Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар Конибодом низ чун дар дигар навоҳии пахтакори вилоят ҷамъоварии пахта идома дошта, саҳмдорону ҳашарчиён барои иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта талош намуда истодаанд.
Зимни суҳбати роҳбари вилоят бо масъулини соҳа, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мутасаддиён таъкид шудааст, ки бо мақсади сари вақт иҷро намудани нақшаи истеҳсоли пахта ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ин дурри гаронбаҳо аз имконоти мавҷуда бояд мақсаднок истифода бурда шавад.Тибқи иттилои масъулин то имрӯз беш аз 4414 тонна пахта чида шудааст, ки ба 35,2 фоизи нақша