ҚИССАҲОИ ОИЛА
Арвоҳзада
14.05.2019
Дилошӯб
178
0

 Имрӯз дар растаи нонфурӯшону дар мағозаю рӯи хони мардум анвои гуногуни хӯрданӣ, аз ҷумла қурси хуршедию хушбӯи нонро дида, ёдам ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ меравад, ки мардум ба хотири як пора нон тайёр буданд якдигарро зери мушту лагад гиранд.

Дар деҳот одамон аз гуруснагӣ ба ҷои гандум, зироатҳои ҳархеларо аз алафҳои бегона тоза накарда мехӯрданду заҳролуд шуда, варам мекарданд ва бо садҳо дарду ранҷ ҷони ширинашонро ба ҷонофарин месупурданд. Дар ҳамон айёми сахту вазнин ҷони мардумро аз гуруснагӣ ёрии башардӯстона раҳонд, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон чун давлати ҷангзада фиристода мешуд. Ҳар ду-се моҳ ин ташкилоти бонуфуз ба мардум маводи озуқаворӣ меоварданд, ки бояд ба ятимону бепарасторон дода мешуд, вале дар ҳамон айёми кулфатбор ҳам ашхосе ёфт мешуданд, ки аз нони даҳони беваю ятимон ва пирони барҷомонда мезаданд. Ҳодисае, ки дар зер меорам, ҳамон солҳо рӯй дода буд ва дербоз мехостам онро рӯи коғаз биёрам…

Раиси лабкашол

Касофати ҷанг то ба деҳаи дурдасти Зарқабо расида буд. Ин деҳаи оддияки назарногир майдони ҷанг нагашта бошад ҳам, гуруснагию қашшоқӣ чун дуди сиёҳ ба хонаҳо сар халонда, мардуми камбағалро маҳзун намуда буд. Аксари раисони машҳуру пуштибонони мардумро силоҳбадастон кушта буданд ё онҳо гуреза шуда ба Афғонистон рафта буданд, аз ҳамин сабаб Пириро раиси деҳаи Зарқабо интихоб намуданд. Номи раис аслан Пирмуҳаммад буд, вале аз хурдӣ мардум ӯро Пирӣ мегуфтанд. Раиси нав лабҳои ғафси кашол дошт ва бонувони шӯх дар ғайбаш ӯро «лабкашол» меномиданд. Пирӣ савори «Москвич»-и куҳнаи шаллақаш, ки дар деҳа ягона нақлиёт ҳисоб мерафт, бо кару фар мегашт ва занони шӯхи деҳа, ки ҳатто ҷанг ҳам натавонист зевари зарофатгӯиро аз онҳо рабояд, аз пасаш нигариста ин байтҳоро замзама мекарданд:

Дунё, ки ба дасти нокасон розӣ шид.

Қозиё мурданду лабкашол қозӣ шид.

Дар Заринқабо бӯи бушол афтодай.

Раисӣ ба дасти лавкашол афтодай…

Ин шӯхиҳои занҳо ба гӯши Пирӣ расанд ҳам, худашро бепарво нишон медод, вале дар дил кина гирифта мегашт.

 «Ҳотами Той»
Созмони Милали Муттаҳид барои мардум ёрии башардӯстона овард ва чун Пирӣ раис буд, маводи хӯроквориро дар хонаи ӯ фароварданд. Намояндаи созмон бо мардум во хӯрда гуфт, ки мақсади ташкилот пеш аз ҳама ёрӣ расондан ба беваю бечора ва ятимону пирони барҷомонда аст. Мардумро рӯйхат карданд, дар навбати аввал беваю ятимонро гузоштанд, вале баробари аз дарвоза берун шудани намояндаи ташкилот Пирӣ қонуну қоидаи худро ҷорӣ карда гуфт:

-Бо навбат омада ҳақатонро мегиреду аз сари ҳар халтаи орд як кило, аз сари ҳар кило шакару биринҷ ва равған як пиёлагӣ ҳаққи маро медиҳед!

Мардуми аз дидани даҳшати ҷангу гуруснагӣ ба даҳшат афтида дарҳол розӣ шуданд, танҳо Моҳбӣ эътироз намуда овоз баланд кард:

-Ману апаам ҳардуямон беваем, шаш ятимро нигоҳубин мекунем, бар замми ин модари пирам бемор аст. Ба умед нашавед, ман ягон пиёла равған ё ордамро ба шумо намедиҳам, раис!

Ин гапгардонии беваи камбағал қаҳри раисро оварду бо ғазаб Моҳбиро як лагад зада ҳақорат дод:

-Э дар гӯри падарат б…. беваи паъат!!

Моҳбӣ гирякунон дасти писаракашро гирифта аз ҷояш хест ва рӯ ба осмон оварда дуо кард:

-Падарҷон, ман ин лабкашолро ба арвоҳи ту месупорам, ҷазояшро деҳ!    

Мардум як қад парида гиребон гирифтанд, зеро хурду калони деҳа хуб медонистанд, ки ин дуо раисро ба ягон шикасти сахт гирифтор месозад, зеро падари Моҳбӣ суфӣ ва донандаи хуби илми илоҳӣ буда, ҳеҷ гоҳ ҳаққи мардумро намехӯрду аз назаркардаҳои Худо ба шумор мерафт. Даму нафаси раҳматӣ бисёр зӯр буд ва ба тамоми бемориҳо фоида мекард. Бемордорон борҳо ба хонааш гову гӯсфанд бурда бошанд ҳам, суфӣ қабул накарда даму дуояшро дар роҳу ризои Худованд мебахшид. Қисме аз занҳо аз муносибати бераҳмонаи раиси лабкашол бо духтари суфӣ ғамгин шуда, аз баҳри гирифтани ёрии башардӯстона гузашта, аз паси Моҳбӣ аз дарвозаи Пирӣ баромада рафтанд, бархи дигар барқасди раис ҳаққи Моҳбиро низ гирифта ба хонааш бурданд. Бегоҳ фазои деҳаро бӯйи нони гарм фаро гирифт, ки накҳати зиндагӣ дошт, аммо…

    Сели бало
Дар хонаи Пирӣ он шаб базм буд. Дар анбораш даҳҳо халтаи орду халтаи шакар ва бочкаҳои равғане меистоданд, ки аз мардуми камбизоат чун ҳақ гирифта буд, вале табъи зани раис Зиккамоҳ гирифтаю қошу қавоқаш овезон, малулу сархам барои ҷӯраҳои шавҳараш кабоб мепухт. Бӯйи хуши гӯштбирён иштиҳоро қозгир намояд ҳам, аз гулӯи Зиккамоҳ чизе намегузашт, зеро аз оқибати дуои Моҳбӣ метарсид. Ба се писараки зебо ва духтараки ягонааш нигариста дили зани раис об мешуд ва аз дил мегузаронид, ки кош дуои Моҳбӣ ба сари шавҳари ҷоҳилаш занад, на ба сари фарзандони дӯстрӯякаш.

Фасли тобистон бошад ҳам, шаб якбора дар осмон абрҳои сиёҳ пайдо шуданд ва аз осмон қатра-қатра борон омад. Дар байни чанд дақиқа борон шиддат гирифта ба чунон сели балое мубаддал гашт, ки қариб нисфи деҳаро шуста мебурд. Мардуми қишлоқ то ҷон доштанд, муқобили селборон мубориза бурданд. Офат ба ягон оила хисорот наовард, танҳо анбори ба тозагӣ бино намудаи раис ба замин фурӯ рафта тамоми орду равғану шакари аз бенавоён гирифтааш зери хоку лой монд. Саҳар мардум ҷойи анбори ба вайрона табдилёфтаи раисро бо белу каланд кофтанд, вале халтаҳои кафидаи шакару орд ва қуттиҳои пластикии равғанро гӯё замин фурӯ бурда бошад, осоре намонда буд. Мардум гиребони тавба дошта, ин сели балоро натиҷаи ранҷидани арвоҳи бобои Сӯфӣ донистанд ва пул ҷамъ карда, оши худоӣ доданд. Раис дар худоӣ иштирок накард, аммо занаш Зиккамоҳ пинҳонӣ як дег оталаи Худоӣ пухта ба ҳаққу ҳамсояҳо тақсим кард ва шукр мегуфт, ки сели бало ба фарзандонаш зараре нарасонд. Бечора занаш аз куҷо медонист, ки…

Мусибат
Мардум даҳшати сели балоро фаромӯш накарда буданд, ки дар деҳа хабари нав паҳн гашт-Азими бачаи раис аз болои дарахти зардолу афтидаасту ҳолаш бад аст. Бегоҳи ҳамон рӯз писари зебои понздаҳсолаи Пирӣ ҷонашро ба ҷаббор супорид. Мардуми ғамзада дар сӯги ҷавони бегуноҳ хуни тар мегиристанд ва ҳатто баъзеҳо Моҳбиро гунаҳгор мекарданд, ки раисро дуои бад кард, аммо тақдирро тадбир набуд.

Пас аз додани чили писараш Зиккамоҳ аз шавҳараш хоҳиш кард, ки сари гӯри бобои Сӯфӣ рафта бахшиш пурсад, вале раис аз асп фуромада бошад ҳам, аз узангу нафаромада ба сари ҳамсари ғамзадааш фарёд зад:
-Ҳамин қадар ҷавонмардро дар ҷанг бо фармони беваи Моҳак ва падари кайҳо хоку туробгаштааш куштанд?!
Зиккамоҳ ба ёди ҷигарбанди гумкардааш хун мегирист ва дар дилаш тарси олуда ба дард ҷой дошт. Дере нагузашта аз он чи метарсид ба сараш омад ва Насимҷони 13-солааш аз болои пул ба об афтида гарданаш шикаст. Бачаи бечора чил рӯз рӯи ҷогаҳ беҳушу беёд хобида мисли бародараш ҷавонмарг шуду фиғони модари зораш синаи фалакро шикофт. Зиккамоҳ дар сӯги ду писари гул барин зебояш чунон бо алам нола мекард, ки дили санг ҳам аз шунидани фиғону нолааш ба дард омада об мешуд.

Узри гуноҳ
Пас аз ба хок супоридани писари дуюмаш Зиккамоҳ ба Пирии маҳзуну ғамгин аҳмият надода, худаш як танӯр кулча пухта ба хонаи Моҳбӣ рафт ва бо гиряҳои сӯзон аз бевазан хоҳиш намуд, ки то сари гӯри падараш ӯро ҳамроҳӣ кунад. Моҳбӣ Зиккамоҳро ба оғӯш кашида зор-зор гиристу гуфт:

- Зиккамоҳи ҷон, агар номи писаронатро ба забон гирифта бошам, забонам сӯзад! Пирӣ маро заду касе ба ҷуз ду-се зан пуштибониям накард, аз бекасиям хориям омада арвоҳи падарамро ба ёрӣ хондам. Маро бубахш! Мехостам дар забони шавҳарат захме барояд, ки гап зада натавонад, аз куҷо медонистам, ки ин хел мешавад?! Писаракони ту чӣ гуноҳ доштанд, ки Худованд касофати падарашонро ба сари онҳо зад?!
-Медонам, Моҳбӣ, ки бачаҳои ман гуноҳ надоштанд, вале шояд ҷони ҷавони онҳоро рабуда офаридгор ба дили падари бераҳмашон корд задан хоста бошад. Раҳматии падарат ғайри ду духтар чизе надошт, аз ин рӯ туро аз он дунё ҳам бошад, пуштибонӣ мекунад, аз ҳамин хотир захмро на дар забон, балки дар ҷигари Пирӣ гузошт,-оҳи сард кашид зани мотамзадаи раис.
Он рӯз сари гӯри хоксоронаи бобои Сӯфӣ Зиккамоҳ бо дард гириста ба ҷойи шавҳараш узр пурсид….

 Анҷом
Имрӯз Зиккамоҳ писари ягонаашро хонадор карда, соҳиби келин аст, духтаракаш низ кайҳо соҳиби хонаю дари обод гаштааст. Моҳбию апааш Шоҳбӣ бо азоби зиёд фарзандони ятимашонро ба воя расонида, зиндагии тинҷу осуда доранд. Ятимаконашон ҷавонони худотарсу меҳнатӣ ва баномусе гаштаанд. Сини Пирӣ акнун ба шаст расида бошад ҳам, ғами писаракони ғӯрамаргаш ӯро ба мӯйсафеди садсола мубаддал сохтаанд.

Ин дунёи бекарон қонуну қавоиди нонавиштаи худро дорад, ки танҳо раҳму шафқату муҳаббат пояи онҳост, аз ин рӯ одамгариро дар ҳама давру замон фаромӯш кардан лозим нест. Беҳуда намегӯянд: Худозада бошу арвоҳзада не!       

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
Шарҳ