ҳақ ҳастанд.

Пас барои чӣ ман шавҳар кунам? Барои сарулибос шустан, хӯрокашро пухтан, ҷуфти хобаш шудан? Барои фарзанд ба дунё овардан ва боиси ӯ худро қурбон кардан? Чаро? Чаро ғурбати хонаро зан бояд донаду мард не? Чаро мардон аз ташвиши зиндагӣ зуд дилгир мешудаанду ду ҷои дигар дилхушӣ меҷустаанд, ба онҳо ҳама гуноҳро бахшидан мумкин будаасту ба зан не? Чунки онҳо ҳокими зан, яъне шавҳар будаанд!

Не, аз чунин хушбахтии шавҳар доштан танҳоӣ беҳтар. Асло шавҳар намекунам. Баъди се-чор моҳ мактаб, ки тамом шуд, ба донишкадаи олӣ меравам, Илму дониш беғаразтарин дӯсти кас, мушкилкушои ҳар муаммост. Ман ҳуқуқшинос шуданӣ ва албатта мешавам. Ирода ва донишам комил аст. Мақсадам яктост, дар ҷамъият зани тоҷик, шарафу номус, иззату мақоми
Уро ҳимоя кардан. Ба онҳое, ки аз ман айбу нуқсон ҷустанианд, гуфтаниям, беташвиш бошанд, худо маро чун ҳама бандагонаш ба чор ишкели бутун офаридааст. На аз ҳусн камӣ дорам, на аз фаҳму фаросат. Вале ҳеҷ гоҳ афсӯс нахоҳам хӯрд, ки ҷавоне маро дӯст намедорад, марде орзуи ҳамхонагии ман намекунад.

Авлотар аз ҳама озодии ман. Озодӣ аз он ки ҷавони носкаше бо даҳони бадбӯ ҳамсари ман намешавад. Озодӣ аз шавҳари булҳавасе, ки ба зудӣ оташи ишқаш ях баста, никоҳи муқаддасро зери пои фуҷури кадом сабукпое намекунад. Озодӣ аз маломат, ба иззати нафс расидану ғуломи ҳалқабардӯши мард будан. Охир. мардони мо дурӯяанд. Зан-худои зиндагӣ, зан-чашмаи ҳаёт, зан-чароғи хонадон мегӯянду дар асл мехоҳанд зан канизаки даргоҳашон бошад.

Ҳатто мардони тоҷики мо илоҷашро ёбанд, аз се-чортоӣ зан гирифтан рӯ наметобанд. Дили мардони миллати дигар чаро дар ҳасрати чунин орзу гум намезанад? Ё онҳо мард нестанд? Ана барои чӣ ман шавҳар намекунам. Ба ягон мард боварӣ надорам ва ҳеҷ гоҳ бовар намекунам, бигзор, ки аз осмон ситора канда орад. Аздусар касе исбот карда наметавонад, ки марде бовафо асту содиқ ба зани худ. Ҳар кӣ норозист, ба майдони кушоди баҳс мехоҳам, гуфтугӯи рӯ ба рӯ ва ошкороро дӯст медорам.

Садафи МУРОДИЁН
сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(9)
М.... 2021-01-02, 18:36
Шумо магар муносибати волидонатонро бо хамдигарашон надидаед ?Е падаратон модаратонро канизи хонаи худ кардааст ,ба модараьон хиенат кардааст ...?Хастанд мардони вафодор вале шояд аз 100 якто ,не аз 1000 якто .Ин сухим нест сухим Хастанд .Аз гуфтахоятон падаратон бо модаратон муносибати хуб намекунад .Шояд занхо азоб кашанд ,вале онхо фарзандон худ давомдихандаи худро дида мешукуфанд .Шумо дуруст гуфтед или мухим аст , вале оила низ мухим. Он духтараке Ки шумо гуфтед сохиби Шояд сохиби касб набуд Ки азоб кашид.
Посух
Профессор ххххх 2021-01-02, 18:48
Бале бале булбулаки забонат ин кадар гарм будааст?!! Рав хон, олима шав, ҳуқуқшинос шав, шавҳар накун. Вале баъди 20 сол дар ҳамин ҷо боз дарди дил хоҳӣ кард ки эй кош аккалан зани 2 е 3 не, бигузор машуқаи кадом марде бошӣ, ки болинат нарму дилат гарм хоҳад буд. Охир ту ҳам зан ҳастӣ ва дилат муҳаббат мехоҳад. Э вой аз ин беақлии ҷавони. Э кош ва э кош... он вакт булбулаки забонат ин оҳанги ғурури ҷавониро не, балки оҳанги дили танҳои дар сина бе марому сокитро бо сад алам ва ҳазорон нолаи зори пушаймонӣ хоҳад хонд. Мо ҳам айни чунин хаторо кардем, хондем олима шудем, унвонҳои баланди илмӣ ҳам гирифтем. Фикр кардам ки дар дуне аз ман зеботару донотар касе нест. Дили чанд ҷавонро ҳам ноумед кардам. Яке кадпаст, дуввуми зард, саввум бемаълумот, чорум чашмаш каҷу панҷум хонаводааш ба ман муносиб нест....то хабар шудам ки солҳо рафтанду 50 сола шудаам ва боре ҳам лаззати зиндагиро нафаҳмидаам. Ва имруз э кош ва э кош ки ҳаргиз чунин хатогиро намекардам. Агар ҷавониро баргардонидан мешуд аввалин коре ки мекардвм ба шавҳар мебаромадаму фарзанд ба дуне меовардам. Духтарҳои азиз агар мург тухм намекард барои гушти ночизаш уро солҳо парвариш намекарданд.
Посух
А.Д 2021-01-02, 20:47
Бале дуруст ташакур ба шумо ман хам мисли шумо чавон мебудам чунин мекардам.Ман соли 1991- мактаби раками-23 н.восеъро хатм кардам аз сабаби нооромихои кишвар ба хонданам розиги надодан ба шавхар баромадам зиндагиам хуб буд чор фарзанд дорам духтарам донишгохи тиббиро хатм кард .писарам донишгохи молия ва иктисод дар курси се .духтари дигарам курси якум донигохи омузгори худам баъд аз 26-соли зиндаги фахмидам маро шавхарам фиреб мекардаст 20-сол пеш зан гирифтаст ончунон дустам медошт мисли дугона будем.бовар надоштам ба ман чунин хиёнат мекунад .аз 100-мард шояд як марди вафодор бошад .холо дар як хона аз хам чудоем пушаймонам кош шавхар намекардаму дар оташи хиёнат намесухтам.
Посух
Макс 2021-01-02, 22:26
Панҷ панҷа баробар нест. Беҳуда ҳама мардҳоро паст назанед. Ҳастанд мардҳои дурӯя лекин ҳамаашон не. Ягон чиз сабаб мешавад,ки мард думи зани дигарро мегирад. Аз худи зан ҳам вобаста аст,ки шавҳарро чи хел итоат мекунад ва чи гуна хизмати ӯро мекунад.
Посух
VIP_AAR 2021-01-03, 01:07
Аввало салом хоҳар ё апаи азиз! Ман ҳам ҷавони муҷаррадам он масъалае ки Шумо зери танқид гирифтаед дар асл бархе аз мардон чунинад. Лекин мо ҳеҷ вақт гуфта наметавонем ки бинобар сабаби хонавайронии ду ҷавон мо бояд оиладор нашавем, шумо инҷо танҳо мардонро зери танқид гирифтаед лекин вақте ба ҷомеа назар мекуни 80%-и хонавайрониҳо аз ҳисоби занҳо ба вуқуъ меоянд!!! Пас чи ман хиёнати зпнеро нисбпти шавҳраш дида зан нагирам !? Ба фикри ман Шумо хато мекунед!!!
Посух
Саша 2021-01-03, 03:57
ВАЙ ВАЙ МАН МУРАМ
Посух
Лутфия доктор. 2021-01-03, 19:30
Бале.мисли ман фикр доред.синнам ба 49 расида то хол хамсафари зиндаги надорам.чунки ба касе бовар надорам, вале медонам хато фикр кардам.бояд фарзанде барои танхо намондан медоштам.
Посух
Дилором 2021-01-05, 03:22
Зиндаги мачмуаи бешу камист......
Посух
Samah 2021-01-05, 08:49
Маҷалаҳои оиларо ҳамаруза мехонам дар ин дунё ҳама бо қадри кофи маълумот дорад ё не, лекин аз руи махлумотҳо мехоҳам бо духтаре, ки дар оилаи зиёи ба воя расидааст, маълумоти тибби дорад ин гунна барои ман бештар зарур аст, аммо аз руи кофтукоб барои ман ягон духтари мехостагиям пайдо нашуд. Агар дар кадом гушаи канори ҷумҳури пинҳон бошад ин лаҳза вақти баромаданатон шудааст, аз гапи пешаки тавба бовари дорам, ки хушбахт карда метавонамаш, синусолам 35-сола ҷои кор хона дорам ва оилаамро, низ ба ҷои кор таъмин карда зинадагиро якҷоя мегузаронем.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД