Суди вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноятии Юлдуз Бозорова, ҷавонзани 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиёнро ба поён расонида, Бозороваро ба 28 соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора як манбаъ аз суди вилоят хабар додааст.
Юлдуз Бозорова бо бандҳои «а», «в», «е»-и қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои куштори духтарчаи шашмоҳааш ва расонидани зарари вазнин ба саломатии ду писарчаи ноболиғаш аз ҷониби суд ба муҳлати 28 сол равонаи зиндон мегардад.
Ёдрас мешавем, ки шаби 21-уми июни соли равон Юлдуз Бозорова 3 фарзанди хурдсолашро кордборон карда буд. Кӯдакон бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуданд, вале субҳи 5-уми июл духтарчаи шашмоҳааш Ҳадиса дар шуъбаи эҳёгарии беморхона ҷон дод.
Писарони ин зан, ки яке 4 ва дигарӣ 5-сола будаанд, зинда монда, аз бемористон мураххас шудаанд.
Сабаби фарзандони худашро корд задани Юлдуз Бозорова маълум нест, вале гуфта мешавад, ки зан худро низ корд задааст, вале захм амиқ набуда, ҷароҳати сабук бардоштааст.
Ҳукми суд ҳанӯз қувваи қонунӣ пайдо накардааст, вале Юлдуз Бозорова ва наздиконаш аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии судӣ шикоят мекунанд ё не, маълум нест.