СИТОРАХОИ ТЕАТР
Асрори зиндагии “Аҷузкампир”
978
1

 

Даричаи ошноӣ
Ному насаб: Асалбегим Саодатова

Касб: Ҳунарпешаи театр ва кино, яке аз созмондиҳандагони театри “Ҷавонон” ба номи Маҳмудҷон Воҳидов.
Маълумот: олӣ, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва, ба номи А.В. Луначарский.
Нақши беҳтарин: Аҷузкампир аз намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон, Алифбо!”

-Замони шӯравӣ телевизион як намоишномаи аҷиби кӯдакона дошт, ки “Алифбоҷон, Алифбо” ном дошт ва шумо дар он нақши Аҷузкампирро бозӣ мекардед. Кӯдакон шуморо дар кӯча бинанд, наметарсиданд?  

-Кӯдакони кӯчаи худамон маро дидан баробар “Аҷузкампир омад, гурезед, ки ҳозир қапида мебараду мехӯрад” гӯён, мегурехтанд. Модаронашон бо завқ хандида, онҳоро ором мекарданд, ки натарсед, ин холаатон аст, вай шуморо намехӯрад...

-Фарзандонатон аз он ки нақши Аҷузкампирро бозӣ мекунед, норозигӣ намекарданд?

-Як рӯз вақти писарамро ба боғча бурдан, гиря карда, зорию тавалло кард, ки дигар Аҷузкампир нашавед. Сабабашро пурсидам. Писарам сарашро хам карда гуфт: “Ҳама маро бо ангушташон ба якдигар нишон дода, бачаи Аҷузкампир мегӯянд!” Як рӯзи дигар писарам аз дарвоза баромада рафтанӣ мешаваду кадом як корманди боғча инро дида дод мезанад, ки ҳамон бачаро гардонед. Дарбон кадом бачаро гуфта пурсад, мегӯяд, ки бачаи Аҷузкампирро. (Механдад)

-Ин гапҳоро шунида хафа намешудед?

-Баръакс, хурсанд мешудам, ки нақши ман дар дили мардум маъво гирифтааст. Акнун фарзандонам ба камол расида, одамони ҷиддӣ ва соҳибкасб шудаанд. Писарам дар Русия кор мекунад. Рӯзе бо як тоҷик вомехӯрад ва суҳбати ҳардуяшон қӯр мегирад. Писарам модари ман актрисса гуфта, бо ифтихор номи моро мегирад, вале намешиносам гӯён ҳамсуҳбаташ китф дарҳам мекашад. “Ман писари Аҷузкампир” гуҷфта писарам табассум мекунад. Ҷавон ҳам хандида гуфтааст, ки замони кӯдакиам аз Аҷузкампир мурданивор метарсидам.

-Ҳамсаратонро дӯст дошта хонадор шудед?

-Дар давраи донишҷӯиямон байнамон муносибатҳои ошиқона набуд. Танҳо баъди ба театр ба кор омадан ба ҳамдигар дил баста, риштаи тақдирамонро пайвастем.

-Шумо зану шавҳар ҳарду одамони машҳур ҳастед. Зиндагиатон шоҳона мегузаштагист?

-Театр ягон вақт пул надошту надорад. Ҳар чизе, ки Худованд ба мо ризқу рӯзӣ дода бошад, ҳамонро мехӯрем.

-Аксари ҳунармандони хориҷӣ бо вазидани шамоли бозсозӣ ба бизнес сар карданд ва даромади хуб ҳам мегиранд. Кӯшиш накардед, ки ягон бизнеси оилавӣ кушоед?

-Ҳунарманди асил ҳеҷ вақт савдогар шуда наметавонад, барои он ки пул ва санъат ду чизи комилан мухталиф ҳастанд. Ба ишқи пул гирифтор шуда, инсон метавонад тамоми муқаддасоти оламро аз ёд барорад, барои ҳамин ман ҳеҷ гоҳ аз паси сарвату боигарӣ надавидаам ва давиданӣ ҳам нестам.

-Кадоме аз фарзандонатон роҳи шуморо пеш гирифтанд?

-Ман ду писар дорам, вале ягонтоашон роҳи моро интихоб накарданд. Замони ҷавонии мо театр як макони муқаддас буд ва одамон аз наздик дидани актёрҳоро орзу мекарданд, аммо бо мурури вақт замона дигар шуд ва назари мардум низ тағйир ёфт.

-Агар имрӯз намоишномаи “Алифбоҷон, Алифбо”-ро эҳё намуда, аз Шумо хоҳиш кунанд, ки боз нақши Аҷузкампирро бозӣ кунед, розӣ мешавед?

-Ман бо ҷону дил розӣ мешудам, чунки кӯдакон торафт аз олами афсона дур шуда истодаанд. Дур намеравем, набераи ман, ки нав чорсола шудааст, аз боғча омада ба ҷойи кӯдакона давутоз кардан телефонро ба даст мегирад ва соатҳо аз экран чашмашро намеканад. Мабодо ӯро тарсонданӣ шуда, Аҷузкампир туро мехӯрад гӯям, бепарвоёна даст афшонда мегӯяд, ки ин гапҳо ҳамааш афсона асту ягон хел Аҷузкампир вуҷуд надорад. Албатта аз технологияҳои муосир бохабар будани кӯдакон хуб аст, вале онҳоро аз афсона набояд дур кард. Афсона кӯдаконро бо баду неки дунё ошно карда, бовар мекунонад, ки некӣ ҳамеша ғолиб меояд. Афсона бачаҳоро дар руҳияи одамгарӣ тарбият мекунад.

-Ба мухлисони ҳунаратон чӣ таманно доред?

-Орзуманди он ҳастам, ки мардуми тоҷик ба Ватани худ, ба миллати худ ва ба оилаи худ содиқу вафодор бошанд.

Сӯҳбаторо: Маҳинаи Давлат

 

 

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(1)
12345 2019-06-18, 18:43
Ман мехохам хамеша аз кору зиндагии хунармандонеки нафакахуру аз сахна дуршудаанд бисёртар маьлумот медодед бисер хуб мешуд чунки ин сомона ва газетаи шуморо хама мутолиа мекунад.
Посух
Шарҳ