arzon replenishment
72-кас имрӯз гирифтори Covid-19 гаштанд
1659

Давоми як рӯз дар Тоҷикистон 72 кас гирифтори коронавирус шудааст. Бино ба иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон то имрӯз, 13-уми май, дар ҷумҳурӣ 801 сокини кишвар ба бемории коронавирус сироят шуда 23 кас аз ин беморӣ вафот кардаанд.

Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро табиби ҳар шахс худи ӯст.

Ҳукумати Тоҷикистон 30-юми апрел бори аввал аз сироят шудани 15 нафар сокинони кишвар ба коронавирус хабар дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД