Албатта ҳар як инсон мехоҳад дар зиндагӣ хушбахт бошад, вале баъзан бо рафтори нодурусти худ мо бо дасти хеш ба решаи ниҳоли бахтамон табар мезанем.Имрӯз мо дар бораи чанд сирри оидии оилавӣ бароятон маълумт медиҳем, ки боиси хушбахтии тамоми аҳли хонавода мегарданд.
1. Фаромӯш накун, издивоҷ кардан дигар асту ин занҷираи муқаддасро то охири умр бехалал нигоҳ доштан чизи дигар. Барои хушбахтии оилавӣ зану шавҳар бояд як умр кӯшиш карда, тамоми қуввату нерӯи худро барои нигоҳ доштани оилаи хеш аз вайронӣ равона созанд.
2. Оилаи ту ҷоест, ки он ҷо туро дӯст медоранд, мунтазир мешаванд, ѓамхорӣ мекунанд ва мефаҳманд. Пас, кӯшиш намо, ки барои дигар аъзоёни оила ҳам он макони хушбахтӣ бошад.
3. Як эроди оддии хушдоманро хушунат номида ҷанҷол бардоштан кори хатост! Дар зиндагӣ сабӯр бош. Сабру таҳаммул зевари асосии ҳар зан аст. Бонуе, ки ботинаш бо ин зевар оро ёфтааст, дар зиндагӣ комёб хоҳад шуд, аммо ҳама чиз сарҳади эътидол дорад.
4. Хушунат чанд навъ мешавад, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодияшро метавон таҳаммул кард, агар он гузаранда бошад. Аммо ҷое, ки хушунати ҷисмонӣ ҳасту туро озор медиҳанд, ин ба саломатии ту хатар эҷод мекунад, сабр ҷоиз нест, он маконро тарк намо.
5. Дар ҷое, ки барои ту дардовар аст, туро таҳқир мекунанду паст мезананд, сабр кардан хатост, ин хушунати равонист ва боз ба саломатии ту зиён мерасонад.
6. Ҳеҷ гоҳ аз фарти худхоҳӣ як маслиҳати оқилонаи пайвандони шавҳарро хушунат номида, оилаатро вайрон макун.
7. Бонуи замонавӣ бош, аммо дар оиладорӣ ба фарҳанги ҳазорсолаи миллати хеш такя намо!
8. Дар хонаводаи худ мактаби оиладорие бисоз, ки фарзандонат пайрави он бошанд.
9. Фаромӯш накун, кӯдак он чиро такрор мекунад, ки волидайнаш мекунад, барои ҳамин вақте дар назди фарзандонат суханер ба забон меорӣ, ба гуфтор ва рафтори худ диққат бидеҳ.
10. Дар назди бачаҳоят падарашонро паст назан, зеро кӯдакон ҳамеша ба падару модари хеш тақлид мекунанд. Вақте ки ту шавҳаратро дар назди дигарон паст мезанӣ, бачаҳоят ҳаимн шеваи раторро омӯхта, фардо ҳамин корро нисбати ҳамсари худ дар оила такрор хоҳанд кард. Ба фарзандони хеш намунаи хуби оиладорӣ бош, то фардо азоб накашӣ.